Исҳоқ Муродзода

Марди сахову амали майдон
(Ба баҳонаи 50-уми солгарди умр)

  Бидуни шак Ванҷ сарзамини мардхез аст. Бешубҳа ҳар касе ба Ванҷ боре сафар кардаасту бо мардуми Ванҷ ҳамнишину ҳамсӯҳбат шудааст, ин мисраи шоири шаҳири диёр Шаҳрияи Адҳамзодро ҳақиқати кулл қабул мекунад – “Сарзамини мардхезу марддорам Ванҷи ман!”.

Исҳоқ Муродзода яке аз ин шахсиятҳои диёри мардхез аст

  Ин шахсияти шинохта ва саховатманди ноҳияи Ванҷ, дар таърихи 23 феврали 2022, ки дар Тоҷикистони азиз ҳамчун рӯзи артиши миллӣ таҷлил мешавад, ба синни мубораки панҷоҳ, ки камоли умри мардон аст, қадам ниҳод ва ҳар ду рӯзи фархундаро барояш муборакбод мегӯем.
  Муродзода дар тайи умри 50-солаи хеш бо мардумдорӣ, бо шарик будан дар мушкилу хурсандии ҳаққу ҳамсоя ва ҳамдиёрону ҳамватанон тонистааст дар дилу дидаи мардуми диёр ва берун аз он роҳ пайдо кунад ва ҳамеша барои беҳбудии мардуми ин диёр аз дигарон як қадам пеш аст.
  Сарҳанги хадамоти гумрук – Муродзода 23 феврали соли 1972 дар деҳаи забову хушманзараи Ширговади ноҳияи Ванҷи ВМКБ дида ба олами ҳастӣ боз намудааст. Волидйни вай Мурод Масолов ва Зулайхо Иронова аз ду хонаводаи бонуфузу шинохтаи ин диёр мебошанд. Ҳоҷӣ Мурод ба касби ронандагӣ машғул буда, ҳамеша дар хидмати мардум буд ва дар баробари касби ронандагӣ дорои саводи хуби диниву дунявӣ буд, ки фарзандони худро тарбияи шоиста додааст.
  Исҳоқ то синфи 8 дар мактаби №13 деҳаи Ширговад (ҳоло мактаби миёнаи ба номи Аҳтам Ятимов) таҳсил карда, синфи 9-10-ро чун аксари наврасони деҳоти Ванҷи Боло дар мактаб/интернати №1 деҳаи Ғуҷоваст ба поён расонидааст.
  Баъди хатми мактаб дар солҳои 1990 – 1992 хизмати аскариро дар сафи Артиши ИҶШС дар Олмон адо намуда, дар соли 1993 техникуми муҳосибии шаҳри Душанберо хатм карда, чанд муддат дар совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ кору фаолият кардааст. Аз соли 1994 то соли 1998 дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи молияву иқтисоди Тоҷикистон) таҳсил карда, аз соли 2000 фаъолияти кории хешро дар Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.
  Ҳамзамон дар давоми ин солҳо ба таври ғоибона факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар давоми солҳои мутамодӣ дар мақомҳои мухталифи ин хадамот кору фаъолият намуда, ба рутбаи сарҳанг/поковники Хадамоти гумруи расидааст ва имрӯз дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ”-и миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ба фаъолият машғул аст. барои корҳои шоистааш аз тарафи мақомот борҳо бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
  Дар баробари он чи зикр гардид, Исҳоқ мисли аксар ҷавонони ноҳия аз хурдӣ ба варзиш, ба куштӣ машғул шуда, дар сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ борҳо мақоми арзандаро гирифтааст, аммо мушкилоти замони нооромиҳои солҳои 90 имкон надод, ки бештар ба паҳлавонӣ машғул шавад.
  Аз охирин иштироки ӯ дар майдони паҳлавонӣ метавон аз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни кормандони мақомоти қудратӣ соли 2003 ёдовар шуд, ки дар вохурии ниҳоӣ яке аз паҳлавонони овозадори Тоҷикистон Шералӣ Бозоровро шикаст доду макоми аввалро ба даст овард.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд ва чандин набераи дастрӯву нозанин аст.

