Деҳаи Узбай

  Узбай аз деҳоти Водхуд буда, дар иртифоъ аз шоҳроҳ воқеъ гаштааст. Дар деҳаи Узбай наздики 20 хоҷагӣ истқомат мекунад. Шуғли асосии мардумаш деҳқонӣ, сабзавоткорию боғдорӣ ва чорвопарварӣ аст. Кӯдакони деҳа таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби ибтидоии №43-и деҳа мегиранд.
 Узбай аз гузашта зодгоҳи олимону орифони донишманде чун Мулло Шафеъи Кӯҳистонӣ, Муллорафеъ – аввалин вазири маорифи Тоҷикистони мухтор, Муллодӯст, Домулло Акрам, Домулло Яъқуб, файласуф Комил Бекзода ва ходими ҳизбию давлатии ВМКБ Маҳмадулло Абдуллоев мебошад.

Мактаби ибтидоии №43

  Мактаби ибтидоии №43 (Муассисаи таълимоти ибтидоии умумии №43)-и деҳаи Узай солҳои 40 асри гузашта ба фаъолият оғоз намудааст.
Бек Иззатов аввалин муаллим ва мудири мактаб буд. Баъдан Абдулло Раҳматуллоев, Бунафша Абдуллоева, Аҳтам Акрамов, Акбар ва Анвар Назришоевщо, Раҳматихудо Бодуров, Авзалшо Назришоев, Амонбек Маҳмудов ва Масодиқ Аблулодиев кор ва фаъолият намудаанд.
Шогирдони ин мактаб файласуфи шинохта Комил Бекзода, устоди варзиш Аҳмад Бекзода, муҳандис Назриалло Бодуров, рассом Маҳмадкарим Рафиқов ва полковник Назмишо Назришоев дар миқёси ҷумҳурӣ маълуму машҳуранд. (Маълумоти Давлатмир Давлатов).

Расмҳои деҳа:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.