Деҳаи Рованд

  Рованд деҳаи зебоманзаре аз деҳоти Ванҷи боло буда, дар соҳили рости Ванҷоб воқеъ аст ва бо меваҳои хуштаъми боғзораш, бо сабзавоти босифати заминҳои ҳосилхезаш дар ноҳия шӯҳрат дорад.
  Рованд баъди деҳаи Ғӯмаст, пеш аз деҳаи Гармчашма, дар муқобили деҳаи Старғ қарор дошта, аз маркази ноҳия деҳаи Рохарв то он ҷо чилуҳафт километр масофа аст. Ин деҳа аз 35 хоҷагӣ иборат буда, нуфузаш тахминан 500 нафар аст. Рованд шомили ҷамоати деҳоти Рованд буда, идораи ҷамоат дар онҷо воқеъ аст ва маркази ҷамоат маҳсуб мешавад. Дар деҳа инчунин мактаби нӯҳсолаи №26, хонаи маданият, нуқтаи алоқа мавҷуданд. Раиси деҳа Гавар Ҷаваров мебошад.
  Маҳалоти деҳа Ровани Тор, Қалъа, Ровани Таг, Ҷӯгнӣ мебошанд. Қалъа дар замони пеш аз шӯравӣ қароргоҳи мир буда, дар он ҷо мирохӯр менишастааст(номи мирохури охирон Сфедак будааст). Дар маҳалаи Ҷӯгнӣ бошад, бо сабаби доштани заминҳои калону фарохаш мусобиқаҳои ҷавгонбозӣ мегузаронидаанд ва ин муҷиби чунин ном гирифтани маҳала гаштааст.
  Ин деҳа бо доштани паҳлавонони гӯштингири худ чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони ҳозира шӯҳратдор буда, паҳлавонони он шаъну эътибори диёрро ҳифз ва афзун намудаанд. Бар замми паҳлавонон олимон ва ходимони соҳаҳои гуногуни ин деҳа хизматҳои намоёнеро ба нафъи ҷомеа анҷом додаанд. Ашраф Акрам (дар таҳияи мавод Гавар Ҷаваров кӯмак намудаанд).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.