Деҳаи Бунай

Bunaydeh Ванҷро деҳаҳои сабзу хуррам ва зебояш овозадор кардаанд. Ин минтақа аз 57 деҳа иборат аст. Ҳар кадомаш муҳити ба худ хос дорад. Бунай яке аз зеботарини онхост.
  «Бунай, деҳа, маркази колхози Фрунзе ва Совети қишлоқи Жовиди райони Ванҷи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ (ВАБК). Аз Бунай то маркази район 10 км, роҳи мошингард. Ахолӣ 757 нафар (соли 1976), тоҷикон. Бунай дорои мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа мебошад. Соҳаи хоҷагиаш асосан тамокукорӣ. Заминҳо аз дарёи Бунай обёри мешаванд» (Энсиклопедияи Советии тоҷик, қисми 1, саҳ. 543).
  Аз рӯи баҳисобгирии аҳолӣ дар соли 2010 шумораи аҳолии деҳаи Бунай 1782 нафар, аз ҷумла мардон 915 нафар ва занон 867 нафар ва дорои 222 хоҷагии шахсӣ будааст.
  Пеш аз он, ки андаке сайри Бунай кунем, рӯй овардем ба гуфтаи фарҳангчиёни ноҳия роҷеъ ба ин деҳаи зебо ва мардуми он: «Шахсе, ки аввалин бор ба ин мавзеъ шинос мешавад, баъди аз тангнои соҳили рости дарёи Панҷ, аз резишгоҳи Ванҷоб (Сурхсангов) баромада 12-13 км роҳ паймудан, ба маркази ноҳия, деҳаи хеле калони шаҳрчамонанди Рохарв (расман он ҳам Ванҷ ном гирифтааст) мерасад, беихтиёр эҳсос мекунад, ки аз тангнои дилгиркунандае баромада, роҳи мошингард рӯ ба сӯйи офтоббаро аз ҷойи хати ҳамон пайраҳаҳои қадимаи аҷдодӣ тӯл кашида, ба деҳаи калону зебои Бунай мерасад, ки аз маркази ноҳия 10 км дуртар аст. Аз паҳнои деҳаи нисбатан калони Бунай, ки дар ду тарафи соҳили даргови Бунай доман паҳн намудааст, сар карда, табиат гӯё тамоман дигар мешавад. Дар доманкӯҳҳои сарбафалаккашида, ки қуллаҳояшон тамоми фасли сол барфпӯшанд, талу теппа ва марғзорҳои сабзу хуррам, чашмаҳои зулол, буттаю рустаниҳо, анбӯҳи дарахтони мевадиҳанда аз қабили себ, нок, чормағз ва ғайра хеле зиёданд. Баъзе аз дарахтони чормағз умри чандасра доранд. Онҳо бешак шоҳиди воқеаҳои давраҳои охири асри миёнагӣ ва аз он низ пештар низ мебошанд. Агар онҳо забон медоштанд, бисёр саҳифаҳои ноаёни таърихи диёрро метавонистанд ба мо қисса намоянд. Ин табиати зебою дилфиреб, ки аз каноргӯшаи хеле душворгузари шаху кӯҳҳои қаламрави аҷдодӣ воқеъ буд, аз қадимулайём раззоқу ҳофизи боэътимоди аҷдодон ва авлодони мардуми Ванҷ ҳисоб меёбад. Аз рӯйи анъана, сокинони маҳаллӣ тамоми деҳаҳои аз Бунай болоро бо як унвон «Ванҷи боло» ном мебаранд» («Ванҷи ману ганҷи ман» Ҳайдаршо Пиримшоев, саҳ. 17, 18, 19).
  Шоири номдори диёрамон Мулло Ёри Ванҷӣ дар як шеъраш бо номи «Сипос» ҷавонмардии мардуми Бунайро чунин васф кардааст:
Мардони сахитабъи диёри Бунай,
Гар даст расад кунам навозиш бо най,
Дарёи саховатанду кӯҳи ҳиммат,
Доранд ҳавои лутф андар рагу пай.
