Рекорди Сарашо Қувватов

  Варзишгари шастудусолаи диёр Сарашо Қувватов бо 2100 маротиба болофишорӣ бо пой дар 1 соату 40 дақиқа рекорди нав гузошт. Рекордгузории ӯро клуби байналмилалии рекордгузориҳои ҷаҳонии “Интерстронг”-и Русия ба қайд гирифта, бо диплом қадрдонӣ кард. Клуби “Интерстронг” 15 апрели соли 1989 таъсис ёфта, рекордгузориҳоро дар соҳаҳои гуногун ба қайд мегирад.
  Қувватов Сарашо Мӯъминович зодаи деҳа Ғуҷоваст ва яке аз варзишгарони маъруфи диёр буда, солҳои охир дар кишвари Русия истиқомат дошта, бо вуҷуди солрафтагӣ азияти зарбхӯрии сутунмӯҳраро паси сар карда, ба варзиш шуғл варзида, дар ин син ноил ба чунин дастовард шуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.