Масъуд Замонов

  Замонов Масъуд Сироҷиддинович яке аз ҷавонварзишгарони бомаҳорату соҳибистеъдод 26 июни соли 1997 дар деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Аз синни хурдсолӣ ҳамроҳи волидайн ба вилояти Твери кишвари Русия кӯчидаанд, рафта, зиндагиро дар он ҷо идома медиҳад. Масъуд ба варзиш шавқи беандоза дошт ва аз хурдӣ, ки дар синфи сеюм мехонд, машқу тамринро шурӯъ карда, барои ба мақсадҳои худ расидан талош мекард.
  Дар он ҷо ба намуди варзишии ушу санда шуғл варзида, дар муддати кӯтоҳ дар ин навъи варзиш моҳир шуда, дар мусобиқаҳои ин намуди варзиш расман ширкат меварзад. Ӯ бо лақаби “Анкабути сиёҳ” (Black Spider) ба майдон мебарояд ва ҳарифонашро ба ваҳм меорад. Дар тӯли фаъолияти варзишияш Масъуд дар риштаи ушу санда қаҳрамони Русия ва баъдтар қаҳрамони Аврупо мегардад. Дар риштаи самбо ҳам мақоми дуюм ва медали нуқраи қаҳрамонии Русияро ба даст меорад.
  Масъуд Замонов Устоди варзиши самбои Федератсия Русия мебошад. Масъуд шаҳрванди Русия буда, дар мусобиқаҳо ин кишварро намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин дар мусобиқаҳои навъи варзиши бонуфузи ММА ширкат варзида, ҳашт маротиба ба майдон баромада, танҳо дар як сабқат мағлуб гардидааст. Натиҷаи дастовардҳои ӯ 7-1 аст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.