Ёрӣ ба ҳузурашон забонкӯтоҳам,
Ин некиашон чӣ сон ба ҷо ораму кай.
(«Табъи оташбор» Басир Расо, саҳ. 103).
  Васфи ҷавонмардиву саховатмандии мардум аз ҷониби Ёрии Ванҷӣ боиси ифтихор аст. Вале бояд фаромӯш накунем, ки ӯ ин суханонро беш аз 150 сол пеш гуфтааст. Насли ҳозираи деҳаи Бунай бояд аз гузаштаи хеш, аз падару бобоёнашон ифтихор дошта бошанд. Хислатҳои накӯи инсонгарии гузаштагонро нигоҳ доранд. хислатҳои хешро муқоиса намудан ба амалҳои неки гузаштагону пайравӣ намудан ба эшон аз гӯшаи худшиносӣ ва хирадмандист.
  Муфтӣ – Мулло Юнуси Бунайӣ яке аз шахсиятҳои мӯътабари ин деҳа, ҳамасри Ёрии Ванҷӣ будааст. Ӯ дониши васеи динӣ, илмӣ ва ахлоқи ҳамида доштааст. Дар бораи хислатҳои накӯяш, одамгарӣва донишмандиаш қиссаҳои бешумор байни мардум ҳоло ҳам даҳон ба даҳон мегузарад. Мулло Ёр дар ҳаҷви Муфтӣ – Мулло Юнуси Бунайӣ навиштааст:
Рндоқи бнӣ мезана дар чашми сари халқ,
Кас нест, ки бо смбатавар бшканад онро…
  Сабаб чӣ бошад, ки Мулло Ёр ин шахси мӯътабар ва донишманду хушахлоқро ҳаҷв кардааст. Шояд ин ҳисси бадбинӣ набуда нишони дӯстист. Хулосаҳо бисёранд, вале дурусташ он аст, ки фаъолияти ин ду шахси мӯътабарро таҳлил намудану ба тариқи манфӣ шарҳу эзоҳ додан нишони хирад нест. Ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки он давра шахсони хату саводдор ва донишманду фозил дар деҳот ангуштшумор буданд. Ин ду шахсро нишасту сӯҳбатҳои илмиву динӣ ва ахлоқӣ бо ҳам дӯсту ҳамнишин кардааст. Аз ин хотир, ҳаҷви Мулло Ёр ғаразнок набуда, дар заминаи меҳру муҳаббат, дӯстӣ ва бародарӣ гуфта шудааст. Зеро аз ашъори Мулло Ёр маълум аст, ки ӯ аз сӯҳбати фачу ҳамнишини номуносиб канораҷӯйӣ мекардааст.
  Абдуқодири Алавӣ (Алиев) номзади илми филология буда, шоири хуб ҳам ҳаст, дар деҳаи зебои Жамак, водии Язгулом ба дунё омадааст. Дар шаҳри Москва кору зиндагӣ мекунад. То моҳи январи соли 2013 ӯро тавассути эҷодиёташ мешинохтам. Вақте, ки ба шаҳри Москва рафтаму бо ин шахси фозили диёри Ванҷ, олими нуқтасанҷ ва шоири ширинкалом шинос шудам, бо ҳам дӯстӣ пайдо кардем. Ҳангоми гашти сафар ба фурудгоҳи Домодедово баҳри гуселам омад. То фаро расидани вақти парвоз дар чойхонае, ки хизматрасонии шарқиёна дошт нишаста сӯҳбат кардем. Китоби тозанашрашро бо номи «Ашки қалам», ки беҳтарин шеърҳояшро гирд оварда буд, бо соядасти «Барои фарзанди барӯманди диёр, номбардори миллат, устоди гиромӣ– Хушқадам Холиқов тақдим мегардад. Аз муаллиф» тӯҳфа кард. Хело самимӣ бо хати зебо навишта аст. ӯ бо китоб шеъреро, ки ҳанӯз дастнавис буд, ба дастам доданд, ки чунинаст:
Биҳишти ин ҷаҳон аст, деҳи Бунай,
Ту гӯӣ, ки насимаш мекашад най.
