Лиқо шоири ошиқ

  Адабиёти асри Х1Х – ибтидои асри ХХ бо ҳама бешу камаш дар таърихи адабии тоҷик нақши муассиреро аз худ ба ҷо гузоштааст ва бояд гуфт, ки хизмати намояндагони ин адабиёт, забони адабии ин давраи муайяни таърихӣ, баъдан соли 1924 зимни ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон барои муайян намудани забони матбуот, адабиёт, забони Тоҷикистони Шӯравӣ нақши муҳимеро бозидааст, забони адабии имрӯзаи тоҷик маъво аз ҳамин давраи муайяни адабӣ гирифтааст.
  Хотиррасон бояд намуд, ки ин давраи муайяни адабӣ дар адабиётшиносии даврони Шӯравӣ кам омӯхта шуда, ба хусус ҳавзаҳои вилоятҳои кӯҳистони тоҷик, ки адабиётшиносон, муҳаққиқони шӯравии тоҷик ба ин доираҳо «маҳаллӣ» ном монда буданд, бисёр кам омӯхта шуда, ба ҷуз ҳавзаҳои ба ном «марказӣ» – Самарқанд, Бухоро,Тирмиз намояндагони ин ҳавзаҳо ҳатто ба барномаҳои мактаби миёна дохил карда намешуданд.
  Ҳол он,ки фикр мекунам, ки ин тақсимотбандии муҳаққиқони шӯравии тоҷик оиди ҳавзаҳои маҳаллӣ номгузорӣ намудани доираҳои адабии Дарвоз, Бадахшон, Раштон, Кӯлоб, Ҳисор, Зарафшон то андозае номуносиб буда, ин доирахои адабӣ ва ин мулкҳо ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам адабӣ то охирҳои солхои 70-уми асри Х1Х – замони истиллои Осиёи Вусто аз ҷониби импературии Руссия сарзаминҳои мустақил буда, тобеъи аморати Бухоро набуданд.
  Фаромӯш набояд кард, ки доираҳои адабии зикрашон дар боло рафта, ки аксаран дар Бухорои Шарқӣ (Тоҷикистони имрӯза) ҷой гирифта буданд, дар ҳайати худ даҳҳо ва садҳо шоирро гирд оварда, қисмати зиёди ин шоирон соҳиби девони ашъор буданд ва ашъори ин шоирон, ашъори баланд, беназире буда.
  Танҳо овардани номи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири маъруфи соҳибдевони охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ, ки баъди соҳибистиқлол гаштани кишвар девонаш рӯи чопро дид, басанда аст. Чи девоне, чи ашъоре, ин шоири замони шӯравӣ «гумном»-и пеш аз инқилоби сурх фавтида аз худ боқӣ гузошта!.
  Фикр мекунам, ки чунин шоирро дар охири асри ХIХ на доираи адабии Самарқанд ва на Бухоро тавлид карда натавонистааст, вале ин шоири бузург ва девонаш бо ҷурмҳои сиёсӣ ва шояд ғаразҳои шахсиятҳои алоҳида дар Тоҷикистон замони шӯравӣ рӯи чопро надид, вагарна бо «таҳлил»-ҳои марксистии муҳакқиқони давр аз Ҳоҷӣ мешуд, ки як шоири шӯридадили муборизи роҳи «озодӣ» ва роҳи «ҳақ» – ро тарошид.
  Танҳо китобҳои нопурраи «Ганҷи Бадахшон», «Ганҷи парешон» ва ғайраҳо, ки охири солҳои 70 ва 80-уми асри ХХ рӯи чопро дидаанд, хонандаи тоҷикро аз вуҷуддошти доираҳои адабӣ дар кӯҳистони Бухорои Шарқии тоҷик ҳушдор дод.
