Деҳаи Пойимазор

  Пойимазор  ё Пойи Мазор охирин деҳаи Ванҷ аз ҷониби рости Ванҷоб буда, шомили Ҷамоати деҳоти Рованд аст. Дар замони шӯравӣ ин деҳаро Чкалов номгузорӣ намуда буданд ва ҳамзамон бо пошхӯрии он ҳукумат ин ном ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Деҳаи Пойимазор дар подомани пирях (лозур)-ҳои Федченко, Кашолаях ва Хирсон мавқеъ дорад, аз маркази ноҳия дар масофаи 65 километр, аз Хоруғ-186, аз Дарвоз-180 ва аз Душанбе-507 километр дур мебошад. Баландии барф дар ин ҷо дар фасли зимистон то 2м 20см мерасад.
  Дар ин деҳа мазоре воқеъ аст, ки ба қавли мардум дар он ду авлиё бо номҳои Садру Саид мадфун гаштаанд. Мардуми диёр ин мавзеъро ба зиёратгоҳ табдил додаанд ва аз ин ҷиҳат ин деҳаро Пойимазор унвон додаанд. Имрӯзҳо зоирони ин мазор камтар назаррасанд, аммо дар замони шӯравӣ ин як зиёратгоҳи оммавӣ гашта буд.
  Шоири маъруфи диёр Абдулқодири Алавӣ ин деҳаро чунин васф кардааст:

Деҳаи Пой Мазорро! Ҷаннат-ул-маъвостӣ,
Сарзамини аҳли имон, ишқи беҳамтостӣ.
Ё нигине будаӣ андар дилӣ аҳли диёр,
Дар дили кӯҳи Бадахшон гавҳари яктостӣ.
Эй арӯси сабзпӯши навбаҳор,
Маст аз бӯи гулу бӯи баҳор.
Ҳар чӣ парвардӣ бари домони хеш,
Ванҷии гарданкашони бовиқор.

Суратҳо:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.