Деҳаи Сунгад

  Сунгад деҳачаи зебоманзаре аз деҳоти Ванҷи Боло буда, дар соҳили рости Ванҷоб воқеъ аст. Ин деҳа аз ҷониби марказ бо деҳаи Гармчашма ва аз ҷониби акс бо деҳаи Пойимазор, охирин деҳаи Ванҷ аз тарафи рости дарё ҳамҷавор мебошад.
  Сунгад бо табиати зебову меваҳои лазизу мардуми наҷиби худ маъруфият дорад.
  Дараи кушоду ҳамвори сералафи Сунгад аз дараҳои маъруфи Ванҷ буда, яке аз чарогоҳҳои асосии тобистонаи ноҳия маҳсуб меёбад, ки дар фасли тобистон чорвои майдаву калон ва аспҳоро ба онҷо ба айлоқ мебаранд. Даргови сунгадӣ низ яке аз калонтарин дарговҳои Ванҷ мебошад.

Деҳае дар бағали кӯҳҳо

  Деҳаи хушманзара, хушбоду ҳавои Сунгад дар шастуякумин километри роҳи марказ аз тарафи чапи дарёи Ванҷов ва даромадгоҳи нохия чойгир аст. Ҳарчанд, ки деҳаи Сунгад он қадар калон несту ҳамагӣ ҳафт-ҳашт буна дорад, аммо сокинонаш дар меҳмонавозӣ ва “биёву бшину лӯву ладо” қалби фарох доранд.
  Ин деҳаи бостони зодгоҳи бо маънои томаш марди асил, худораҳматии бобии Ҷивонихуб низ мебошад. Худораҳматии бобии Ҷивонихубро, ки дар мехмонвозӣ ва хушгӯию ҷавонмардӣ назир надошт, қариб ҳама сокинони Ванҷ мешинохтанду доимо аз эшон ба некӣ ёд мекунанд.Sungadeh
  Деҳаи Сунгад, ки воқеъан деҳаи сабзу хуррам ва боғу роғдорест, дар фасли баҳору тобистон дар байни долу дарахтони сарсабзу хурраму шоху панҷабароварда қариб, ки ғарқ мегардад. Аз тарафи рости деҳа даргови бузурге ҷорист, ки дар фасли тобистон ба шӯр омада, то ними фасли тирамох туғён мекунад ва барои гузаштани мошину одамони пиёдагард дарди сар ва монеаҳо эҷод мекунад.
  Даргови пуртуғёни деҳаи Сунгад аз сардараи деҳаи Сунгад, ки дар фарохӣ ва хамбиву сабзу хуррамӣ ҳамто надорад, манша мегирад. Деҳаи Сунгад аз тарафи чапи Ванҷоб, пеш аз охирон деҳаи ноҳияи Ванҷ – деҳаи Пойимазор чойгир мебошад. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.