Обид Ҷебов Қаҳрамони “Grang Prix” шуд

  Мусобиқаи бонуфузи ҷудо “Grang Prix” аз 1 то 4 июни соли 2023 дар  Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 500 варзишгар аз 45 кишвари олам ширкат доранд ва дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавони диёр Обид Ҷебов барандаи медоли тиллоии “Grang Prix Dushanbe-2023” гардид.
   Обид дар вазни 66 кг бо пирӯзӣ бар ҳарифон дар сабқати ниҳоӣ бо паҳлавони маъруф Мурод Чапанов ғолиб омада, медоли тилоии сабқатро бар гардан овехт. Обид Ҷебов аз тарбиятдидаони бошгоҳи ҷудои “Морӣ”-ии бародарон Маҳмадбековҳо буда, дар кишвари Русия дастовардҳои зиёд дошта, баъдан ба дастаи бошгоҳи “Ҳоҷӣ Шариф” гузашта, таҳти тарбият ва устодии Эргаш Маҳмадбеков ба ин комёбӣ расид. Обид Ҷебов зода ва тарбиятдидаи макотиби варшишии Русия буда, алъон узви дастаи варзишии Тоҷикистон аст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.