Сомон Маҳмадбеков Қаҳрамони “Grang Prix” шуд

  Мусобиқаи бонуфузи ҷудо “Grang Prix” аз 1 то 4 июни соли 2023 дар  Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 500 варзишгар аз 45 кишвари олам ширкат доранд ва дар рӯзи дувуми мусобиқа паҳлавони маъруфи кишвару диёр Сомон Маҳмадбеков барандаи дуввумин медоли тиллоии “Grang Prix Dushanbe-2023” аз Тоҷикистон гардид.
  Сомон Маҳмадбеков дар қувваозмоии ниҳоӣ ҳамватани хеш Шодмон Ризоевро шикаст дода, медали тиллои мусобиқаро ба гардан овехт. Сомон аъзои бошгоҳи ҷудои “Морӣ”-ии бародарон Маҳмадбековҳо буда, ҳоло узви дастаи бошгоҳи “Ҳоҷӣ Шариф” ва дастаи мунтахаби ҷудои кишвар буда, ҷумҳуриро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.