Мӯсо Маҳмадуллоев 4-уми августи соли 1936 дар деҳаи Жамаги ҷамоати Язғулом дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди анҷоми таълим дар мактаби миёна, ба Институти муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби миёнаи ба номи Фирдавсии ноҳияи Куйбишев ба ҳайси муаллим оғоз намуд. Соли 1957 ба зодгоҳаш Язғулом омада, идомаи касб кард. Соли 1960 дар мактаби миёнаи рақами 23-и деҳаи Жамаг ба вазифаи директорӣ таъин шуда, то соли 1994 (34 сол) онро ба дӯш дошт. Дар ин муддат бо чандин мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гаштааст. Аз ҷумла, соли 1968 унвони ифтихории “Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон” ва соли 1981 ба унвони ифтихории “Аълочии маорифи ИҶШС” ва чандин медалу ифтихорномаҳо сарфароз гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Устод Мусо дар таълиму тарбияи водии Язгулом саҳми арзанда доранд.
Устод Мусо Маҳмадуллоев мактаби Жамакро аз хамаи таҷҳизоти замонавӣ таъмин намуд ва шогирдҳои зиёдро тарбия намуд. Шогирхояш имрӯз барои Ватан хизмат кардаистодаанд.
Хукумати ЧТ хизмати арзандаи Мусо Махмадуллоев ба назар гирифта мактаби дехаи Жамаки нВанчро ба номи ин шахсият монданд