Деҳаи Жамаг

  Жамаг яке аз деҳаҳои калон ва зебоманзари водии Язгулом буда, дар ҷониби рости рӯди Язгуломоб воқеъ гардидааст. Деҳа бо табиат ва манозири хоси хеш намои назаррабо дошта, аз деҳоти ниҳоии қисмати аҳолинишини водӣ мебошад. Жамаг дар ҳамворӣ ҷойгир буда, заминҳои кишти зиёд ва боғу дарахтзорон дошта, бо се даргов (рӯде, ки аз кӯҳ ҷорӣ мешавад) шодоб мегардад.
  Дар деҳа ҳамчунин чашмаи обаш шифобахш мавҷуд буда, анвои мухталифи дарахту растаниҳо мерӯянд. Аз меваҷот туту зардолуи ин ҷо сифати аъло дошта, дар кишвар номдор ва дар бозорҳо талабгору харидор доранд.
  Жамаг дорои 189 хоҷагӣ буда, нуфусаш 1300 нафар аст. Аз муассисот дар деҳаи Жамаг мактаби №23 ба номи Мусо Маҳмадуллоев, бунгоҳи тиббӣ, се мағозаи фурӯши молҳои зарурӣ, масҷид ва пойгоҳи мавҷпарокани ширкати Мегафон мавҷуданд. Дар деҳа феълан панҷ осиёб фаъолият доранд.
  Деҳаи Жамаг аз маҳаллаҳои Хвуйс, Цацерн, Турад, Зингаф, Пскарав, Ревшт, Паскревшт, Садан Баск, Брқабдол, Ванаг-вилай, Невҷрваг, Масил, Вазг иборат аст. Кофкуд, Ҷонад, Турхайерг, Чуши-вахтан, Туш, Пами-хед, Мерғ, Нмозга, Паск, Шиниҷнгал, Най бархе аз мавзеоти деҳа мебошанд.
  Аз ин деҳа афроди намоён, ходимону кормандони соҳаҳои гуногун баромадаанд, ки ба ҷомеа хидмати шоиста намуда, номвар шудаанд. Маҳмадулло Қирғизов (дар бораи ӯ дар ин ҷо бихонед) зодаи деҳа нахустин раиси Кумитаи инқилобии волости Ванҷ буд.
  Яке аз афроде, ки дар роҳи таълиму тарбия хизматҳои бузургро анҷом додааст, Устод Мусо Маҳмадуллоев – Аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки дар тӯли 34 сол роҳбарии мактаби деҳаро бар ӯҳда дошта, наслҳоро парвариш додааст.
  Карим Маҳмадуллоев аз зодагони деҳаи Жамаг дар солҳои панҷоҳи асри бист раёсати Шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷро ба зимма дошт. Устод Ҳайдари Кукан муаллими собиқадор, шоир ва дар улуми динӣ олим яке аз афроди фарзонаи деҳу диёр аст, ки ҳоло синнаш ба ҳаштод расидааст.
  Дар ин деҳа ду олими мӯътабари кишвар докторони илм Исмоил Раҳимӣ ва Абдулқодир Алавӣ зода шуда, ба воя расидаанд, ки дар соҳаи илм саҳми назарраст гузоштаанд.
  Муаллимони варзидаи деҳа Абдулло Абдуллоев, Гадоалӣ Сабзалиев, Абдураҳмон Шукуров, Акобиршо Мибишоев, Баҳром Суҷоатов, Маҳмадалӣ Маҳмадуллоев наслҳои деҳаро таълиму тарбия дода, ба роҳи илму маърифат ҳидоят кардаанд.
  Чароғи маърифати ислом дар водӣ Мулло Давлати Язгуломӣ аз намояндагони аҳли илму зиёи пешини деҳа аст, ки понздаҳ сол дар мадориси Бухоро таҳсили илм карда, ба зодгоҳ бармегардад. То охири умр дар водии Язгулом ба тадриси илм шуғл варзида, масҷид обод карда (ин масҷид то имрӯз боқист), қозии водӣ буд ва алъон аз ӯ дастнависҳо ба имрӯзиён ба мерос мондаанд.
  Писари Муллодавлат Хоҷадавлат низ дар Бухоро таҳсили илм карда, дар он ҷо дар мадраса мударрис мешавад ва ба сабаби бемории вабо дар шаҳри Бухоро аз олам дармегузарад. Мулло Қурбон, Мулло Абдураҳмонбек, Домулло Муҳаммадсаид уламои дин буданд. Домулло Муҳаммадсаидро ҳамчун олими муфассир дар тамоми кишвар мешинохтанд ва дар соли 2015 дар синни 58 солагӣ вафот карданд.
  Маҳмадуллобек олими дин ва хаттоти моҳир буда, пас аз барқароршавии ҳукумати шӯравӣ ходими давлатӣ (Маҳмадулло Қирғизов) мешавад. Уламои дини имрӯза дар деҳа Мавлавӣ Абдуллобек, ки дар кишвар маъруф аст, Мулло Насир, Домулло Алдарбек, Қорӣ Муҳаммадризо, Мавлавӣ Қурбон, Мулло Ғаффор, Мавлавӣ Фозил мебошанд.
  Жамаг зодгоҳи паҳлавонмардон аст. Наслҳо аз хонаводаҳои Лайлизодаҳо, Лашкарзодаҳо, Куканзодаҳо, Сабзализодаҳо, Маҳмадуллозодаҳо ва ғайра майдонҳои ҳунарнамоии диёру кишварро зеб додаву медиҳанд. Паҳлавони маъруфи диёр Раҳмон Гандумов зодаи ин деҳа аст, ки дар овони паҳлавонӣ касби шӯҳрат намуда, алъон давлати пирӣ меронад. Паҳлавонони номдори ҷумҳурӣ Карим Каримов, ки дар солҳои ахири ҳаёт вазифаи додситонии ноҳияи Файзободро ба зимма дошт ва Беҳруз Сабзалиев номбардорони кишвар дар мусобиқоти дохиливу хориҷӣ буданд.
  Шоҳмотбози маъруф Фаррух Амонатов низ зодаи ин деҳа аст.
  Деҳа бо устоҳои гуногунпеша дар гузашта ва имрӯз шӯҳратвар будааст. Усто Шахкамон аз афроди маъруфи гузаштаи деҳа ва диёр аст, ки берун аз водӣ шӯҳрат доштаааст. Ӯ устои моҳир, паҳлавони номӣ ва шикорчии машҳур будааст. Дар танумандӣ ва зури бозу дар замон ҳамто надоштааст.
  Усто Файзулло Худованд раҳмату мағфираташон кунад), устои чубӯ хонасоз, Усто Давлат Лашкаров, Усто Рабеъ, Усто Ҳусейн Шукуров (сангтарош), Усто Абдулхолиқ (устои дару тиреза), Усто Пайшанбе, Усто Абдулвалӣ дар деҳа ва водӣ шӯҳрат доранд.
  Корманди соҳибрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Баёз Гандумов дар ин деҳа ба дунё омада, ба воя расидааст. Зодаи деҳа Валиҷон Маҳмадуллоев дар тӯли даҳ сол раёсати Ҷамоати деҳоти Язгуломро ба ӯҳда дошта, сокинони водӣ ӯро қадр мекунанд. Гирдоварандаи маълумот Абдураҳмон Маҳмадуллозода ва таҳиягари матн Ашраф Акрам.

Расмҳои деҳа:


 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.