  Хотиррасон бояд намуд, ки дар миёни доираҳои адабии ин давра доираи адабии Дарвоз, ки бештар аз сад нафар шоир дорад ва аксаран соҳибдевон будаанд, бо бузургии худ фарқ мекунад ва бо назардошти тангии ин кӯҳистон, шароити вазнини зист, камзаминӣ беихтиёр ба хотири кас суханҳои устод М.Турсунзода «Халқи тоҷик табиатан шоир аст»-ро ба ёд меорад, зеро бо сабаби мулки «сахт» будани ин диёр, набудани шароити таҳсил ва тадрис, танҳо истеъдоди худовандӣ, табиӣ метавонад, ки илҳоми шахсро ба ҷӯш оварда, ӯро ба офаридани «мӯъҷизаи иллоҳӣ» – шеър ҳидоят намояд. Агар як асос ин бошад, асоси дигар ин ҷойгиршавии кӯҳистони Дарвоз байни аморати Бухоро, хонигарии Қӯқанд, Афғонистону Ҳинд будааст, ки аз ин муносибату мукотибаҳо бо ҳавзаҳои адабӣ ва ин мардум то андозае мардуми Дарвозро рӯ ба шеър овардааст.
  Агар ба доираи адабии Дарвоз назар дӯзем, хоҳем дид, ки ҳастанд шоироне, ки аз ин диёр он давр дар мадрасаҳои Афғонистон, Ҳинд, Қӯқанд, Самарқанд, Бухоро таҳсил намудаанд. Яъне шароити дар чорроҳа ҷойгиршавии ин минтақа имконеро ба бор овардааст, ки мардуми ин диёр аз шеъру шоирӣ ба ҷуз дар Осиёи Вусто, боз дар Хуросону Ҳинд баҳравар шаванд ва фикр мекунам, ки ин омил низ як сабаби пайдо гаштани шоирони хушзавқ дар ин тангнои кӯҳистон бояд бошад.
  Яке аз шоирони шӯридадил, шоири ба маънои томаш ошиқи ҳаёт, ошиқи фалсафаи ҳаёт, ишқи илоҳӣ, бешубҳа ин Лиқои Дарвозист. Номи пурраи шоир Муҳаммадлиқо, номи касбиаш Мирзо буда, бо тахаллуси Лиқо, Мирзолиқо, Атову Атоӣ шеър гуфтааст.
  Лиқо соли 1878 дар деҳаи Равнови кӯҳистони Дарвоз, дар оилаи шахси донишманд ва зиёии диёр Нодиршоҳ чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Аз овони кӯдакӣ дар дили Лиқои ҷавон шавқи хондану илм омӯхтан, хат навиштан пайдо гашт ва ҳамон айёми кӯдакӣ буд, ки дар назди донишмандони диёр соле машғули омӯзиш гашта, то андозае аз илму дониш, хондану навиштан баҳравар гашт. Аз он пас Лиқои кӯчак пурра ба худомӯзӣ ва хаттотӣ машғул мегашт.
  Дар сӯҳбатҳои аҳли илму дониши деҳа ва меҳмононе аз маркази шоҳигарии Дарвоз, шаҳри Қалъаи Хум, аз Кӯлобу Афғонистон доир мегашт, чун як тан аъзои фаъол дар кунҷи масҷиди деҳа ҷой мегирифт ва то дергоҳ ба суханронии донишмандони деҳа ва меҳмонон, ки оиди воқеаҳои ҷаҳон, дин, фалсафа, адабиёт гуфтугӯ мекарданд, гӯшу ҳуш мегашт. Чун деҳаи шоир, деҳаи Равнов дар баландкӯҳ, назди кӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, ағбаҳои баланд воқеъ аст, зимистони сербарфе дорад, аз ин рӯ дар фасли сармо, ки аз охири моҳи ноябр то ибтидои моҳи апрел ҳама ҷоро барф пӯшида рафту омади одамон аз дигар минтақаҳо бад-ин сабаб канда мешавад, дар ин деҳ давраи «фарҳангӣ» оғоз меёфт. Ҳамарӯза ҷавонон дар оташдони масҷиди деҳа оташ дар медоданд, чой меҷӯшониданд ва аз бегоҳ сар карда, то як поси шаб дар масҷид бо ширкати пирону ҷавонмардони деҳа як маҳфили бисёр гарми адабӣ ба вуқӯъ мепайваст.
  Дар ин маҳфил аз «Шоҳнома», ашъори Ҳофиз, Саъдӣ, Ҳилолӣ, Шайх Аттор, Бедил хонда шуда, абёти он бузургон ба таҳлил кашида мешуд. Лиқои ҷавон оҳиста- оҳиста, бо мурури замон узви фаъоли ин маҳфилҳои адабӣ мегашт. Бояд гуфт, ки дарси ин маҳфилҳои адабӣ барои чун шахсият, мутафаккир ва шоир сабзида расидани Лиқо нақши бузурги худро гузошта, барои ӯ он илмеро ахиран дод, ки шояд даҳҳо мадрасаҳои машҳур дода наметавонист.