На нози най муғаннӣ соз ҷӯр кун,
Қадаҳ лабрез кун аз бодаву май.
Дилам андар ҳавои мулки Бунай,
Ҳамегӯяд, ки як бораш кунам сайр.
Ба домону бари ин хоки зархез,
Бирустад насли Ҷамшедиву аз Кай.
Агарчӣ ғамфизо бошад маҳи дай,
Биёбӣ тухми анқо ту ба Бунай.
Тамоми чор фаслаш навбаҳор аст,
Ба Бунай файз меояд паёпай.
Хулоса, аз нишасту сӯҳбатҳои дар шаҳри Москва бо фарҳангиёни диёр доштаам баҳраҳо бардоштам.
  Нуралӣ Нуралиён яке аз шогирдонам аст. Шахси донишманд, фарҳангӣ, шеър ҳам менависад. Рисолаи номзадиаш он вақт дар арафаи дифоъ буд. Ӯ шеърҳои ҷавонони навқалами диёрро, ки дур аз Ватан кору фаъолият мекунанду шеърнависӣ ҳам шуғли онҳост тақдим кард. Мувофиқи имконият баъзеашонро дар рӯзномаи «Ватан» пешкаши ҳаводорони назм гардонидем. Овардани шеъри «Рӯди Бунай»-и Нуралӣ Нуралиён, ки дар ҳавои «Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме»-и устод Рӯдакӣ навиштаа шудааст, ба мақсад мувофиқ медонам.
Ёди он рӯди равон ояд ҳаме,
Рӯҳбахши мардумон ояд ҳаме.
Маншаи оби зулоли руди деҳ,
Аз фарози лозурон ояд ҳаме.
Руди Бунай дар ҳама фаслу замон,
Ташнагонро нӯши ҷон ояд ҳаме.
Дар баҳору поизаш чун бингарӣ,
Оби поки чашмасор ояд ҳаме,
Хуш насими зиндаруди Бунайӣ,
К-аз дара накҳатфишон ояд ҳаме.
Чун бихурди Нуралӣ, з-ин оби пок,
Шукри Яздон бар забон ояд ҳаме.
  Қаламкашони маҳаллӣ, таърихнависони мулку диёри хеш буданд. Онҳо зебогии диёр, заҳматкашон, далерон, саховатмандон, эҳсонкорон, донишмандонро васф мекарданд. Маъракаву маҳфилҳои диёрашонро зеб медоданд, суханашон вирди забони мардум буд. Яке аз чунин қаламкашон, ки тамоми умр вассофи ёру диёри зебояшро мекард, Ҷумъа Сияев буданд. Мавзӯи эҷодиёти Ҷумъа Сияев гуногун аст, вале бештар зебогӣ ва ободии Ванҷро васф кардааст. Барои тасдиқи фикрамон шеъри «Бунай»-ро мисол меорем.
Чӣ зебо дар назар симои Бунай,
Макону маскану маъвои Бунай.
Зи худ бинандаро мафтун бисозад,
Фарозу манзару дунёи Бунай.
Зудояд аз дили кас занги андӯҳ,
Бару бурҷи фараҳафзои Бунай.
Фаровон аст обаш чанд хоҳӣ
Барои сабзишу эҳёи Бунай.
Зи ҷӯши сабзаву гулҳои хушранг,
Чу бӯстон гашта сар то пои Бунай.
Бувад хоки заминаш нарму зархез,
Фаровонҳосил аст, ақсои Бунай.
Зи навъи меваи хуштамъу ширин,
Бувад пур, бингарӣ ҳар ҷойи Бунай.
Ба ёд орад Гулистони Ирамро,
Ҳамон боғи нави Аҳёи Бунай.
  Аз зебогии нотакрори деҳаи Бунай муаллифи ин китоб илҳом гирифта гуфтаам:
Агар афтад гузорат сӯи Бунай,
Шавӣ сармаст з-овози дафу най.
Дар оғӯши базеби боғу роғаш,
Хуморӣ мешавӣ бе бодаю май.