Дасти сахо ва ё “Неки куну дар Даҷла андоз”…

  Исҳоқ аз даврони ҷавонӣ, ки баъди хатми омӯзишгоҳи муҳoсибӣ дар совхози ба номи Федченкои ноҳия ва баъдан дар ҷамоати деҳоти Рованд дар вазифаи муҳосиб кор мекард, ҳамеша дастархони боз дошту дар хидмати мардум буд. Дар рӯзҳои мушкили солҳои навадум, ки ҳама мардуми диёр дар бунбасти мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ қарор доштанд, бо мошини боркаши хеш ба таври ройгон дар хидмати мардум буд.
  Аз авохири солҳои навадум, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз кард, даҳҳо ва ҳатто садҳо тан хешу бегонаро, ки тавони харидории чиптаро то Русия надоштанд, бедареғ кумаки молӣ мекард, ки то ба ҳол аз ӯ сипосгузоранд. Ҳамчунин модару хоҳар ва ришсафедонеро, ки одатан дар фасли зимистону тирамоҳ ба Душанбе меомаданд, яке ба яке хабар мегирифту кӯмак мекард. Дар ҳама мушкилоти мардуми диёр ҳамеша пешсаф буду ҳаст.
  Ин ҷо мехоҳам аз чанд хидматҳои назарррасу беғарази Исҳоқ Муродзодаро ба таври мисол ва намунаи ибрат барои соҳибкорону соҳибмансабони дигари диёр ном бибарам:
– Барои як қисмати деҳа дар соли 2018 лӯлаи оби тозаро ба дарозии 1км ва се нуктаи обдиҳӣ сармоягузорӣ ва бунёд кард;
– Нахустин майдончаи варзишии замонавӣ дар ноҳияи Ванҷ бо дастгирии молии Исҳоқ Муродзода дар соли 2019 дар мактбаи деҳаи Ширговад сохта шуд;
– Дар замони бемории ҳамагири коронавирус низ тавре соли гузашта хабар гузошта будем, яке аз афроде, ки бештарин кумакро ба мардуму марказҳои тиббии ноҳияи Ванҷ кард, маҳз Исҳоқ буд;
– Дар кумаки молӣ барои паҳлавонони кишвар ҳамеша пештозанду ва тавре худашон борҳо иброз кардаанд, дар оянда низ хоҳанд кард;
– Деҳаи Ширговад, ки аз қадим мисли аксари деҳоти Ванҷ маҳди паҳлавонӣ буду имрӯз низ чандин фарзанди ин диёр дар сатҳи байналмиллалӣ аз миллату кишвар намояндагӣ мекунанд. Аммо барои бештар намудани ин гуна номоварони Ватан набуди толори варзишии куштӣ сахт эҳсос мешавад.
Исҳоқ борҳо ба мардуми деҳаи Ширговад аз омода будани хеш барои сохтани толори варзишӣ хабар додаву аммо мутаасифона масъалаи пайдо намудани ҷойи бунёди толор то ҳанӯз ҳали худро наёфтааст.
– Тими футзал ё минифутболи Ванҷро, ки соли гузашта дар ҷоми ВМКБ иштирок намуд, ба пурагӣ ҳимояти молӣ намуд.

Падари хуб будан осон нест..

  Исҳоқ падари хубу меҳрубоне ҳам ҳаст ва ҳама фарзандонашро дар роҳи илму маърифат хуб тарбия намудааст, ки дар айни замон чаҳор фарзанди вай дорои маълумоти олӣ мебошанд. Фарзандон, хусусан се духтараш, ки фарзандҳои бузургтари хонавода мебошанд, донишгоҳҳои бонуфузи кишвар – ДДТТ ба номи А. Сино, ДМТ ва Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро бо сарбаландӣ хатм кардаву бо бунёди хонаводаҳои обод дар хидмати халқу диёранд. Писари калониаш Фараҳманд Донишгоҳи давлатии Украинаро дар риштаи иқтисод ва аудит дар соли 2020 хатм намудааст.
  Писари хурдияш Ёқубшоҳ, ки дар синфи 4 таҳсил мекунад, аз падари паҳлавонаш ҳунар ба мерос гирифтаву борҳо дар мусобиқоти дохиливу хориҷӣ дар риштаи таэквондо мақоми аввалро касб кардааст.
  Ман, ки бо Муродзода хешу табору ҳастаму ҳамчунин ҳамсолу ҳамтоз мебошем, ӯро аз дигарон бештар мешиносаму медонам, ки то чӣ ҳад инсони кӯшо ва талошгар барои ободиву хурсандӣ ва хушбахтиву хуррамии диёру кишваранд. Бидуни баҳс, вуҷуди ин гуна шахсиятҳои ғамхор, аҳли футувату ҷавонмардӣ ва инсоне, ки ҳамеша ҳузури худро дар баробари бародару ҳамдиёру ҳамватан таъмин мекунад, рӯзгори моро гармтару нуронитар мекунад. Рӯзгорат ободтару пурмайманат бод, ҷавонмарди диёру Ватан!. Аъзамшоҳи Ширговадӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.