Баёз Гандумов

  Баёз Гандумов соли 1965 дар деҳаи Жамаги ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1982 маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи Крупскаяи шаҳри Кофарниҳон гирифта, соли 1983-1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Соли 1986-1989 курсанти Омӯзишгоҳи милитсияи шаҳри Душанбе. Солҳои 1989-1990 дар Шӯъбаи корҳои дохилии Иоҳияи марказии шаҳри Душанбе кор кардааст. Соли 1990 бо фармони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба шаҳри Роғун ба кор таъин шуда, то декабри соли 1992 дар Шӯъбаи номбурда кору фаъолият доштааст. Аз сабаб нотинҷ шудани вазъияти Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ба ноҳияи Ванҷ меояд.
 Соли 1993 ба Шӯъбаи  корҳои дохилии ВМКБ аз нав оғози кор намуда, баъди як сол бо фармони шӯъбаи корҳои дохилии ВМКБ ба ноҳияи Мурғоб ба ҳайси сардори шӯъбаи паспортдиҳӣ таъин шуд. Соли 1995 ба вазифаи сардори Шӯъбаи кофтуковӣ, ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоб гузаронида мешавад. Июни соли 2001 Б.Гандумовро ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ даъват карда, ба вазифаи мудирии шӯъбаи кофтукови ҷиноятӣ таъин намуданд. Аз моҳи январи соли 2003 подполковник Б.Гандумов чун корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ВМКБ дар вазифаи муовини сардори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати ВМКБ кору фаъолият дорад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.