  Шахсе, ки маротибае ҳам гузораш ба деҳаи Бунай афтода бошад, кӯшиш мекунад, ки бори дигар омада, аз накҳати гулу райҳон, себаргаву садои обшорон, насими кӯҳсорон, хониши булбулон, савту сози ромишгарон, хандаи беғаши кӯдакон суҳбати ҷонпарвари пирон, хони пурнозу неъмати оростаи бонувон ҳаловат барад.
  Замини аз заҳмати деҳнишинон шодобгардидаи деҳаи Бунайи хушманзара неъматбахши сокинонаш аст. Мардумаш аз қадим ба ивази обилаи дастон, рехтани арақи ҷабин, рисқу рӯзии хешро пайдо мекарданд. Меҳнат ягона воситаи таъмини зиндагӣ дар ин русто будааст. Дар бораи таърихи деҳа қиссаву ривоятҳои бисёре аз даҳон ба даҳон гузаштаанд, ки чандон асоси илмӣ надоранд.
  Соли 2003 дар арафаи ҷашни 70-солагии ноҳияи Ванҷ муҳаррири нашрияи «Ватан» Пайшамбе Шоҳзода мусоҳибае ташкил карданд бо академик, доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов дар бораи таърихи Ванҷ. Дар мусоҳиба академик чунин гуфтааст: «Маълум аст, ки Ванҷ диёри кӯҳистон аст, кӯҳистон зимистони қаҳратуну тобистони гарм дорад. Аз ин лиҳоз, шароити объективӣ барои зиндагии одамони қадима дар ин диёр мавҷуд набуд. Онҳо дар сарзаминҳои гарм, ки иқлими мусоид доштанд, зиндагӣ мекарданд. Эҳёи кӯҳистон аслан ба солҳои наздиктар рост меояд, ки дар ин давраҳо тохтутози саҳроиён бо сарзамини тоҷикнишин авҷ гирифт. Тоҷикон бо роҳи дараҳо ба кӯҳистон ворид шуда, зиндагии худро таъсис доданд ва бо ҳамин минвол қавму забони худро нигоҳ доштанд. Дар Ванҷ низ мардуми таҳҷоӣ нестанд, ҳама аз ҳар куҷо омада, дар Ванҷ муқимӣшудаанд ва бо ҳамин роҳ Ванҷ таъсис ёфтааст» («Ватан», 4 сентябри соли 2003, № 67, саҳ. 3).
  Шахсе, ки солҳои тӯлонӣбо мардуми ноҳияи Ванҷ, сокинони деҳаҳои алоҳида кору нишасту хез кардааст, гуфтаҳои Раҳим Масовро, ки худ зодаи диёри Ванҷ аст, тасдиқ менамояд. Зеро, ки рафтору гуфтор, урфу одат, тарзи баёни фикр, андешаву тафаккур ва хислати сокинони як деҳа ба дигараш мувофиқ намеояд.
  Пӯшида нест, ки ҳангоми тохтутоз ва задухӯрдҳо шахсони ватандӯст, далеру шуҷоъ, диловару халқпарвар мавриди таъқиби забардастон гирифтор мешаванд. Зарби шамшеру ханҷар тарсончакҳоро тез аз майдони корзор мебарорад. Далерону шуҷоатмандон чун диданд, ки шумораашон кам шуд, фирор мекунанд ва сарпаноҳе меёбанд дар ҷойи нисбатан тинҷу оромтар.
  Сокинони имрӯзаи Ванҷ низ авлоди он далерону шуҷоатмандоне мебошанд, ки дар задухурдҳои нобарор муборизаро бохта, паноҳгоҳ ҷустанд дар ин диёр ва баъд муқимӣ шуданд. Ва он далерию ғаюрӣ ва шуҷоатмандию ҳимматбаландиро то ба ҳоло нигаҳ доштаанд.