  Лиқои ҷавон ба замми ба адабиёт шавқу рағбати зиёд доштанаш, ҳамчунин мустақилона ба машки хат машғул мегашт. Дили ин ҷавони чорпаҳлӯ ва зеборо хусни хати форсӣ сахт тасхир намуда буд. Пирони рӯзгордида нақл мекунанд, ки Лиқои ҷавон бо чӯби ангишт (лахча) замоне дар дару девори ҳавлии падар, ҳавлиҳои ҳамсояҳо, бинои масҷиди деҳ, кӯҳу камари деҳ хатти форсӣ, хаттотӣ машқ мекард ва ибораҳои қуръонӣ, абёти адибону ҳакимони гузаштаро ҳак мекард. Ончунон ба он дода шуд, ки ҳатто бародари калонияш ӯро сарзаниш кард, ки ба хаттотӣ ва навиштани катибаҳо дар ҳар тарафи хона дигар машғул нашавад.
  Мегӯянд, ки аз ин сарзаниши бародари бузургаш Лиқоро дар хотир ранҷише омад ва дар он зимистони қаҳратун, ки аз Дарвозу Вахё, Шугнову Даштиҷуму Кӯлоб то баҳорон ҷонзоде пайдо намегашт ва омада низ наметавонист, иттифоқан ӯ бо мӯйсафеди нуроние дучор мешавад ва ин мӯйсафед аз ӯ мепурсад: «Ҳа Муҳаммад Лиқо, чӣ ранҷише дорӣ?» Лиқои 10-12-сола аз ин суоли мӯйсафеди нуронии ношинос, ки номи ӯро дониста буд, ба ҳайрат омада, иброз медорад, ки мехоҳад хаттот шавад, лекин муддатест, ки бародари бузургаш барои навишти номҳои Худову Расул ӯро аз навишт боздоштааст. Мӯйсафеди нуронии ношинос сари ӯро сила намуда, иброз медорад, ки ба бародараш расонад, ки ӯро дигар аз навиштан маън накунад ва худ ба зудӣ аз он мавзеъ нопадид мегардад.
  Чун Лиқои кӯчак бо чашмони аз шодӣ барқзананда сухани ин мӯйсафеди пири ношиноси нурониро ба бародар мерасонад, бародари бузургаш баъдан аз ин хабар сахт хавотир мешавад. Ин амалро дар он зимистони қаҳратун чун амри худовандӣ кабул мекунад ва дигар ба хатмашқкунии Лиқои хурдсол монеа эҷод намекунад.
  Лиқо бо он дилбастагие, ки ба хондану навиштан дошт, ахиран ба яке аз хаттотони машҳури вилояти Дарвоз сабзида расид, ки дар ҳарду соҳили Панҷи Дарвоз камтар касе ба ӯ дар навишт ва ҳусни хат монанд шуда метавонист.
  Лиқо дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ахиран ба як шоири маъруф ва донишманду хатоти маъруфи замони худ рафта мерасад, ки ҳамзамонони бо ӯ вохӯрда ва сӯҳбат намуда, аз нутқи бурро, хушсуханӣ, заковатмандӣ ва хониши ӯ хотираҳое дар сақфи таърих ба ёдгор мондаанд (бояд гуфт, ки вобаста ба истеъдоди хаттотии бобокалонам Мирзо Лиқо, худораҳматии тағоям, ховаршиносу матншиноси маъруфи сатҳи шӯравӣ, Амрияздон Алимардонов, ки маҳбубтарин шогирди директории пажуҳишгоҳи ховаршиносии Тоҷикистон, ховаршиноси дараҷаи ҷаҳонӣ, устоди зиндаёд Абдулғанӣ Мирзоев буданд нақл мекунад, ки аввалҳои солҳои 70-уми асри гузашта вақто, ки дастхатҳои шоир Лиқоро ба назди академик Мирзоев меорад, академик аз зебогии ҳусни дастхати шоир Лиқо ба ҳайрат меояд ва зуд хатотони касбии пажӯҳишгоҳро, ки қисмати зиёдашон иронӣ буданд ҷеғ зада ба онҳо иброз медорад: – “Шумо дастатонро бо шир мешӯед, то маҳорати хатнависиатон коҳиш наёбад. Мана бубинед, дастхати шоири кӯҳистонии пеш аз инқилобро, ки бо дастонаш чун деҳқон юғу сипорро гирифта шудгор ва ғалла кишт мекард ва бо ҳамон дастони пур аз обилаю нақши меҳнатӣ дошта, дар рӯзгори кӯҳистони тоҷик чи гуна ҳусни хат доштааст”. Хаттотон бошанд, дастхатро дида ҳайратзада мешаванд)!.
