Пирӯзии шермардони диёр

  XushqdmИмрӯз дар Кохи тенниси пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо доир гашт. Дар вазни 66кг 120 паҳлавон дар сабқат ширкат варзида, қувваозмоӣ карданд. Вале ду шермарди диёр Хушқадам Хусравов ва Ёқуб Боқиев бар боқӣ чира шуда, дар сабқати ниҳоӣ ба ҳам қувва озмуданд. Дар натиҷа Хушқадам ғолиб омада, унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро оид ба ҷудо барои бори дуввум соҳиб гашта, барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ роҳхат гирифт. Ёқуб бо соҳибияти унвони ноибқаҳрамонӣ дар зинаи дуввум қарор гирифт. Маҳмадраҳим Сарахонов ва Нуроншоҳ Бодомаев соҳибони ҷои саввум гаштанд.
  Хушқадам яке аз беҳтарин ва самарбахштарин паҳлавонони имрӯзаи диёр буда, дар дохил ва хориҷи кишвар ба маротиб фатҳи майдону касби унвон кардааст. Дар соли 2015 беҳтарин варзишкори дунё дар вазни 62 кг шинохта шудааст. 11.03.2017.

Роҳи то Пойимазор кушода шуд

  SoqibuldozБориши зиёди барфе, ки ин зимистон дар диёр борид, иртиботро бо деҳоти қисмати ниҳоии ноҳия қатъ карда, мушкилоте ба сари сокинони он ҷо оварда буд. Дар тӯли беш аз як моҳ роҳ ба он ҷониб баста буда, мардум тавассути пайраҳаҳои тангу яхбаста фарсахҳоро тай намуда, пуштора маводи озуқа мекашиданд ва аз дунболи умури муҳими хеш ба марказ мерафтанд. Ягона булдозери калону коршоями ноҳия ниҳоят то ба Пойимазор расид. Ронандаи он Соқӣ Салим Султон бо ҳамли заҳамоту машаққоти якмоҳа роҳро рӯфта, дурдасттарин рустои ноҳияро аз бунбаст берун овард ва роҳро барои ҳаракати васоити нақлиёт кушод.
  Вале роҳи мошингарди баъзе аз деҳоти болоии ҷониби чап ва поёнии ҷониби рости водӣ ҳанӯз пурбарф боқӣ мондаанд. Бо вуҷуди сарозершавии моҳи марту фаросарии фасли баҳор ҳаво дар минтақа сард аст. Зимстони имсола тӯлонӣ омад ва сокинонро бо мушкилот  рӯ ба рӯ овард. Ба боғоти эшон хисорат оварда, сокинон аз камбуди коҳу хуроки чорпо шикоят доранд.

Кӯмаки бародарон ба ҳамдиёрон

  kumakpulТавре иттилоъ дорем, дар рӯзҳои сербориши моҳи феврал, ки роҳ ба Ванҷи Боло беш аз бист рӯз баста буду ҳоло ҳам як қисмати он маҳкам аст, бародарони соҳибкор Замоновҳо кӯмаки худро аз ҳамдиёрон дареғ надоштанд. Онҳо ба беш аз 90 хонаводаи деҳаи Удоб ва чандин хонаводаҳо аз деҳоти дигар кӯмаки пулӣ аз 200 то 400 сомонӣ барои ҳар хонавода расониданд, ки дар ин рӯзҳои душвор ҳама ба он ниёз доштанд. Бо ин икдом мардуми дар бунбастмонда дастгирӣ ёфта, аз бародарон сипосгузоранд.
    Бародарон Замоновҳо пас аз муҳоҷират дар Русия ба тиҷорат шуғл варзида, дар ин ҷода ба қадре муваффақ шуданд ва нафъе ба зодгоҳу диёр овардаанд. Онҳо алъон дар шаҳри Твери ин кишвар фаъолияти тиҷоратӣ дошта, коргоҳи хайётӣ созмон додаанд, ки дар он ҳамватанон касби маош мекунанд. Гузориши Баҳодури Ҷумъа.