  Азбаски ибтидои сукунатро ихтиёр кардан мардум дар ин диёр дар шакли пинҳону ниҳон аз бими таъқибгарон умр ба сар бурданд, ин тарс аз насл ба насл гузашта, дар ҷисм ва хуни мардум ҷой гирифт ва то ба имрӯз мутаассифона боқист. Аз ин ҷиҳат мардуми ин диёр далеру шуҷоъ, диловар, ғаюру тавоно, саховатманду ҳимматбаланд, ватандӯстанд, аммо аз чизе доимо тарс доранд ва дар ҳаросанд. Онҳо аз баёни фикру андешаи мустақил худдорӣ мекунанд, ки ҳам бар зарари худашон асту, ҳам бар зарари дигарон ва инчунин бар зарари ҷомеа ва ба оянда бештар таъсир мерасонад.
  Мардуми Бунай ҳам таҳҷоӣ нестанд. Қисми зиёдашон аз водии Вахё, муқимӣ шудаанд ва ин деҳа арзи вуҷуд кард. Онҳоро ба ин диёр дарёфти шароити мусоидтари зиндагӣ овардааст.
  Заминҳои васеъи барои ривоҷ додани зироаткорӣ, боғдорӣ, дарёчаю обҳои мусаффо баҳри обёрии заминҳои бекорхобида буттазору марғзору чарогоҳҳои барои чорводорӣ мувофиқ имконияти ривоҷ додани ҳунармандӣ дили мардуми камзамини деҳаҳои болооби Хингобро ба худ моил сохт. Онҳо аввал дар шакли даҳяккор ба мардуми деҳаи Бунай дар корҳои хоҷагидорӣ, ҷамъоварии ҳосил ёрӣ расонида, ба тиллокорӣ дар дарёи Ванҷоб низ машғул мешуданд. Тирамоҳ ҳосили ба даст овардаашонро пуштора карда, тавассути дараи Бунай ба маҳалли зисти доимиашон мерафтанд. Шиносоӣ ва робитаи хешу таборӣ ва рафту омад сабаб шуду онҳо зиндагии муқимиро ин ҷо ихтиёр карданд. Омадани гузаштагони мо ба деҳаи Бунай аз деҳаи Нусайи водии Вахё ба ибтидои асри XVIII рост меояд.
  Шуғли асосии мардуми Бунай аз қадим зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва шикор будааст. Сокинони деҳаи Бунайро лозим меомад, ки ин пешаҳоро дар шакли худистеҳсолкунию худтаъминкунӣ ривоҷ диҳанд, зеро маҳсулоти аз оҳан истеҳсолкардаи онҳо характери молӣ надошта, барои бозор истеҳсол карда намешуд. Аз ин ҷиҳат? сифати асбобу анҷоми аз оҳан сохтаашон чандон баландсифат набошад ҳам талабгорон ва харидорони бешумор дошт. Ҳеҷ набошад, маҳсулоти истеҳсол кардаи онҳо баҳри ривоҷ додани зироаткорӣ, боғдорӣ ва шикор мусоидат мекард. Он вақт бе оҳангудозию оҳангарӣ ягон намуди ҳунару ҳунармандиро ривоҷ додан аз имкон берун буд. «Истеҳсоли оҳан ё оҳангудозӣ, – менависад профессор Ҳайдаршо Пиримшоев дар китоби «Ванҷи ману ганҷи ман» – аз касбҳои қадимаи мардуми водии Ванҷ буд. Ба туфайли олимону сайёҳони тоинқилобӣ ва солҳои аввали баъдиинқилобии рус доир ба заҳмати истеҳсолкунандагони оҳан дар Ванҷ маълумоти зиёде боқӣ мондааст, ки дар асоси онҳо ин шуғли ниҳоят зарурии бобоиро нисбатан возеҳ қаламдод намудан мумкин аст. Бино ба мушоҳидаи олимони равияҳои мухталифи табиатшиносӣва таъриху мардумшиносӣ Б.А.Громбчевский, П.Е.Косяков, Н.Косиненко, Д.Н.Мушкетов, Д.Д.Наливкин, М.С.Андреев, ки дар охири асри XIX – ибтидои асри XX дар ин диёр мушоҳидаҳои илмӣкардаанд, истеҳсоли оҳан аз шуғли асосии сокинони Ванҷ ва соҳаи сердаромаду то дараҷае зарурияти иҷтимоии истеҳсолкунандагонро таъминкунанда ба шумор мерафт» (Ҳайдаршо Пиримшоев, «Ванҷи ману ганҷи ман», саҳ. 139).
