Сангнигораи дараи поймазорӣ

  Сангнигора (петроглиф) дар яке аз дараҳои деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Ба қавли бостоншиноси ҷавон Бобомуллоев Бобомулло таърихи ин сангнигора ба давраҳои хеле қадим(а) рафта мерасад…
  Бобомулло Бобомуллоев назари илмии хешро ба Хилватшоҳи Маҳмуд чунин баён ва ирсол кардааст: “Инак, чанд мулоҳизаҳое марбут ба акс, ки мехостам онро ба шумо расонам. Сифати акс он қадар хуб набошад ҳам, ҳангоми калонтар намудан, чанд чизро мушоҳида кардан мумкин аст. Маълум аст, ки бо мақсади беҳтар бардоштани акс бахше аз рӯи санг бо об шушта шудаааст. Пеш аз ҳама қайд кардан даркор аст, ки мо ҳамаи паҳно ва ё ҳудудҳои ҳамин як санги алоҳидаро дар ин акс дида наметавонем.
  Яъне, аз эҳтиёҷ дур нест, ки ягон саҳна ва ё сангнигораи алоҳида дар поётар ва ё дар қисми рости санг мавҷуд аст, вале дар акси мо, он наомада аст. Мушкилоти дигар ин аст, болои сангро растании майдаи сафед (лишайник) гирифтааст ва хондани онро мушкил мегардонад. Аз рӯи сюжа тасвирҳои ин сангнигораро шартан ба 4 саҳна тақсим намудан мумкин аст.
  Саҳна №1. Дар саҳнаи №1 тасвири дуто одам кашида шудааст. Ҳарду одамча рӯ ба рӯ истодаанд, дурусттараш ба самти якдигар ҳаракат мекунанду дастҳояшон ба боло бардошта шудааст, мисле, ки рақс мекарда бошанд. Ҳардуи одамчаҳо ҳаракатҳои якхеларо иҷро менамоянд. Ҷинсияти (фаллос) одамчаҳо низ нишон дода шудааст. Дар боло, дар байни дасти одамчаҳо як шакли мудаввар, мисли доира кашида шудааст. Дар Тоҷикистон ин гуна саҳнаро бори аввал вомехӯрем. Дар Қазоқистон (Қаратау, Тагамли, Арпаузен), Қирғизстон (Саймалӣ-тош) ва дар Ӯзбакистон (Сармиш-сой) аз чунин саҳнаҳо мавҷуданд.
  Услуби кашидан (техника выполнения рисунка). Сурати одамчаҳо хело моҳирона кашида шудааст. Аслан, барои муайян намудани тарзи кишида шудани сангнигораҳо бештар калимаи “зада” шуданро истифода мебарем. Аммо, дар мавриди ин сангнигора маҳз калимаи “кашидан” ва ё “тарошидан” шуданро истифода бубарем, беҳтар ва дурусттар аст. (Ин ҷой агар бо забони русӣ ибрози ақида намоем, шояд фикррамонро равшантар баён мекунем, чун методҳои омӯзиши ин илм ба мо аз забони русӣ омадааст. Ин сангнигораҳо бо услуби “выбивка” яъне зада неву балки “гравировка” ва ё “прошлифовка” яъне кашида шуда, тарошида шуда ва каме суфта карда шуда, офарида шудаанд). Маҳз, ана ҳамин ҷиҳат ин сангнигораро аз миёни чандин сангнигораҳои дигар фарқ мекунонад ва хоссатар мегардонад. Аз ҷиҳати тарзи кашида шудан ба сангнигораҳои машҳури Ақҷилга (Бадахшон) монандӣ дорад.
  Даврабандӣ. Дар ҳамаи ёдгориҳои Осиёи Марказӣ, ки ин сангнигораҳо дарёфт шудаанд онҳо аз аввали ҳазораи II то аввалҳои ҳазораи I то милод даврабандӣ карда шудаанд. Бояд зикр намоям, ки сурати доира баъдан, шояд дар асрҳои миёна ба саҳна зам намуда шуда, мазмуни онро дигар кардааст. Одати кашидани нигораи нав дар болои кӯҳна ва ё зам намудани нигораи нав барои одамони қадим ин як чизи муқаррарӣ буд. Дар ҳамаи ёдгориҳои дар боло қайд намуда ин саҳна бе доира аст.
  Саҳнаи №2. Дар ин ҷо се асп як саг ва як одам тасвир шудааст, ки саҳнаи мураккабро ташкил мекунад. Ҳамаи иштирокчиёни саҳна ба як самт ҳаракат мекунанд. Одам дар даст асо дошта дар навбати худ яке аз аспонро аз паси худ бурда истодааст. Ҷинсияти аспҳо ва саг нишон дода шудаааст.
  Услуби кашидан ва даврабандӣ. Дар ин ҷой қайд намудан зарур аст, ки тасвири аспҳо нисбат ба одам ва саг моҳирона тарошида шудааст. Гумон меравад,ки тасвири аспҳо бо истифода аз асбоби нӯгаш тези фулузӣ ҳаккокӣ шудааст. Тасвири одам ва саг бошад бо санг “зада” шудааст. Аз ин рӯ, ба хулоса омадан мумкин аст, ки тасвири саг ва одам ин ҷо дар асрҳои миёна ба саҳна ҳамроҳ карда шуда, маънои онро тағйир додааст. Тасвири аспҳо қадимтар буда, ба давраи биринҷӣ мансуб мебошад.
  Саҳнаи №3. Дар саҳнаи №3 тасвири ду одам ва се буз ҳаккокӣ шудааст. Одамон бузҳоро пойда истодаанд. Саҳна пурра ба асрҳои миёна тааллуқ дорад. Дар ин замонҳо аллакай сангнигораҳо моҳият ва роли худро гум карда будаанд. Ҷиҳатҳои ҳунармандии санъати сангнигорӣ аз байн рафта буд. Ҷои онро дар ҳаёти ҷамъият дигар шаклҳои санъат гирифта буд. Мисоли равшани ин назарияро дар фарқияти байни тасвирҳои одамони саҳнаи №1 бо саҳнаҳои №2 ва №3, мушоҳида кардан мумкин аст. Ин гуна сангнигораҳо дар саросари Осиё аз ҷумла Тоҷикистон мавҷуданд.
  Саҳнаи №4. Дар ин ҷой чанд тасвирҳо менамоянд. Аммо аз сабаби паст будани сифати акс онҳоро хонда намешавад. Хулоса, ин сангнигораҳо барои таърихи мо нодир мебошанд. Эҳтимоли калон аст, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои тадқиқотӣ дар ин дара, боз ҳам сангнигораҳои бештар дарёфт намудан мумкин аст…”.

Сангнигораи дараи поймазорӣ

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.