Алямин Охиров

  Алямин Охиров яке аз ҷавонпаҳлавонони умедбахши диёр аст, ки ҳанӯз дар синни навҷавонӣ парчами ватанро дар мусобиқаҳои варзишӣ дар хориҷ борҳо бардштааст.
  Охиров Алямин Фирдавсович 13 январи соли 2003 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Аз хурдӣ бо хонавода дар шаҳри Душанбе зиста, аз ҳамон овон ба варзишкорӣ машғул мешавад. Ба грэпплинг – навъе аз куштӣ майл намуда, ба ҷаҳд барои ба қуллаҳои фатҳ расидан талош варзида, дар ришта касби дастовардҳо кардааст. Ӯ ду маротиба дар вазни 60-62кг қаҳрамони грэплинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020 – 2021 шудааст. Алямин ҳамчунин дар риштаи панкратион ду маротиба дар солҳои 2020 – 2021 қаҳрамони ҷумҳурӣ гардидааст.
  Алямин Охиров дар шаҳри Харкови кишвари Укроин дар донишгоҳ ба таҳсили илм машғул аст. Ҳамзамон ба варзиш ҳам шуғл дошта, ду маротиба дар риштаи грэпплинг ва ду маротиба дар риштаи панкратион ғолиби мусобиқаҳои шуда, унвони қаҳрамониро дар ин шаҳр касб кардааст.
  Ба ҷуз ин Алямин иштирокдори мусобиқаҳои набардҳои омехта – ММА буда, дар соли 2021 дар шаҳри Харкови Украина мақоми дуюми мусобиқаи ҷаҳониро соҳиб шуд.
  Алямин Охиров Устоди варзиши ҷумҳурӣ буда, барои касби дастовардҳои бузурги варзишӣ дар оянда талош меварзад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.