  Таърихшиноси нотакрори тоҷик, алома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» оид ба оҳангудозии маҳаллӣдар ноҳияи Ванҷ овардааст: – «Шиносоӣ бо усули аз маъдан истеҳсол намудани биринҷӣ ба инсон дар бобати бо просесси металлургӣ ба даст овардани оҳан ёрӣ расонд. Оҳан дар кӯраҳо, ки ҳарорати он то 1300-14000 мерасид, гудохта мешуд. М.С.Андреев дар солҳои бистуми асри XX ҳамин гуна кӯраҳоро, ки ҳанӯз мавриди истифода буданд, дар водии Ванҷ пайдо карда буд. Барои инсони ибтидоӣба моддаи сахти ёзанда мубаддал гардидани як порча санги бешакл, яъне маъдан мӯъҷиззаосо ва пурасрор менамуд. Ин боиси пайдоиши эҳтироми махсус нисбат ба оҳангару фулузсозон ва ҳар гуна биму ҳароси хурофотпарастона гардид. Дар миёни бисёр халқҳо ин навъ муносибат то вақтҳои охир давом карда омадааст. Чунончӣ, аз он ҷумла дар баъзе районҳои Помир оҳангарон одами хеле муҳтарам ва корхонаи онҳо ҷои муқаддас дониста мешуд, мардум ба онҳо саҷда мекарданд ва пас аз ҷамъоварии ҳосили заҳмат дар оҳангархона маросими қурбонӣ барпо мегардид» (Б.Ғафуров «Тоҷикон», ҷилди 1, саҳ. 60).
  Эҳтироми самимӣ доштан нисбати устоҳои оҳангару фулузсозон дар водии Ванҷ алалхусус дар деҳаи Бунай ба ҳукми анъана буд. Мо борҳо шоҳиди қурбоникунии чорво дар назди оҳангархона ва дар лаҳзаҳои дигар дуд андохтани алафҳои хушбӯй шудаем.
  Соли 1988 Амнун Довудов, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ноҳия омада, дар деҳаи Бунай тадқиқот ва пурсишҳо гузаронид. Натиҷаашро дар шумораи № 74 (1564) аз 14 сентябри соли 1988-и рӯзномаи «Ватан» зери сарлавҳаи «Ҳунари олию беҳамтои ниёгонро зинда намоем» мақола чоп кард. ӯ менависад: «Ҳозир дар ҳар гуна адабиёт метавон хонд, ки дар гузашта дараҷаи тараққиёти касбу ҳунари мардуми Осиёи Миёна ақибмондаю паст буд. Ин даъво нисбати оҳангарӣбештар ҷой дорад. Аммо тадқиқотҳо шаҳодат медиҳанд, ки мардуми Осиёи Миёна, алалхусус тоҷикон дар ҳар гуна касбу ҳунар моҳиру пешқадам буданд. Аз он ҷумла ҳунари оҳангудозӣхело пеш рафта буд. тарзи ҳосил намудани оҳан дар Ванҷ гувоҳи он шуда метавонад.
  Барои бисёр шахсони калонсоли ноҳияи Ванҷ калимаи чиндон шинос мебошад. Чиндон – кӯраест, ки дар он аз кӯҳ оҳансанг оварда, бо лахча оҳан мегудохтанд. Лахчаро аз дарахтони арчаю ангат дар чоҳи махсус пухта тайёр мекарданд. Ин амал дар бисёр деҳаҳои Ванҷ ва хусусан дар рустоҳои Бунай, Техарв, Потов ва дигар ҷойҳо ривоҷ ёфта буд.
  Оҳангудозӣмеҳнати пурмашаққате буд. Дар вақтҳои муайян кор то 10-15 шабонарӯз беист давом мекард. Кори аз ҳама мушкил дамгарӣбуд. Дамгарҳо 10-12 кас бо навбат ҳар боре тақрибан 2 соат кор мекарданд. Дар як маротиба, дар натиҷаи 10-15 шабонарӯз дамидан дар чиндон то 2-3 тонна фулӯз ҳосил мешуд. Аҷибаш ин аст, ки дар сандон на фақат оҳан, балки пӯлод, ки дар лаҳҷаи маҳаллӣқурч (соф, холис Х.Х.) мегӯянд, пайдо мешуд.
