Вазъи фавқулодда дар Рованду Гармчашма

  SelrovgarscshmaБо фаро расидани мавсими гармо обхезӣ ва фаромадани сел кӯҳистонро таҳти хатар қарор додааст. Дар минтақаи Дарвоз сел роҳ ва дарёро баставу чандин хонаро зери об монда, ҳатто талафоти ҷонӣ дар пай гузоштааст. Дар Ванҷ аз даргови байни деҳаҳои Рованду Гармчашма сел фаромада, ҳарду русто дар зери хатар монда, аҳли онҳоро нигарон кардааст. Мардум барои эҳтиёт тарки манозил карда, шаби гузаштаро дар баландӣ ва пуштаҳои канори деҳот гузаронидаанд. Имрӯз мардумро ба ҷойҳои бехатар кӯчонда, мардуми ин деҳаҳо ва деҳоти атроф ҷамъ омада, кӯшише барои пешгирӣ аз хисороти ин офати табиӣ доранд. Хестани сатҳи оби дарговҳо ва хатари фаромадани сел дар баъзе аз деҳоти дигари ноҳия мушоҳида мегардад. Дар соли гузашта офатҳои табии дар ноҳияи зарарҳои зиёде барои аҳли он оварда, сабаби марги инсонҳо гаштанд. 09.07.2017.

Мубориз қаҳрамони Осиё шуд

  MborizmnavarfҶавонпаҳлавони далери диёр Мубориз Мунавваров дар Мусобиқаи Осиё оид ба самбо, ки дар таърихи 01.07.2017 дар шаҳри Тошканди кишвари Узбекистон баргузор гардид, соҳиби медали тилло гашта, унвони Қаҳрамони Осиёро ба даст овард. Қаблан, Мубориз медали тиллои ин мусобиқотро дар байни наврасон касб намуда буд. Баъди сайъу талошҳои ҷиддӣ дар ин ҷода дар синни ҷавонӣ боз ноил ба касби он гардид ва шаъни кишварро дар арсаи байналхалқӣ ба қадре боло бурд. Ба ин ҷавонпаҳлавон орзуманди пешрафту комёбиҳо ва фатҳи майдонҳои  бузургем. Инчунин, дар ин мусобиқот дигар ҷавонпаҳлавонон ширкат варзида, қувваозмоӣ карданд. Аз ҷумлаи онҳо Меҳрнуши Иззат ва Нозим Охиров дар вазнҳои хеш сазовори ҷойҳои саввум гардиданд ва дар оянда аз эшон низ муваффақиятҳои бештарро чашмдорем.

Иқдоми хайри мардуми Гишхун

  RaighishxunМардуми деҳаи Гишхун бо дастгирии молиявии фарзандони муҳоҷир аз кишвари Русистон ба таъмири роҳи мошингарди Гишхун – Рохарв оғоз намуданд ва ният доранд корҳои таъмириро то охири моҳи шариф ба анҷом расонанд. Таъмирро аз нуқтаи пайвасти ду тарафи Рохарв (Инбари Даргову Унбари Даргов) – Пули Даргов ба ҷониби деҳа ибтидо намудаанд. Ҳамчунин, дар доираи ин таъмир ду ҳоҷатхонаи сарироҳӣ дар масофаи байни Рохарву Гишхун месозанд, ки ин иқдом аз ҷиҳати беҳдоштиву санитарӣ амри неку зарурӣ мебошад.
  Раиси ноҳия ба маҳали кор ташриф оварда, аз ин кори ҷамъиятии мардум истиқбол карда, ба эшон ваъда ба таъмини техникаи лозима додааст. Албатта, ғайрати мардум ва ҳиммати муҳоҷирони деҳа қобили ситоиш аст, ки дар ин замони мушкилоти иқтисодӣ даст ба чунин кори шоиставу ҳимматбаландона задаанд. Гузориши Иршод Сулаймонӣ.

