Деҳаи Мурғутга

  Деҳаи Мурғутга (дар лафзи мардум Мрғдга) аз деҳоти ниҳоии Ванҷи Боло буда, пеш аз деҳаи Ванван, охирин деҳаи водии Ванҷ дар ҷониби чапи Ванҷоб воқеъ буда, шомили ҷамоати Рованд аст.
   Баъди ба охир расидани деҳаи Старғ мавзеи Мрғод оғоз мегардад. Мрғод аз соҳили дарё сар шуда, мавзеи фарохеро ишғол намуда, ба боло то сари дараи Мрғод тӯл мекашад. Аз дараи Мрғод дар баҳорон даргови пурҷӯшу хурӯш ва дар тобистон ниҳоят камшуда ҷорӣ мешавад. Бештари вақт, дар баҳорон аз маҷрои даргов  сел мефарояд, ки роҳро шуста, мушкилоти зиёдеро барои мардуми деҳоти Муғудга ва Ванван пеш меорад. Пас аз ин мавзеъ деҳа оғоз мегардад. Ин деҳа манзараи ниҳоят зебое дошта, қисмаш дар ҳамворӣ ва қисмати дигараш дар баландӣ  бо анбӯҳи дарахтони бузурги чормағзу себу амрӯту туту ғайра пӯшида воқеъ гаштааст. Деҳа дорои ду даргов аст, дарговчаи дараи Мрғод ва даргови зебоманзари дараи Мурғудга. Дар пушту атрофи деҳа ҷангалҳои зиёди гулхору ангет мавҷуд буда, дар ин ҷо ҷангали кӯрт, яке аз буттаҳои нодир вуҷуд дорад. Заги Мурғудга аз мавзеоти зебои Ванҷи Боло буда, баъзан идҳои калони ноҳиявӣ дар он иҷо гузаронида мешаванд. Мавзеи Шғдо деҳаро ҳусни анҷом бахшида, раҳгузарро ба деҳаи Ван-Ван мегуселонад.
  Деҳаи Мурғудга тақрибан 80 хоҷагӣ дошта, аз маркази ноҳия то ин ҷо 52км масофа аст. Дар деҳа мактаби ҳаштсолаи №  ва мағозаи фурӯши мол амал мекунанд.
  Деҳаро  мисли соири деҳоти Ванҷ даргови Мурғудга ба ду қисмат тақсим мекунад. Қисмати аввали деҳа аз маҳалоти Тагшер ва Торва таркиб  ёфтааст. Тагшер қисмати поёни ва ҳамвори деҳа ва Торва ҷои баланд ва нишебрӯяи он мебошанд. Қисмати дигари деҳаро маҳалаи Убари Даргов ташкил медиҳад.
  Деҳаи Мурғуда аз қадим бо инсонҳои наҷибу зарифи худ дар ноҳия маъруф аст. Мардони наҷиб Тозаёр ва Сайидамир бо вуҷуди доштани пешаи муқаддаси муаллимӣ ба шоирӣ низ шуғл варзида, бо ашъору барбасҳояшон дар байни мардум маҳбубиятро касб намуда буданд. Аммо, мутаассифона, мардуми ҳозира аз ашъори эшон бу ҷуз чанд абёт чизеро дар ёд надоранд. Дигар марди наҷиби ин деҳа Бобии Бошон буданд, ба ҷуз оҳангари моҳир (табару тешаву новаку арадосу доссоз), бандбофи машҳури Ванҷи Боло (аз бузмӯ банд мебофт) ва табақу қошуқу кафши чӯбитарош будан, ба хушгапию зарофатгӯӣ дар Ванҷ машҳур буда, суханҳояш дар байни мардум ба зарбулмасал табдил ёфтаанд. Ашраф Акрам (дар таҳияи мавод Маснавӣ Ҷилонов кӯмак намудаанд).        

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.