Барои ин сандони Ванҷро беҳамто ҳисобидан мумкин аст. Ба ин хулоса шиносоӣбо маълумотҳои дар адабиётҳо буда оиди ҳосил кардани оҳан ба таври анъанавӣ(то истеҳсоли саноатӣ) дар дигар халқҳо ба ин ақида водор менамояд. Дар адабиётҳо тарзи анъанавии ҳосил намудани оҳан дар Европа, Ҳиндустон, Кавказ ва дигарҳо баён гардидааст. Дар бештари ҷойҳо ҳангоми як маротиба дамидани кӯраи оҳангарӣаз 3 то 15-20 кг оҳан ҳосил мекарданд. Фақат дар Испания, ки дар он тарзи аз ҳама тараққиёфтаи европоӣмавҷуд буд, дар натиҷаи кори 6-7 соата то 150-180 кг оҳан ҳосил мекарданд.
Ҳамин тавр фулузе, ки дар чиндони Ванҷ ҳосил мешуд, аз ҷиҳати вазн даҳ маротиба аз оне, ки кӯраҳои дигар кишварҳо медод, бузургтар буд. Аммо аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар чиндон баробари оҳан (чӯян) пӯлод низ ҳосил мешуд.
  Ҳол он ки дигар халқҳои ҷаҳон пӯлодро дар натиҷаи аз нав кор кардани чӯян ҳосил мекарданд. Дар Ванҷ бошад пӯлод дар лаҳҷаи маҳаллӣ қурч мегӯянд дар натиҷаи як бор гудохтани оҳансанг ҳосил мешуд. (Қурч ба гурӯҳи пӯлоди бисёркарбондор дохил шуда, металли ниҳоят сахт ва барои сохтани асбобҳои рӯзгор қуллай мебошад. Аз сабаби зиёд будани карбон дар таркибаш андаке карахт ва зудшикан мебошад. (Х.Х.)
  Зиёда аз 40 сол боз дар Ванҷ чиндонро намедонанд ва онҳо вайрону гум шудаанд. Устоҳое, ки дар вақташ ин коргоҳи нодирро сохта, онро ба кор дароварда метавонистанд ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Соли гузашта барои омӯхтани ин ҳунари мардуми Ванҷ дар деҳот қариб 20 рӯз гашта будам. Ба дилам майли барқарор намудани чиндон ҳамчун ёдгории маданияти тоҷикон пайдо шуд.
  Роҳбарони райони Ванҷ ин пешниҳодро пазируфтанд ва қарор карданд, ки чиндон дар гӯшаи боғи мадании район сохта шавад», – менависад олим Амнун Довудов. (Нашрияи «Ватан», 14 сентябри соли 1988, № 74).
  Ёд дорам, ки сохтмони боғи фарҳангӣдар як гӯшаи зебои маркази ноҳия оғоз гардида буд. Дар як кунҷи боғ хона-осорхонаи Мулло Ёри ванҷӣ, дар гӯшаи дигар чиндон ҳамчун ёдгории фарҳангии тоҷикон бо тарзи гузаштаю муосир сохта мешуданд. Шавқу ҳаваси муваққатии роҳбарони вақти ноҳия имкон надод, ки корҳои оғозшуда анҷом ёбанд.
  Дар адабиётҳои илмӣ ва таърихӣ Бунай дар қатори деҳаҳое номбар карда шудааст, ки мардумаш ба истеҳсоли оҳан ва сохтани асбобу анҷоми оҳанин машғул буданд.
  Дар маҳаллаи Даҳани дараи деҳа чиндони оҳангудозӣ мавҷуд будааст, ки усто Лоиқ бо нӯҳ писараш ин кори хайрро ба ҷо оварда, ба мардуми Ванҷу Дарвоз, Рӯшон ва дар гузаштаи дуртар ба сокинони деҳоти наздисарҳадии Афғонистон асбобу анҷоми аз оҳан тайёр кардаашонро мефурӯхтанд.
