Золим Бидонов

  Яке аз зуҳуроти мудҳиш дар таърихи инсоният фошизм буд, ки дар қарни гузашта падид омада, ҷони миллионҳо инсонро рабуда, ними оламро тахриб намуд. Дар мубориза алайҳи ин падидаи манфӣ миллали олам нақш гузошта ва ҳазорҳо ҳамватанони мо низ дар ин маърака ширкат дошта, корнамоиҳои ҷангӣ нишон доданд.
  Ҳамдиёрони мо низ дар ин набардҳо ширкат дошта, бархе ҷони хешро нисор карда, баъзе аз набардҳои хунин бо захму ҷароҳатҳо баргаштаанд. Корномаи бештаре аз ҷонфидоёни диёр норӯшан монда, дар ҷанг бенишон гаштаанд. Яке аз иштирокдорони ҷанг Бидонов Золим буд, ки пайвандон дар мавридаш иттилоъи кам доштанд.
  Мутобиқ ба иттилои Бонки маълумоти умумии “Мемориал”, ки дар бораи ҳалокшудагон, бенишон гумшудагони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аз Бойгонии марказии Вазорати дифои Русия маълумот нашр мекунад, Бидонов Золим, ки дар деҳаи Мдехарв дар соли 1917 таваллуд шудааст, аз ҷониби Комиссариати ноҳияи Ванҷ ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Вале ба гуфти пайвандон ӯро аз мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд, ки дар он ҷо мехондааст, ба артиш бурдаанд.
  Ӯ дар ҳайати Дастаи тӯпандозони тонкафкани панҷуми Фронти ҷанубу ғарбӣ ба ҳайси фармондеҳи шӯбаи алоқа, бо рутбаи сержанти хурд адои вазифа мекардааст. Золим Бидонов дар таърихи 25.06.1941 дар рӯзи севвуми ҷанг дар қаламрави кишвари имрӯзаи Укроин ҳангоми дифои ватан ҳалок гаштааст.
  Дастаи тӯпандозони тонкафкани панҷум андаке пеш аз ҷанг ташкил дода шуда буд. Ин дастаҳо ҳангоми ҳамлаи қавии ногаҳонии артиши муқтадири олмонӣ ҳамчун сипар истода, тавонистанд шасти онро паст кунанд. Дастаи онҳо таҳти фармондеҳии сарҳанг (полковник) Гусаков Александр дар набард бо тонкҳои Клейст (фармондеҳи артиши тонкӣ дар замони ҳамлаи Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ) ба самти Киев маҳорат ва матонату мардонагӣ нишон дод.
  Ин дастаи ҷангӣ таҳти фармондеҳии Гусаков даромадгоҳҳо ба шаҳри Новоград-Волинскро баста, танҳо як қисми 338-и даста, ки ба он сарҳанг Сисоев фармон медод, сездаҳ ҳамалаи тонку мотосиклсоворони душманро пас гардониданд. Онҳо 27 тонк, 7 худрави зиреҳпӯш, анқариб ба 150 автомобил ва қисмати бештари дастаи пиёданизомро тахрибу нобуд карданд.
  Матонати тӯпдорони даста, ки монеи ҳамалоти пайдарпайи душман мешуданд, имкон дод таҷҳизоти корхона тавассути қатораҳо аз шаҳр берун бурда шуда, нерӯҳои артиши шӯравӣ ба соҳили шарқии рӯди Случ гузаранд. Барои шуҷоат дар ин набард ба 6 нафар ҷангандаву фармондеҳи даста ҷоизаҳои давлатӣ доданд. (Маълумот дар бораи Дастаи панҷуми тӯпандозони тонкафкан аз: В.Милбах, В.Чернухин. “Барои меҳан матонат, муқовимат, қаҳрамонӣ ва садоқати истисноӣ нишон доданд” (В.С. Мильбах, В.А. Чернухин «Проявили исключительную стойкость,упорство, героизм и преданность родине…»).
  Муваффақиятҳои ҷангии ин даста ба туфайли Золим ва амсоли ӯ аъзоёни шуҷоъ ба даст омада, ин ҷавонмарди ҷасур ҷони хешро барои ватан нисор кардааст. Золим писари Бидони Сагбистӣ (бародараш Ирон – фарзандонаш Шириншоҳ – корманди соҳаи савдо ва Муборакшо – паҳлавони маъруфи диёр) сокини деҳаи Мдехарви Ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ будааст.

Аснод аз бойгонӣ:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.