Ахбори қаблӣ

Барфи нахуст борид

  BarfhavalБориши барф, ки аз шаби 26 декабр ба боридан оғоз намуд, бори нахуст дар ин замистон диёрро ба зери қабои сафед кашид. Дар қисмати поёнии водӣ, тибқи одати маъмулии табиӣ камтар ва дар минтақаи Ванҷи Боло бештар боридааст. Имсол замистон дар нисбати порина хеле дертар фаро расида, то ин ҳангом ҳавои тирамоҳӣ дар водӣ ҳукмфармоӣ дошт. Баъд аз тағйироти боду ҳавоӣ барфборӣ аз бегоҳи имрӯз оғоз гардид.
  Соли гузашта аҳли диёр замистони сахту тӯлониро паси сар намуда буданд, ки бар асари бориши зиёди барф дар минтақа роҳҳо баста шуда, тармаҳои зиёд фаромада, барои аҳли диёр мушкилоти зиёд пеш омаданд. Ба гуфти мардум замистони мудҳиши соли 1969 такрор шуда буд, вале, хушбахтона, он бе хисорати ҷониву зарарҳои ҷиддии мулкӣ паси сар гашт. Гузориши тасвирӣ аз барфрезии нахусти имсол аз Бахтиёри Шокарим ва Фотеҳ Пирумшоев аз деҳоти Рохарву Бунай дар ин ҷост.

Пули Пшихарв навсозӣ карда шуд

  PulipshixarvДеҳаи Пшихарв дар гӯша ва берун аз роҳи асосӣ ҷойгир буда, ҳамчун назарҳо аз гӯшаи хотирҳо дур мондааст. Дар даврони шӯравӣ ҳатто роҳи мошингард надошт. Як сол пеш аз фурӯпошии он роҳ сохта шуд. Аз мавзеи Параи Нишак то маҳаллаи Пуни Дуи деҳа 7 км роҳ аст ва дар миёни ин роҳ мавзее бо номи Элгаи Ҳавлобек воқеъ аст. Дар ин мавзеъ пуле сохта буданд, ки доиман дар замистон бар асари тарма ва дар баҳор аз таъсири сел осеб медид. Мардуми Пшихар бо қувваи хеш онро таъмиру тармим мекарданд. Дар соли гузашта сел пулро ба тамом аз байн бурд ва иртиботи деҳаро аз марокиз канда кард. Барои бурдани маводи хӯрокию лавозимоти зарурӣ ва рафтуомад мардум мушкилӣ кашиданд. Намояндаи созмони байналмилалии «Global Partners» ҷаноби Ҷон ваъдаи кӯмак ба мардуми Пшихарвро дода буд ва ҳоло бо сармоягузории ин созмон ин пул аз нав сохта шуда, дар мавриди истифодаи мардум қарор гирифт.

Ромин соҳиби ҷоизаи “Нишони сипоси юзпаланг” гардид

  RominbaxРомини Бахтиёр ҳамватан ва ҳамдиёри муқими Амрико барои заковати баланд, донишу малакаву маҳорати олӣ, ахлоқи хуб, қобилияти фикрронӣ, ҳадафгузорӣ ва субот дар он аз миёни ҳазорон донишомӯзи мактаби олии Оактони Амрико бо ҷоизаи «Нишони сипоси юзпаланг» (Cougar Commendation Award) кадрдонӣ гардид. Мактаби Оактион яке аз макотиби бонуфузи иёлати Вирҷиниёи Амрико буда, ин ҷоизаи баланди он аст. Ромин дар синфи 9 таҳсил карда, навҷавони бо ҳунару истеъдод аст. Ба навохтани мусиқӣ (виолончел) шуғл варзида, варзишкори муваффақ аст. Ӯ дар риштаи ҷудо чандин бор қаҳрамони мусобиқоти маҳаллӣ гардидааст. Боиси хушнудӣ ва сарбаландии мост, ки насли ҷавон бо комёбиҳояш дар соҳоти мухталиф дар хориҷ эътибори миллатро боло мебарад. Мо ӯ ва волидайнашро табрик гуфта, барояш дар оянда орзуи муваффақиятҳои наву бештар дорем!. 03.12.2017.

Роҳҳои Рохарв таъмир  карда мешаванд

   SoxtirohБо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои маркази ноҳия таъмир карда мешаванд. Корҳои таъмириро ҶДММ “Тоҷикроҳсоз” ба амал оварда, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Айнӣ, Маҳмадулло Абдуллоев ва 8-уми март аз нав асфалтпӯш, қубурҳои обрави канори роҳҳо, симу симчӯбу чароғҳои хиёбонӣ ивазу азнавсозӣ ва пайраҳаҳои бари роҳҳо сангфарш карда мешаванд. “Тоҷикроҳсоз” яке аз беҳтарин ширкатҳои роҳсозӣ дар ҷумҳурӣ буда, васоити техникии муосирро соҳиб аст. Роҳбарии онро Басир Давлатшоев ба ӯҳда дорад. Дар посух ба суоли мо дар бобати мӯлати иҷрои корҳо гуфтанд, ки он бастаи суръати маблағгузорӣ ва шароити обуҳавоӣ мебошад, онҳо техникаи лозима ва коргару мутахассисини хуби соҳаро дар ихтиёр доранд. Дар ҳар сурат корҳои сохтмонӣ то 9 сентябри соли оянда бояд анҷом дода шаванд.

Коргоҳи нави нонпазӣ дар маркази ноҳия

  NunpaziДар шаҳраки Рохарв – маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкор Муминшоев коргаҳи пухт ва фурӯши нон, кулчақанд, нӯшобаю дигар маводи хӯрокии аз маҳсулоти ноҳия истеҳсолшуда дар мавриди истифода қарор гирифт. Зарур ба ёдоварист, ки нону маводи ғизоие, ки дар корхонаи ин соҳибкори муваффақ ба фурӯш бароварда мешавад, сифати баланд дошта, нисбат ба бозорҳо нархи арзонтар дорад. Умед аст, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯстамон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва дигар масъулин шумораи чунин марказҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии самти иҷтимоӣ дар шаҳраки Рохарв ва деҳот боз ҳам зиёдтар бунёд мешаванд. Зеро барои ташкили чунин иқдомҳо шароиту имкон мавҷуд буда, танҳо соҳибкоронро бо имдоду дастгирии мақомот саъйу талош мебояд. Масрур Шонасриддинӣ.

Ифтитоҳи корхона дар деҳаи Скад

Korxsharb  Дар деҳаи Скади Ҷамоати деҳоти М. Абуллоеви ноҳия корхонаи хурди шарбатбарорӣ кушода шуд. Корхонаро соҳибкор Амриддин Мусоев ба имдоди Хазинаи Оғохон ва USAID сохта, таҷҳизоти он ба маблағи 39 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ин ниҳодҳо таъмин гардидааст. Корхона ба фаъолият оғоз намуда, тибқи шартнома ба ноҳии Мурғоб 1000 қутии шарбат фиристода, иқдом ба паҳн намудани маҳсулоти хеш дар вилоят ва берун аз он гирифтаанд.
  Бо назардошти шароит ва ғановати табии Ванҷ имкони таъсиси чунин корҳонаҳои хурди истеҳсолӣ мавҷуд аст, вале соҳибкорони маҳаллӣ ба ин таваҷҷӯҳ надоранд. Бо ташкили дурусту оқилонаи кор метавон ҳадди ақал дар бозори вилоятӣ ҷою эътибор касб кард ва саҳме дар пешрафту ободии диёр дошт.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.