Эълон вазъияти фавқулода дар ноҳия

  VazfavqlodaБар асари барфбории шадиди рӯзҳои охир дар ноҳия вазъияти фавқулода эълон гардидааст. Хатҳои интиқоли нерӯи барқ канда шуда, тақрибан тамоми деҳаҳои ноҳия аз рӯшноӣ маҳрум гаштаанд. Ба далели идомаи боришот ва эҳтимоли тармафароӣ корҳои тоза кардани барф дучори мушкил шуда, мавқуф гузошта шудаанд. Таҳсили хонандагони мактаб ба сабаби дар зери тӯдаҳои барф ва тарма мондани кӯдакон муваққатан манъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир боришоти барф дар ноҳия зиёд шуда, мушкилоти сангинеро ба бор овардааст.
  Тайи 17 рӯзи охир роҳи мошингард ба Ванҷи Боло зери барф монда, иртиботи заминӣ вуҷуд надорад. Баландии барф аз 2 метр бештар шуда, ҳоло низ резиши барф идома дорад. Нимароҳи рӯфта аз нав зери барфу тармаҳо ва захираи ғизои мардум кам мондааст. Мағозаву анборҳои фурӯш, тоҷирон ва аҳолӣ 20 рӯз боз бори нав, аз ҷумла маводи ғизоиро дастрас накардаанд.
  Як чунин боришотро сокинон тайи 50 соли охир ёд надоранд. Вазъ хеле нигаронкунанда буда, хатари баҳман (тармафаройӣ) зиёд аст. Дар ҳар деҳа пиронсолону маризон, занони ҳомила ва ниёзмандон ҳастанд. Бархе бояд ба сурати оҷил ба беморхона интиқол ёбанд. Аммо роҳи мошингард нест…

Роҳи мошингарди Техарв – Мудехарв барқарор гашт

  BuldozsoqiБарфрезиҳои шадид Ванҷи Болоро дар бунбаст қарор дода, барои сокинони ин минтақа мушкилоти сангинро пеши рӯ оварданд. Бо гузашти ҳафтае аз ин танҳо тавонистаанд роҳи мошингардро аз деҳаи Техарв то Мудехарв, ки ҳамагӣ 12км фосила дорад, барқарор намоянд. Қисмати бештари минтақа ҳамоно дар бунбаст қарор дошта, аз Мудехарв то Ванван ва аз Ғуҷоваст то Пойимазор роҳ баста аст. Иллати дар чунин вазъ қарор доштан камбуди васоили фаннӣ буда, ҳамагӣ як булдозер вуҷуд дошта, бо тамоми қувва дар ин муддат тавонистааст танҳо барфи зиёду тармаҳои ин фосилаи роҳро рӯбад.
  Тавре ки аён аст, марказ дар нисбати ин ноҳияи дурдаст бетаваҷҷӯҳ ва маъмурияти ноҳия беэътино буда, яке аз ақибмондатарин ва сермушкилоттарин манотиқи ҷумҳурӣ мебошад. Бадеҳист, ки зимистон дар ин ҷо сарду пурбарф мегузарад. Барои ин мебояд омода буд. Ҳадди ақал дар минтақаи Ванҷи Боло ду адад аз чунин булдозер дар ин фасл бо захираи сӯзишворӣ бояд дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошанд. Аммо ин як дона булдозери мавҷуда ҳам дар бештари маворид камбуди маводи сӯхт дошта, бо ин вазъу суръат то ба Пойимазор расидан офтоби баҳорӣ онро пешдастӣ хоҳад намуд. Гузориши тасвириро дар ин ҷо тамошо кунед.

Тармафароии мудҳиш дар рустои Сунгад

  BarfsngadВоқеан, зимистони имсола барои сокинони диёр, хусусан бар мардуми Ванҷи Боло сахту сангин омад, бориши барфи зиёд, бандии роҳҳо, канда шудани хутути барқ ва бар зами ин ҳама хавфу тармагурезиҳо… Аз пуштаҳои деҳаи Сунгад тарма сарозер шуда, сокинони деҳ ва аҳли диёрро музтариб кард. Тахминан дар соати 13:30 дақиқаи рӯзи 05.02.2017 аз тарафи рости деҳа – аз хамби (ҳамвориҷойи) Бояку нови (дарачаи) Торунзор ва аз ҷониби чапи он – пуштаи Тораставу саргаҳи Осиёб ду тарма ба поён фаромада, дар гарданаи деҳа масири худро иваз карданд. Ба нақли шоҳидон рустои Сунгад дар давоми 5-7 дақиқа зери шамолу ғубори тарма монда, мардум аз зиндагӣ умедашонро канданд.
  Ҳар ду тарма дар як вақт омада, то тагҷарии деҳа фаромаданд. Пас аз чанд муддат, баъди паст шудани садову ғубори барф ба ҳамагон (деҳа ҳамагӣ 8 хонавода, тахминан 55-56 одам дорад) маълум мегардад, ки касе дар русто осеб надидааст. Аммо ба иқтисоди хонаводаҳо хисороти ҷиддӣ ворид гашта, беш аз 21 дарахти чормағз ва се манги ҳезуми сокинон тӯъмаи тарма гардидааст. Деҳаи Сунгад шомили Ҷамоати деҳоти Рованд ва рустои пеш аз охирини водӣ мебошад. Гузориши Хилватшоҳи Маҳмуд.