Пирӯзии футболбозони наврас

  RustamsoirТими мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U16) дар Қаҳрамонии Осиё бар тими Курёи Шимолӣ пирӯз шуд. Бозӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби мусовӣ (1:1) анҷом ёфт ва дар ҷаримаҳои 11 метрӣ бозӣ бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи тими мо хотима ёфт. Бо ин дастовард бачаҳои мо ҳам ба даври ниманиҳоӣ расиданд ва ҳам ба Қаҳрамонии ҷаҳони соли 2019 дар Перу роҳхат гирифтанд.
  Дар ин бозӣ яке аз бозигарони беҳтарин, ҳамдиёри мо Рустам Соиров, писари Ҷамшед Соиров аз деҳаи Ғуҷоваст ҳам голи нахустин ва ҳам охирину ҳалкунандаро зад, ки ин корнамоии ӯ сабаби ин пирӯзӣ гардид. Рустам мутаваллиди 12 сентябри соли 2002 буда, муваффақиятҳои варзишияш дар пешанд ва мо барояш аз Худо дастовардҳои бештар мехоҳем.

Таъсиси коргоҳи чӯбтарошӣ

  TaxtazanakДар деҳаи Мдехарви Ванҷи Боло коргаҳи чӯбтарошӣ кушода шудааст. Дар коргаҳ дастгоҳи ҳозирзамон насб гардида, аз чӯби дарахт ба андозаи дилхоҳ тахта мебурад. Дар он ҳатто тахтачаҳои тунуку борик буридан мумкин аст. Дастгоҳ арра-тасмаи маҳин дошта, пасмондаи он хеле кам аст ва ин боиси бештар гирифтани маҳсули бештар аз чӯби дарахт гардад. Ин коргаҳро Ҳамзаи Шерзода таъсис додааст.
  Коргаҳ мушкили мардуми минтақаро ба ҳадде осон гардонидааст. Пеш чӯбҳои дарахтро барои ба тахта табдил додан дар боркашҳо бор намуда, ба маркази ноҳия мебурданд. Ҳоло мардуми деҳу деҳоти атроф чӯбҳои хешро ба коргаҳ оварда, бо заҳмату масрафи камтар ба маҳсулоти мавриди ниёзи хеш тадил медиҳанд. Суръати кори дастгоҳ тез ва сифати маҳсулоти он низ хуб мебошад.

Ифтитоҳи биноҳои нав дар ноҳия

  BinoihkmatЗимни сафари кории хеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ биноҳои навсохтаро дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв ифтитоҳ намуд. Бинои нави мактаби миёнаи №4-и маркази ноҳия, ҳукумати ноҳия, хонаи фарҳанг, шӯъбаи амнияти давлатӣ аз нав сохта шуда, кӯчаҳои шаҳрак асфалтпӯш, чароғон ва роҳраву обравҳо таъмиру нав карда шуданд. Биноҳои хушнамои ҳозирзамон ва боғи нав ба шаҳрак намуди зебову шаҳрӣ бахшиданд.
  Азнавсозии бинои мактаби №4, яке аз муассисоти муҳими ноҳия беҳтарин тӯҳфа барои мардуми диёр дар айёми иди истиқлолият аст. Бинои он дар змони шӯравӣ сохта шуда,  дар муддати тӯлонӣ таъмирро надида, кӯҳнаю фарсуда гашта, мувофиқ ба шароити замони ҳозира набуд. Ҳоло он ба тарҳу намои зебо сохта шуда, ба сифати таълиму тарбия дар он бояд аҳамияти бештар дода шавад.

Ёқубҷон қаҳрамони ҷумҳурӣ шуд

  YoqubboqiДар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонпаҳлавони диёр Ёқубҷон Боқиев дар вазни 66 кг бар ҳарифони хеш ғолиб омада, қаҳрамон шуд. Дар мусобиқа беҳтарин паҳлавонон аз тамоми ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Ёқубҷон бо истифода аз маҳорати паҳлавонӣ тавонист ҳарифони хешро мағлуб кунад ва ин натиҷаро ба даст орад.
  Ёқубҷон аз оилаи паҳлавонон, бародарзодаи паҳлавони номдори диёру кишвар Содиқ Боқиев буда, аз хурдӣ ба ин намуди варзиш шуғлу шавқу иштиёқ дошта, дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию берун аз ҷумҳурӣ ширкат варзида, ба дастовардҳо ноил шудааст. Дар ҳоли ҳозир Ёқубҷон дар вазни хеш беҳтарин паҳлавон дар ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ба хости Худованд комёбиҳои бузургтаре дар пеш хоҳанд буд.

Ёсинпаҳлавон соҳиби медали тилло шуд

  YosinpalvonЁсин Неъматов ҷавонпаҳлавони ҳамдиёри муқими кишвари Имороти Муттаҳидаи Араб дар мусобиқаи “Iternational judo North Bangkok Univercity championship 2018”, ки дар таърихи 05.08.2018 дар шаҳри Банкоки кишвари Тайланд баргузор гардид, дар вазни 73 кг соҳиби ҷои аввал ва медали тиллои сабқат шуд. Ёсин дар ин сабқат клуби “FMAC”-и кишвари Иморотро намояндагӣ дошт. Ёсинпаҳлавон мутаваллиди Аҷмани ин кишвар буда, аз понздаҳсолагӣ ба тамрини ҷудо шурӯъ карда, ғолиби даҳҳо мусобиқаи дохилӣ дар кишвари Иморот мебошад. Ӯ ҳамчунин, дорандаи ду медали биринҷии Ҷоми Осиё барои Тоҷикистон, ду медали биринҷии мусобиқоти клубҳои давлатҳои арабӣ, барандаи медали тилоии мусобиқаи байналмилалӣ дар Юнон ва соҳиби медали биринҷии мусобиқаи наврасон дар кишвари Денмарк мебошад.