Деҳаи Роғ

  Роғ шомили ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев буда, аввалин деҳаи ҷамоат аз тарафи чапи дарёи Ванҷоб, аз ҷониби шоҳроҳи Душанбе – Ванҷ мебошад. Масофа аз маркази ноҳия то Роғ 5 км, аз маркази вилоят шаҳри Хоруғ 177 км ва аз пойтахти кишвар шаҳри дилорои Душанбе 475 км-ро ташкил медиҳад.
  Дар деҳа, ки аз чанд қисмат: Роғи Имбар, Роғи Умбар, Даштои Роғ, Дашто, Вҷск, Симрав ва Скад иборат аст, зиёда аз 160 хоҷагӣ бо нуфузи беш аз 800 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд.
  Аз муассисаҳои давлатӣ МТМУ-и №18 ва МТАУ №39 ва маркази саломатӣ, инчунин масҷиду ду-се дӯкони савдову 4 осиёб мавҷуд ҳаст. Аҳолии деҳа мардуми меҳнатқарину заҳматкаш ҳастанду ободкор, ки Роғ ном гирифтани деҳа ҳам бесабаб нест. Маҳз меҳнати софдилонаю дилсӯзонаи сокинонаш ин гӯшаи кӯҳистони тоҷикро ба гулистоне табдил додааст.
  Фарзандони фарзонаи ин деҳа дар тамоми соҳаҳо барои тараққиёту ободии Тоҷикистони азиз хизмати арзандае кардаанду мекунанд. Номи ходимони давлатии ВМКБ Сайфиддин Раҷабов, Иматшо Карамшоев, Назришо Эмомов, Раҳмониддин Раҷабов, Мирзомиддин Раҷабов, Давлатбибӣ Раҷабова, Анвар Карамшоев, Маҳмадвазир Алиев, шоираи ширин каломи тоҷик Нуқраи Суннатниё, омӯзгорони некном Муҳаббат Сайфиддинов, Гулмаҳмад Наврӯзов, Шоин Қадамов, Шомаҳмад Беков, Сайдалӣ Лайлиев, Хуршед Лаблабонов, Мурод Шоинов, Абдулло Тоймастов, Лутфулло Наврӯзов, Фирдавс Беков, деҳқонони асиле чун Эшонҷон Мизробов, Ширинҷон Донов ва Беназир Алиев ва ғайра доимо вирди забони мардуми ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ мебошад.
  Меваҳои шаҳдбораш оби чашмаҳои мусафояш боғу роғаш боиси таҳсин аст. Маҳз мардуми ин деҳа бештар маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот дохили дӯкон ва бозори марказ мегардонанд. Давлатмир Юнусзода.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.