Деҳаи Потов

  Деҳаи Потов шомили Ҷамоати деҳоти Ҷовидон буда, дар ҷониби рости Ванҷоб ҷойгир шудааст.
 Аз маркази ноҳия дар масофаи 20 км, аз маркази вилоят 185 км,  аз пойтахти кишвар 440 км дур  шаҳри ҷойгир мебошад. Деҳа хеле обод мебошад. Мардумаш мардуми меҳмонавоз мебошанд.
  Кӯдакони деҳа дар мактаби рақами 35 таълиму тарбия мегиранд. Ҳоло деҳаро бо деҳаи Ҷовидон пули хурде мепайвандад ва ба наздикӣ пули мошингузаре, ки сохтанаш қариб ба итмом аст, хоҳад пайваст.
 Номи фарзандони деҳа, ходими давлатии ноҳиявӣ Қувват Холов, омӯзгорони варзида Абдулбасир Мазориев, Муҳаббатшо Мазориев ва Маҳдия Шарипова вирди забони ҳамдиёрон аст. Маълумоти Давлатмир Давлатзода. 

Потов, Потов

Як теппаи дилписанд, Потов, Потов,
Ай Роғу Равам баланд, Потов, Потов.
Чолёби сари санги лаби ҷар тиҳист,
Тахте, ки надид газанд, Потов, Потов.
Шаҳтути дари хонаи холам пухтаст,
Чормағзу мавизу қанд, Потов, Потов.
Кас об хурад зи чашмаи шири дара,
Сармасту хаёлаш банд Потов, Потов.
Боғи Ираму равзаи Ризвони биҳишт,
Даргоҳи Худованд, Потов, Потов.
Дар ҳалқаи Ванҷи пури ганҷам нигин,
Қафқозу Дамованд, Потов, Потов.
Афсонаи деҳи Моми Зинат ба гӯш,
Модар чу мегуфт панд, Потов, Потов.
Дар сояи бед саманд, Потов, Потов,
Эй дил ту бирав даванд, Потов, Потов. Шакаршои Ванҷӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.