Деҳаи Старғ

  Старғ яке аз деҳаҳои хушнамуди Ванҷи Боло буда, дар ҷониби рости Ванҷоб воқеъ гашта, шомили ҷамоати Рованд мебошад. Деҳа бо маҳаллоту боғу роғу марғзору дараву пуштаҳояш табиати зебову диданӣ дорад ва мисли ағлаби деҳот қисмате аз он дар ҳамворӣ ва қисме дар нишебӣ ҷойгиранд. Мавзеъҳои болоии деҳаро ҷангалҳои хору гулхору ангету кӯрт фаро гирифта, аз ҷониби поён дар соҳили Ванҷоб ҷангалҳои ангет сабзидаанд, ки дар солҳои охир дарё дар фаслҳои гармо замину ҷангалҳои ин ҷоро харобу нобуд месозад.
  Деҳаи Старғ баъди ба охир расидани деҳаи Мдехарв, пас аз гузаштани мавзеи Сангови Тутак оғоз гашта, онро даргов аз мобайн ду тақсим менамояд. Даргови Старғ яке аз калонтарин дарговҳои Ванҷ буда, хусусан дар фасли баҳор пурхурӯш аст. Оби он дар ҳама фасл софу сафед ва хунук аст. Аммо баъзан дар фасли баҳор аз маҷрои он сел мефарояд. Аз ин даргов се ҷӯйбор қисмати бештари деҳаи Мдехарви Убараро аз об таъмин менамоянд. Қаламрави деҳаи Старғ то мавзеи Мурғод тӯл кашида, аз он ҷо деҳаи Мурғутга оғоз меёбад.
  Дараи старғӣ яке аз хушманзаратарин дараҳои Ванҷ аст. Аз миёни он даргови серобу пурхурӯши старғӣ ҷорӣ аст. Дар замони пеш тавассути ин дара ба водии Вахё мегузаштанд. Ба гуфти мардум роҳи он нисбатан пурхатар, вале кӯтоҳтар будааст. Роҳбаладони пешин аз олам гузаштааанд ва мардуми ҳозира он роҳро гум кардаанд. Дар дараи старғӣ нахчир (бузи кӯҳӣ) ҳам мавҷуд аст. Дараҳои ҷониби рости Ванҷ аксаран нахчир надоранд, вале ин дара ба туфайли тӯлнокияш нахчирдор ва макони шикори шикорчиён мебошад.
  Аз маркази ноҳия то он ҷо беш аз чиҳил километр масофа аст. Старғ анқариби чиҳил хоҷагӣ дорад. Дар деҳа мактаби асосии №27 ва мағозаи фурӯши мол фаъолият доранд. Хонандагон то синфи нӯҳ дар мактаби деҳа таҳсил намуда, баъди он хонишро дар мактаби миёнаи ҳамсоядеҳа идома медиҳанд. Дар ин мактаб дар гузашта устодони номдор ва ҳоло низ муаллимони бо таҷриба кор кардаанд. Аз ин деҳаи хурд чандин шахсиятҳои шинохта дар соҳаҳои гуногун дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баромадаанд. Раиси деҳа Холинов Фотеҳ мебошад.
  Деҳа асосан аз ду қисмат: Ибари Даргов ва Убари Даргов иборат буда, Ибари Даргов ба сабаби хурдияш (аз рӯи шумори хоҷагиҳо) як маҳалла ва Убари Даргов ба ду маҳалла: Тагва ва Торва тақсим мешавад. 
  Ба қавли Ховар Холинов яке аз афроди фозили деҳа дар Ванҷ одами таҳҷоӣ нест. Ҳамаи мардуми он гурезаву паноҳанда аз дигар манотиқ мебошанд. Ҳамаи мардуми ба Ванҷ омада тоҷиканд. Дар Старғ дар гузашта ду буна будааст, яке дар Торва дигаре дар Таг. Қабилаи Торва аз аҳли Дарвозанд. Дар хунаи Торва Холу Хуҷа, Мулллодавлат (падари Ишрат), Лашкар (падари Назрулло), Орифу Солиҳ зиста, дар хунаи Таг писарони Хумор: Маҷнун (писар надоштаст), Холин (падари Диловар, Искандар, Ховар), Мирзо (падари Ширину Қирон), Тутак (падари Нушу Ҷангӣ), Сано (падари Ҷумъа, Одина, Бой), Бачагала (падари Кишвар, Таваккал, Музаффар) зиндагӣ мекардаанд. Хумор, Муллоёр, Конӣ, Набӣ бародарон писарони Ёрмаҳмад ва онҳо аз аҳли Кӯлоб будаанд. Падари Муллошариф (падари Шаъбон, Иброҳим) низ аз аҳли Кӯлоб аст, ки баъдтар ба деҳа омада, бо зане аз аҳли деҳ хонадор шудааст.
  Дар замони пеш дар деҳа се чиндон вуҷуд доштааст. Аҳли деҳ оҳанро аз дараи техарвӣ оварда, дар деҳа мегудохтаанд. Дар деҳа қалъа низ вуҷуд доштааст. Дар мавзеи Қалҳоо (Таи Ферма) боқимондаи он вуҷуд доштааст, вале онро сел бурдааст. Дар мавзеи Роғак марқади Хоҷаи Муродбахш ва дар баландии кӯҳ марқади Шойимардон мавҷуданд.
  Дар гузашта Мулло Конӣ, Мулло Шариф, Мулло Ёр, Мулло Давлат, Мулло Хол аҳли илму фарҳанги деҳ будаанд. Мулло Шарифу Мулло Ёр дар Камчаки Сағирдашт як сол дар пеши Эшони Султон таълим гирифтаанд ва бо ғалабаи ҳукумати шӯравӣ хониши онҳо қатъ гардидааст. Мулло Давлат дар Рохарв дар назди муллоҳои ванҷӣ ва Мулло Конӣ дар пеши Мулло Вазири қозӣ дар Кучаҳои Рохарв чандин сол таълим гирифтаанд.
  Дар деҳа Усто Бачагала устои моҳири табақу қошуқтарошу хонасоз гузаштааст. Усто Лавнд дигаре аз устоҳои маъруфи деҳа буда, имрӯз Кишвар, Ҷаъфар, Саъдӣ ба табақу қошуқтарошиву деворгарӣ шуғл доранд.
  Мирзо (падари Ширину Қирон) дар шеъргӯӣ маҳорат доштааст. Ӯ баёз – дафтари шеър доштааст, ки дар он беш аз сад шеър сабт будааст. Мардум бурда, хонда меовардаанд. Бори охир баёзро Рӯстами Назар (аз деҳаи Мдехарв) барои мутолиа бурда, аз ӯ Исҳоқи Техарвӣ мегирад ва баёз дасти ба даст гузашта, пас аз фавти Мирзо гум мешавад. Ба қавле охирин бор онро дар дасти Давлати Вазир дидаанд. Ба гуфти мардум чанде аз ашъори ӯро наберааш Аюб медонад. Ашраф Акрам.

Расмҳои деҳа:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.