  Истеъдоди шоирӣ, донишмандӣ ва хаттотии ӯ то ба ҳадде боло меравад, ки ҳатто дар озмуне дар назди мири Дарвоз ва гумоштаи амири Бухоро касе ба ӯ расидагӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, аз ҷониби Аморати Бухоро ӯ чандин маротиба барои кору фаъолият ба Бухоро даъват карда шуда, Лиқои ҷавон ҳар дафъа бо камоли фурӯтанӣ ва хоксорӣ ин даъватҳоро рад менамуд. Ба ҳамин нигоҳ накарда, чун нишонаи эътирофи маҳорату илмаш, бо фармони амири Бухоро ӯ аз супоридани андози ушр озод карда мешавад.
Ба ибораи шоири маъруф Фитрати Дарвозӣ:
«Фитрат аз рӯи адаб изҳори нодонӣ кунад,
Варна Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро.»
  Дар маънии ин байт амалҳои Лиқои ҷавон ба хубӣ дида мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, бо дастури амири Бухоро ин шоир ва хаттоти ҷавону боистеъдод аз супоридани андози ушр озод карда мешавад. Шоир Муҳаммад Лиқои Дарвозӣ ба маънои томаш шоири ошиқ, ишқи раббонӣ, дӯстдори худованду ёронаш буда, ашъораш гуфтаи ин ҳаст. Қисмати зиёди ашъори ӯро ғазалиёт ташкил намуда, аз ғазалҳояш ба хубӣ шоири бузург, сухансарои бузурги ғазал будани ӯ эҳсос мешавад.Ӯ дар «Соқинома»-и худ менигорад:
Ба ҷуз ишқ бунёди дигар хароб,
Ба шоҳу гадо, ба шайху шубоб,
Бувад ишқи ту боқӣ, дигар фано,
Маро ишқи ту бод пушту пано(ҳ).
Ба ҷон бандаи ишқаму майпараст,
Ба ҷуз ишқ ҳарчӣ бувад, фонӣ аст.
  Шоир ишқи раббонӣ, ишқи худовандро аз ҳама чиз болотару волотар медонад. Барои Лиқо китоб беҳтарин дӯсти ғамгусор аст ва дар ҳақиқат китобҳои зиёдеро чамъ оварда буд ва аз номаҳои ба мардикорони дарвозии Қӯқанду Фарғона ирсол намудаи ӯ оиди фиристодани фалон китоб ба хубӣ бармеояд, ки Лиқо китобро зиёд дӯст медоштааст ва ҷое дар ин хусус хуб менигорад:
Бурдем дар ин китоб мо ранҷ басе,
Маъшуқаи ҷони мост дар ҳар нафасе.
Гуфтанд: – Ба орият бидеҳ, то хонем,
Маъшуқа ба орият надодаст касе.
  Дар бораи дӯстдории китоб дар ақсои олам навиштаанд, вале то ин дараҷа нишон додани иззату китобу эҳтиромро нисбати китоб камтар қаламкашон ба қалам дода тавонистаанд. Бешак ин байти шоҳонае нисбати китобу дӯстдории он аст!.
  Дар ашъори Лиқо вобаста ба табадуллоти инқилобии ибтидои асри ХХ, ҷангу кашмакашиҳои дохилӣ, худфиребиҳои мардум дар он давраи ҳассоси таърихӣ, давраи яъсу навмедиҳо баланд садо дода, доимо рӯ ба худованд оварда, аз Худои бузург мадад талабидааст:
Парӣ дар парда пинҳон аст, зи девон зинату ишва,
Ҳавову кибру худбинӣ, зи ҷамъи нокасон дидам.
Зи қайди фитнаи даврон, Лиқоро ҳақ нигаҳ дорад,
Ба авнаммоҳ, ки эҳсоне ман аз шоҳи ҷаҳон дидам.
