“Чроғчапӣ”

Чӯби буттаи суг

  Мардуми водӣ қаблан дар хонаҳои ҷойдорӣ, ки ҳоло бо номҳои “шуғнихона” ё “померихона” маъмуланд, мезистаанд. Дар асл ин навъи хонаҳо “ванҷихона” ном доштаанд, ки дар баъзе минтақаҳои Бадахшон бо ин унвон ном бурда мешуданд.
  Хонаҳо калон, иборат аз чанд дӯкон буданд, ки дар онҳо ду ва аз он зиёда хонаводаҳо зиндагӣ мекарданд. Барои равшан кардани ин хонаҳо аз чароғи худсохти ҷойдорӣ истифода мебурданд. Дар сутуни хона сурохие мешикофтанд, ки онро “сокин” меномиданд ва дар он чароғро мехалиданд.
  Зағир ва донаи гиёҳи тортеларо дар санг шакида, кунҷора мекарданд. Аз ҷангал чӯби буттаи сугро оварда, дар офтоб мехушкониданд. Онро “чрохсик”, яъне чароғсих меномиданд. Кунҷораро дар “чрохсик” печида, нӯгашро тез карда, дар сокин мехалиданд.
  Ба ҳамин тарз чароғи бисёр тайёр карда, хушконида, захира мекарданд ва дар торикиҳо хонаҳоро равшан мекарданд. Оташро ба воситаи санги чахмох дармегиронданд. Коҳи хушкро гузошта, ду чахмохсангро ба ҳам месоиданд, дар натиҷаи соиш оташпораҳо ба рӯи коҳи хушк афтода, дармегирифтанд.
  Чароғсих тадриҷан сӯхта, аз ҷониби боло зудтар мерафт ва тавозуни оташ гум мешуд ва ба яке мефармуданд, ки “чроға бгардун”, пас аз зерро ба боло гардонидан, рӯшании он боз баробар мешуд.
Даргирондани оташ яке аз мушкилиҳои мардум буд, яке оташ меафрӯхт ва ҳамсоягон аз ӯ дар зарфе оташ бурда, дар хонаҳояшон чароғу дегдонро равшан мекарданд. Оташ ҳам як “миҳтоҷи ҳамсоягӣ” маҳсуб мешуд. (Мақола бар мабнои нақли Аҳмад Сурхов – сокини деҳаи Мудехарв таҳия шудааст). 27.08.2023.

Сугзор

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.