Сомон Ҷоми Африкоро ба даст овард

  SommahmadВарзишгари навраси муқими Русия Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Африко оид ба ҷудо дар байни наврасон, ки Тоҷикистонро муаррифӣ менамуд, сазовори ҷои аввал ва медали тиллои сабқати умумиҷаҳонӣ гардид. Дар ин мусобиқа, ки дар кишвари Тунис дар рӯзҳои 22-23 апрел баргузор гардид, беш аз ҳафтод варзишгар аз давлатҳои Африко, Аврупо, Осиё ширкат варзида, қувваозмоӣ намуданд. Сомон дар вазни то 66кг ба рақибонаш аз кишварҳои Алҷазоир, Беларус, Тунис дастболо гашта, ба ин ифтихор парчами Тоҷикистон барафрошта шуда, суруди миллияш садо дод. Дар ин сабқат намояндаи дигари кишвар, паҳлавони навраси диёр Абдуллоҳ Неъматов низ ширкат дошт.
  Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо хонаводааш муқими вилояти Иркутски Русия буда, таҳти сарпарастии мураббиён Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо, паҳлавонони шинохтаи диёр, ки дар он ҷо ҳаёту фаъолият доранд, тамрин мекунад. Ба ӯ комёбиҳои бузургро орзумандем!.

Пирӯзии ҳамдиёрон дар сабқати куштигирӣ

  KubxshakovХушаков Аъзам яке аз шахсиятхои шинохта ва обрӯманди тоҷики шаҳри Твери Русия буд, ки тамоми хамватанонро дар гирди худ ҷаъм намуда, як ҷаъмияти беҳтарини тоҷиконро дар вилояти Твери ин кишвар созмон дод. Ӯ барои беҳбудии рӯзгори хамдиёрон дар ин вилоят заҳамоти зиёд кашида, хадамоти арзанда намудааст. Ин марди шоиста солҳост, ки дар байни хамдиёрон нест, аммо ҳар сол барои зиндадошти хотираи ӯ мусобиқаи куштигирӣ ташкил медиҳанд. Имсол дар таърихи 8 апрели соли равон ба хотири ёдбуди ӯ мусобиқаи куштигирии байналхалқӣ барпо шуд, ки дар он 12 тим аз гӯшаву канори Русия ва хориҷ аз он иштирок намуданд. Ҷоиза барои ҷои аввал 150000 рубл, ҷои дуввум 80000 рубл ва ҷои сеюм 40000 рубл муқаррар гардида, дар нитаҷа ҷои аввал сазовори тими Твер-Тоҷикистон гашт, ки чаҳор нафар ҷавонпаҳлавонони ванҷӣ Боев, Бокиев, Хусравов ва Ҷебов шомил он будаанд. Ҷои дуввумро  тими Шаболовкаи Маскав ва саввумро тими Санкт-Петербург касб намуданд. Паҳлавонони дигари диёр дар ҳайати дигар тимҳо ҳунарнамоиҳои хубу ҷолибе нишон дода, табъи мухлисонро шод намуданд. Гузориши Орзу Даҳбошиев.

Ҳодисаи маргбор дар шоҳроҳ

 SelfTimer Off Ин фоҷиа дар рӯзи 14 март дар шоҳроҳи Ванҷ – Душанбе рух дод. Дар қисмати дуввуми рӯз ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳ дар мавзеи Водхуд аз кӯҳ санге афтода, ба тарафи рости автомобили тамғаи “Митсубиси Паҷеро” бархӯрдааст. Дар пайи бархӯрд сокини панҷоҳунӯҳсолаи деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ Қоғаз Тоймастова ба сабаби бардоштани ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Ба хешу ақрабои марҳума изҳори тасаллият намуда, барои ӯ аз Худованд талаби раҳмату мағфират дорем.
  Шоҳроҳи Ванҷ – Дарвозро метавон яке аз хатарноктарин ҷодаҳо дар ҷаҳон номид, ки баъд аз суқути шӯравӣ тармимро надида, пурхатар гаштааст. Мошинҳо, хусусан боракшони калонҳаҷм ҷон ба каф гирифта, аз ин мавзеъ убур менамоянд. Ин ин ҷиҳат бештари садамаҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ дар ҳамин қисмати роҳ рух медиҳанд.