  Муҳаммад Лиқо натанҳо доири вазъи иҷтимоии ҳаёт, ишқи Худованд, балки доири дигар мавзӯъҳо, аз қабили мавзӯъҳои адабӣ, наврӯзӣ низ шеърҳо эҷод кардааст:
  Мухаммаси «Наврӯзӣ»-и шоир яке аз беҳтарин ашъори наврӯзии ибтидоии асри ХХ арзёбӣ мешавад. Шоир дар ин мухаммаси худ ҳолати аввали баҳор, растохези табиат, ҳолати рӯҳии инсонро бисёр шоирона ва зебо тасвир кардааст:
Наврӯз шуд, азизон, фасли баҳор омад,
Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад.
Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,
Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад,
Аз шавқи нолаҳояш гулҳо қатор омад.
  Шоир ба вилоятҳои Бадахшон ва Дарвози Афғонистон, минтақаҳои водиҳои Рашту Вахё, Шугнов, Даштиҷуму Мӯъминобод, Ховалинг, дигар мавзеъҳо рафту омад намуда, дӯстони зиёде доштааст. Аз ин рӯ, дар ин минтақақо шеърҳои зиёдеро ба ҳаводоронаш бахшидааст, ки қисмати зиёдаш то ҳанӯз дар дасту хотираи мардумони ин мавзеъҳои шоирхез қарор дошта, бинобар тобиши хуби лирикӣ доштан аз забони чанде аз овозхонҳо аз қабили шодравон Одина Ҳошим, Файзалӣ Ҳасан, Давлатманди Хол, Дона Бахромов, Алиакбар Сафаров, Қурбоналӣ Раҳмон, Ҷумъахон Сафаров ва дигарон пайваста садо медиҳанд.
Дар яке аз сутунҳои масҷиди деҳаи Даштиҷум ин қитъаи Лиқо нақш гашта:
Ё Раб, чӣ кунам, ки Ҳақ ҳамин мехоҳад,
Неъмат ҳама бар душмани дин мехоҳад.
Фиръавни лаъин нишаста бар тахти заррин,
Мусо зи Худо нони ҷавин мехоҳад.
  Ин байти баландмазмун, ки болотар аз шоҳбайт меистад, аз ҷониби одамони зиёде, махсусан рӯҳониён ба забон оварда шуда, дар телефонҳои мобилӣ сабт гардидааст. Муттаассифона, ин байти малакутӣ ва бо хуни дил навиштаи шоир дар бисёр ҳолатҳо аз ҷониби ихлосмандони шеъри шоир хато хонда шуда, ба ҷои ибораи «Ё Раб» ибораи «Эй дил» хонда мешавад ва аз ҳаводорон шеър эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ин байти баландмазмунро дуруст хонда, муҷиби ранҷиши арвоҳи поки шоири ошиқи Каломи Раббонӣ қарор нагиранд.
  Хотиррасон бояд намуд, ки мардуми мавзеъҳои кӯҳистони Дарвозу Кӯлоб шоир Лиқоро бо он истеъдоди фитрӣ, ашъори баландмазмун ва донишманди чун шахси назаркарда, чун валӣ мешинохтанд ва дар борааш низ бо гузашти солҳо чунин нақлу ривоятҳо то ҳанӯз зиёданд, ки ин худ гувоҳи соҳиби обрӯву эътибори хоса будани ин шахси ҳақиқатан ҳаким дар ин минтақаҳо мебошад.
  Шоир Лиқо нисбати эшонҳои деҳаи Ёзғанди Тавилдара эҳтироми хосае доштааст ва бо Эшони Султон рафоқати наздик ва дӯстии мустаҳкаме доштаву то арафи инқилоби дурӯғини болшевикҳо дар Бухоро рафтуомади қавӣ доштаанд. Эшонзодаҳо низ нисбати шоир эҳтироми сахтеро қоил будаанд.
  Шоир Лиқо, ки азобҳои халқи тоҷикро дар миригариҳои Дарвоз, Кӯлоб, Балҷувон, Рашт мушоҳида мекард ва дар ин асос ба зулму истибдоди намояндагони сулолаи манғитиҳо нисбати тоҷик бефарқ набуд, аслан инқилоби ӯктабрро хуш қабул намуда буд. Ба гуфти пирони диёр Лиқо, ки худ то ҳадде ба санъати рубобнавозӣ низ майл доштаву ҳатто даҳ сол пеш аз инқилоби ӯктабр (замони вазъи инқилобии соли 1907) дар як шеъраш, ки онро бо рубоб сароидааст оиди баъди 10 сол аз байн рафтани салтанати Оқпошо (Николаи дуввум) ишора намудааст.