  Чиндони нимвайрона дар қабати коргоҳи оҳангарии усто Лоиқ то солҳои шастуми асри гузашта вуҷуд дошт. Чунин чиндон дар масофаи се километр қади дараи Бунай, дар назди кӯҳи Оҳансанг ҷойгир будааст. Он маконро Чиндонак мегуфтанд ва ҳоло ҳам номаш боқӣ мондааст.
  Дар дараи Бунай ва гирду атрофи он 32 чоҳи лахчасӯзӣвуҷуд дошт, ки солҳои пеш мавриди истифода қарор доштанд. Ба мақсади сабуктар кардани лахчакашонӣчоҳро дар арчазор сохта, чӯби арчаҳои азимҷуссаро барои тайёр кардани лахча истифода мебурданд. Маъдани кӯҳи Оҳансанги дараи Бунай бо дастрасии лахча ва наздикиаш барои истеҳсоли оҳан қуллай, вале сифати оҳан паст ва миқдораш кам будааст. Аз ин ҷиҳат бештар аз оҳансанги хушсифати мавзеи Потов истифода мебурданд.
  Аз оҳани дар хумдонҳо истеҳсолкарда, табару теша, потеша, болға, каланд, досу аррадос, корду анбур, меху наъли асп, исканаву ранда ва новак тайёр мекарданд.
  Асбобу анҷомҳои аз оҳан тайёр кардаи усто Лоиқ ва писаронаш барои худтаъминкунӣистеҳсол карда шуда, характери молӣнадошта, ба муомилот бароварда намешуданд. Ба ин нигоҳ накарда маҳсулоти истеҳсол кардаи онҳо талабгорон ва харидорони бешуморе доштааст. Талаботи мардум нисбати асбобу анҷомҳои оҳанин коргаҳнишинонро маҷбур менамудааст, ки ба истеҳсоли оҳан ва сохтани асбобу анҷоми рӯзгор бештар машғул шуда, талаботи мардумро қонеъ гардонанд.
  Дар он замон бе ривоҷ додани истеҳсоли оҳан ва касби оҳангарӣсоҳаи дигар – чорводорию зироаткорӣ, боғдорӣ, бофандагию шикор, хонасозию осиёбсозӣва заминкушоиро ташкил кардану пеш бурдан аз имконият берун буд.
  Аз ин ҷиҳат оҳангар шахси мӯътабар ва коргоҳи оҳангарӣ ҷойи муқаддас дар Ванҷ ба ҳисоб мерафт. Инро мисраи шеъри Мулло Ёри Ванҷӣ низ тасдиқ менамояд: – «Дар мулки Ванҷ оҳанчкун аз мнда боло шинамен”. Нақл мекунанд, ки Мулло Ёр ба маъракае меравад, ба ӯ чандон эътибор намедиҳанд. Оҳангарон, ки дар коргаҳ айёми тайёрии марди деҳқон ба кишту кори баҳорӣ ба сохтани каланду новаку досу аррадос машғул буданд, иззату эҳтироми атрофиён ва соҳибмаъракаро бештар бархурдор буданд. Хушқадам Холиқов.

Бунай
Бишуд дил волаву шайдои Бунай,
Ба тан бахшида рӯҳ афтови Бунай.
Чӣ меҳнаткаш,чӣ мафтун мардумонаш,
Чӣ зебоянд боғу роғи Бунай.
Садои рӯди ӯ аз дил барад ғам,
Касе истад даме дар мулки Бунай.
Зи илму ҳам зи одобшон чӣ гӯям,
Макону махзани ирфон Бунай.
Бигуфт Давлат каме андар сифоташ,
Бувад ин порае аз васфи Бунай.
Давлатмир Юнусзода

 Расмҳои деҳа:

1 Назар

  1. Зи Бунай Шашае андар чахон аст,
    Насабасле зи кухистони Вахёст,
    Зи лаълу мармару санги Бадахшон,
    Кунад эчод хукукеро саранчом!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.