Сомон барандаи медали биринҷии Tashkent Grand slam-2023 шуд

   Сомон Маҳмадбеков – барандаи медали биринҷии Tashkent Grand slam-2023 шуд.
  Имрӯз, 04.03.2023, дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кило) дар даври аввал паҳлавони мисриро шикаст дода, баъдан варзишгари Украинаро аз “сари роҳаш” бардошт.
  Сомон паҳлавон дар қисмати чаҳорякниҳоӣ (1/4 финал) бошад, ҷудокори узбек Шарофиддин Болтабоевро мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ баромад.
  Ҳамин тавр, дар даври нимниҳоӣ Сомон бо Шамил Борчашвили аз Австрия вориди рақобат шуда, бахташ омад накард ва талошашро барои нишони биринҷӣ идома дод.
  Дар ин қисмат (барои дарёфти медали биринҷӣ) Сомон Маҳмадбеков бародари дигари Шамил Борчашвили – Вачид Борчашвилиро бо маҳорати хос (вазарӣ) шикаст дод. Муборак бошад, Сомоншоҳ!
  P.S: Дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии Grand slam ситораҳои ҷудо ҷамъ меоянд ва дар ҳар вазн аз 28 то 34 (гоҳе то 50 нафар) ҷудокор барои 3+1 ҷои ифтихорӣ рақобат мекунанд.
  Сомон Маҳмадбеков ҳам имрӯз дар вазни то 81 кило бисёр хуб ҳунарнамоӣ карда, бо чор ғалаба ва як бохт барандаи медали биринҷӣ гардид.
  Яъне, ин дастоварди андак нест. Пас аз гузариши Сомон аз вазни қаблӣ (-73) ба вазни феълӣ (-81 кило) вақти зиёде нагузаштааст, аммо ӯ аллакай дар ин вазн медали биринҷии Қаҳрамонии Осиё ва инак нишони биринҷии Tashkent Grand slam 2023-ро ба даст овард.

Гузориши Хилватшоҳи Маҳмуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.