Деҳаи Бовуд

  Бовуд деҳаи хушнамуде аз зумраи деҳаҳои Ванҷи Поён буда, пас аз маркази ноҳия ба ҷониби Ванҷи Боло ва дар зери деҳаи Одешт, пеш аз деҳаи Ҷангали Зуго дар мавзеи ҳамворе ҷойгир аст.
  Аз маркази ноҳия деҳаи Рохарв то Бовуд тақрибан ду киллометр масофа буда, онҳоро аз ҳам мавзеи Дашти Бовуд ҷудо мекунад. Деҳа дар мавзеи ҳамвор ҷой дошта, боғу дарахтзор ва заминҳои кишти ҳамвораш манзараи онро ҷолиби назар   (хусусан дар фаслҳои баҳору тобистон) гардонидаанд. Аз поёни деҳа канали Нерӯгоҳи Обӣ–Барқии Рохарв мегузарад, ки намуди он ба деҳа ҳусни мазид бахшидааст. Дар поёни он боғи зардолу ва ҷангал мавҷуд буда, дар замони шӯравӣ дар баромадгоҳи деҳа, дар ибтидои канал сарбанди бузурге сохта шуда буд, ки он ҳавзи калонеро бо ҷангалзори зебое дар атрофаш эҷод намуда буд. Басо манзараи ҷолибе дошт ва мардум аз тамошои он ҳаловат мебурданд. Инчунин дар ин ҷои зебо истироҳатгоҳи ҳукуматӣ сохта шуда буд, дар он ҳатто ҳукуматдорон аз маркази ҷумҳурӣ фароғат менамуданд. Сарвари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев ҳам муддате дар ин ҷо қарор гирифта буд. Аммо пас аз канда шудани сарбанд қариб тамоми ҷангалзор ва қисмати калони боғи зардолу ба коми Ванҷоб фурӯ рафтанд.
  Деҳа ба мисли соири деҳоти Ванҷ асосан аз ду маҳалла Ибара ва Убара иборат аст. Маҳаллаи Ибара дар навбати худ аз маҳаллачаҳои Боғак, Мазорак, Қрғано (ё Зминои Қрғано), Бари Тор таркиб ёфтааст. Маҳаллаи Убара як маҳаллаи том буда, онро маҳаллаи Ҳавсамадовҳо ҳам меноманд.
  Дар деҳаи Бовуд мактаби миёнаи рақами 16, толори варзишӣ ва ду мағоза фаолият доранд. Дар давраи шӯравӣ дар деҳаи фермаи калони комплексӣ –  автоматиконидашудаи ширӣ вуҷуд дошт, ки монанди дигар иншооти он замон танҳо бинояш ба ёдгор мондааст. Дар пушти деҳа чашмае бо номи Чашмаи Дараи Пун мавҷуд аст, ки хосияти шифобахшӣ дошта, мардум барои рафъи дарди пою буғуму дигар аъзо ба он ҷо мераванд. (Маълумот аз Баҳодур Бачабеков).
  Дар деҳаи Бовуд шахсони маорифпарвар, фарҳангсолор, варзишгарон буда ва ҳастанд, ки дар пешбурди инсоҳаҳо саҳми беандозаи худро гузоштаанд. Самиев Иқбол дар солҳои 1934 муаллим, 1935-1936 мудири маорифи ноҳия, директори мактаб ва дар ҳукумати иҷрояи ноҳия фаъолият намудааст.
 Муаллимони пешқадам ва бомаърифат Азорабеков Додарбек, Хайридинов Кӯлобӣ, Бачабеков Завқибек, Самадов Мастон, Самадов Мавлонбек ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар тарбияи насли наврас саҳми босазое гузоштаанд.
  Инчунин, дар риштаи варзиш Самадов Зиёратшоҳ – Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷудо ва самбо; Мусофиров Даллер – Устоди дараҷаи байналмилалӣ, аввалин қаҳрамони Ҷоми самбои Харлампиев дар соли 1999 (медали тилло), ҷоизадори Осиё ва чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ; Мусофиров Рамеш – Устоди варзиши Чумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷудо ва самбо; Азорабеков Варқа – Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи ҷудо ва самбо мебошанд.
  Қайд кардан лозим аст, ки аз деҳаи Бовуд Хайридинов Зайниддин, полковники милиса, соли 1991 факултаи ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И. Ленин; Маҳмадзода Ҳайдар, полковники хадамоти гумрук, соли 1993 факултаи ҳуқуқшиносии ДДТ ба номи В.И.Ленин ва соли 2005 Академияи гумруки Федератсияи Русия; Азорабеков Варқа, полковники милиса ва Авсамадов Пайшанбе полковники адлия, Мактаби махсуси ВКД ҶТ ва Олии ВКД ҶТ-ро хатм намуда, дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД ҶТ ва АНМ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Маҳмадзода Ҳайдар дар ВКД ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудаанд ва меҳнати онҳо қадрдонӣ шуда, бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудаанд, ки шоистаи таҳсин мебошад. (Маълумот аз Ҳайдар Маҳмадзода).

Бовуди ман 

Хоки гавҳарбор дорад, деҳаи Бовуди ман,
Номи нотакрор дорад деҳаи Бовуди ман.
Зодгоҳам Бовуд аст, як гӯшаи хоки Ватан,
Мардуми боор дорад деҳаи Бовуди ман.
Ҳафт пушти халки Бовуд аст, Бобои Рачаб,
Пири шӯҳратёр дорад деҳаи Бовуди ман.
Паҳлавондеҳ аст, номаш аз қадим то ин замон,
Мардуми хушкор дорад деҳаи Бовуди ман.
Бачагиям андаруни хонаи сангӣ гузашт,
Меҳри пуранвор дорад деҳаи Бовуди ман.
Менависад, Хайдараш «Бовуднома» баҳри ӯ,
Арзиши ашъор дорад, деҳаи Бовуди ман.
                                            Ҳайдар Маҳмадзода.

1 Назар

  1. Оби зулол
    Оби зулол нӯшам аз новадони Бовуд,
    Меҳроби меҳри ман шуд кӯҳу дамони Бовуд.
    Гулбоғи наврасиям ҳар лаҳза ёд орам,
    З-ин рӯ равам ҳамеша бар хонадони Бовуд.
    Хуршеди ӯ бубахшад бар ҷисми одамӣ зӯр,
    Ман мешавам тавоно з-оби равони Бовуд.
    Меҳанпарасту мушфиқ бошанд мардумонаш,
    Бикшода ҳаст ҳамеша дастурхони Бовуд.
    Мардони ӯ ҳунарманд, мардони ӯ шарафманд,
    Гаштааст пурмуҳаббат рӯҳу равони Бовуд.
    Хоҳам, ки бинам ӯро ҳамвора сабзу зебо,
    Моҳи Ватан дурахшон дар осмони Бовуд.
    Медорадам саломат оби шифои сардаш,
    Бидҳад дуои некам кампиракони Бовуд.
    Дилро ба рақс орад, ҷонро ба шавқ орад,
    Гулхандаҳои нағзи гулдухтарони Бовуд.
    Боз ой, Ҳайдари ҷон, гӯянд аҳли деҳа,
    Аз дур саҷда созам ман остони Бовуд.

    Ҳайдаршоҳи Бовудӣ

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.