  Мутаассифона, зиндагии оромонаи шоир дер давом накарда, солҳои сиюми асри ХХ ин шоири бузурги доираи адабии Дарвоз, ки ба сиёсат муносибате надошт, аз ҷониби дасисабозон, ашхоси ба ном фаъолу фидоиёни инқилоб бо номи он вақт маъмули «активҳо» (дар асл дурӯя ва мунофиқ) ба тӯҳмат кашида мешавад ва ин шоири синнаш ба ҷое расида (60-сола) , соли 1938 маҷбур мешавад, ки тарки ватан, ёру диёр намуда, ба Афғонистон ҳиҷрат намояд. Тибқи маълумотҳои мӯътамад Мирзо Лиқо дар Афғонистон то ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ дар қайди ҳаёт будааст.
  Ашъори Муҳаммад Лиқо басо рангин буда, дар шаклҳои гуногуни шеъри ғиноӣ, аз қабили ғазал, рубоӣ, қитъа, мухаммас, мустазод, маснавӣ суруда шуда, ҷузъи аслии девонҳои ашъори ӯро ғазалиёт, рубоиёт ва қитъаот ташкил менамоянд.
  Дар девонҳои шоир муноҷотҳои калонҳаҷм ба мисли Соқинома, Наврӯзнома, Алифнома мавҷуд буда, гувоҳи дорои истеъдоди баланд будани Лиқоро дар доираи шеъри классикии тоҷик нишон медиҳад.
  Мирзо Лиқо яке аз бузургтарин шоирони сермаҳсули даврони худ буда, аз ӯ се девони шеърӣ (2 девони тоҷикистонӣ ва 1 девони афғонистонӣ) ба ёдгор мондааст, ки адабиёти классикии охири асри Х1Х- и тоҷик кам кас чунин шоирони сермаҳсулро дар ёд дорад.
  Ба ғайр аз ин, чуноне, ки гуфтем ашъори зиёди навиштаву ба ёру дӯстон бахшидааш дар мавзеъҳои Кӯлобу Дарвоз дар дасти дӯстдорони ашъораш қарор дошта, бархе аз шеърҳояш бинобар ҷаззобият, маъно ва ба дили мардум наздик будан ба «фонд»-и фолклори мардумӣ дохил гаштаанд.
  Ин ашъори бузурги шоир, ки дар се девон ҷамъ оварда шуда, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти шоир, ҳаёти кӯҳистони тоҷик, иҷтимоиёт, ишқи илоҳӣ, адабу фарҳангро фаро гирифта, бо забони ноби адабии тоҷикии охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ офарида шудааст, бо сабабҳои маълуми сиёсии даврони шӯравӣ дастраси минбари васеъи хонандагони тоҷик нагардида буд, умед мебандем, ки замони соҳибистиқлолии кишвар ба мисли девони мукаммали чопгаштаи шоири дигари маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ низ чоп гашта, ба дасти хонандагони тоҷик хоҳад расид, дар ин росто умедворем, ки ашъори ин шоири малакутии тоҷик ба хонаи ҳар як фарҳангии тоҷик файзу баракат хоҳад овард.
Чуноне, ки шоир дар як рубоияш мефармояд:
«Эй ёр, қадам бинеҳ ба кошонаи мо,
То хулд шавад кулбаи вайронаи мо.
Аз шамъи рухат олами ҷон равшан кун,
Сокин шаву файз рез дар хонаи мо.»
  Ҳоло бошад ин шоири бузургро, ки соли гузашта, дар тирамоҳи заррин ба рӯзи мубораки мавлудаш 142 сол пур гашта буд, бо некӣ ёд намуда, ба ин шоири аз макру табаддулоти давр ғарибгургашта аз даргоҳи Худованди бузург равони шод талабида, хоҳони онем, ки хонаи охираташ пурнур бошад. Омин!.
Варқаи Зайниддин (Узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шаҳри Бохтар. 20.04.2021).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.