Ахбори қаблӣ

Мавҷи ҷадиди бориши барф дар водӣ

  BarfinavДар рӯзҳои охир мавҷи ҷадиди бориши барф водиро фаро гирифта, минтақаро дар ҳолати изтирорӣ қарор додааст. Сокинон  бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шудаанд. Барф роҳҳоро баста, соконони баъзе маҳаллоти деҳот аз хатари фаромадани тарма ба маҳаллоти дигар кӯч бастаанд. Ба нақли мардум бориши барф онҳоро ҳатто маҷоли рӯфтани роҳу атрофи хонаҳоро намедиҳад. Барфтӯдаи атрофи хонаҳо ба бомпӯши онҳо баробар гардидааст. Дар деҳаи Поймазор баландии барф ба зиёда аз 2 метр расидааст. Дарахтони бузург дар деҳот шикаставу аз бех афтода, роҳро банд намуда, симҳои қувваи барқро дар чанд мавзеъ кандаанд. Баъзе биноҳо низ зарар дидаанд. Аз ҷумла пешдевори бинои масҷиди деҳаи мазкур фурӯ рафтааст. Тармаи дараи Ғавеҷ дар Ванҷи Боло роҳи мошингардро бастааст. Идома

Иқдоми хайри ҳамдиёрон

  KondisionerЧанд нафар аз ҷавонмардони ҳамдиёри сокини шаҳри Твери кишвари Русистон ба масҷиди марказии ноҳия ду кондисионер эҳдо намуданд. Ин таҷҳизоти дорои кайфият ва арзишмандро аз он ҷо харидорӣ ва ба диёр ирсол кардаанд. Бар асари хунукии зимистони сарди имсола сафҳои намозгузорон дар масҷид кам гашта, аҳли масҷид эҳсоси сардиву нороҳатӣ мекарданд. Баъди анҷоми ин амали хайр мардум дар масҷид ибодоти хешро дар ин фасл ба роҳатӣ анҷом дода, ин бародарон соҳиби аҷру подош мегарданд.
  Бузургтарин ҷамоати ҳамдиёрони мо дар ин кишвар дар вилоят ва шаҳри Твер ва атрофи он маскан гузида, дар ҳаёти иҷтимоии ин вилоят ба андозае муассир гардидааст.

Армуғони Фаррух Амонатов аз сабқати байналмилалӣ

  FarxamonatВарзишгари тоҷик Фаррух Амонатов дар сабқати байналмаилалии шатранҷбозӣ барои дарёфти Ҷоми Авруосиё баранда шуд. Ин мусобиқаи мӯътабари байналмилалӣ бо унвони «Delhi International Open-2017» аз 9 то 16 январи соли 2017 дар Ҳиндустон сурат гирифта, дар он 258 шатранҷбоз аз 23 кишвари дунё ширкат варзиданд. Шатранҷбози тоҷик бо 7 бурду 3 мусовӣ имтиёзи бештаре ба даст оварда, ғолиби мусобиқа гашт ва нахустин пирӯзиро дар мусобиқоти байналмилалӣ дар соли 2017 ба кишвар армуғон овард. Фаррух Амонатов дар соли гузашта низ ҷоиза ва медали тиллоӣ Ҷоми Авруосиё оид ба шатранҷбозиро дар шаҳри Алматои кишвари Қазоқистон соҳиб гашта буд.
  Фаррух Амонатов 13 апрели соли 1978 дар ҷамоати Язгулом таваллуд шуда, ягона устоди шоҳмоти дараҷаи байналмилалӣ дар таърихи Тоҷикистон (2002), қаҳрамони чандинкаратаи шоҳмоти Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё дар байни ҷавонон (1992) буда, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор маротиба дар олимпиадаҳои солҳои 1996, 1998, 2002 ва 2006 ширкат варзидааст. Дар соли 2003 қаҳрамони шоҳмоти Маскав шуд. Ғолиби мусобиқаҳои «Москва-Open» ва «Владимир-Open» мебошад.

Аълохуҷа Сурхов ғолиби мусобиқа шуд

  shahmsrxfДар мусобиқаи шоҳмотбозӣ дар байни муаллимон ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ёвон устоди соҳибфазлу ҳунар, шоири ширинсухан, ҳамдиёри арҷманди мо Аълохуҷа Сурхов ғолибият ва мақоми аввалро касб намуд. Мусобиқа чанд рӯз идома ёфта, наздики 100 нафар дар он иштирок доштанд. Устодро барои ин комёбӣ табрик гуфта, дар мавриди ҷузъиёти мусобиқа аз ӯ тавзеҳоти муфассал хостем ва эшон арз намуданд: – “Гузаронидани чорабиниҳо ё мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба поси хотири ин ё он варзишгари номӣ дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, чунин мусобиқаҳо дар сатҳи ҷумҳуриву вилоятиву ноҳиявӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Вале муттаассифона ман боре ҳам нашунидаам, ки ягон мусобиқаи варзишӣ ба поси хотири ин ё он варзишгари равоншод дар сатҳи ноҳиявӣ гузаронида бошанд. Мо бо гузаштагонамон ифтихор мекунему вале поси хотири онҳоро ба коми фаромӯшӣ дода истодааем…Матни комил.

Бориши барфи навбатӣ дар водӣ

  barfidvmТайи рӯзҳои охир дар водӣ ба миқдори зиёд барф борид. Ин дуввумин бори бориши барф дар зимистони имсола буда, мушкилотеро барои сокинои водӣ дар пай овард. Маъмулан, дар минтақаи Ванҷи Боло, ки иртифои бештар дорад, нисбат ба қисмати поёнии водӣ зиёдтар барф боридааст. Ба нақли сокинони ин минтақа барфи рӯфтаи атрофи хонаҳо то ба бомашон баробар шудааст. Чуноне ки бархе аз сокинони водӣ тазаккур доданд, агарчанде бориши зиёди барф мушкилу машаққатеро дар зимистон ба мардум орад, нафъе ба баҳору тобистон ва ҳосили замину дарахт ва чарогоҳ дорад. Гузориши тасвирии Бахтиёри Шокаримро аз бориши барфи рӯзҳои охир дар ин ҷо тамошо кунед.

Хилватшоҳ Маҳмуд барандаи ҷоизаи “Мавқеъи шаҳрвандӣ”

  xilmahmudНамояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон ғолибони озмуни беҳтарин тадқиқоти журналистиро дар кишвар эълон карда, аз хабарнигорон қадрдонӣ намуд. Мубтакирони озмун муаллифони чанд тадқиқоти журналистиро бо ҷоизаҳои вижа қадр карданд. Аз ҷумла, хабарнигори маъруф, Хилватшоҳ Маҳмуд барои силсилаи таҳқиқотҳои арзишманд ва мавқеъи устувор дар ҷомеъаи маданӣ бо ҷоизаи вижаи “Мавқеъи шаҳрвандӣ” сарфароз гардида, соҳиби диплом ва тӯҳфаи молӣ шуд. Пажӯҳишҳои Хилватшоҳ Маҳмуд ба мушкилоти ҷомеъи шаҳрвандӣ, одамрабоӣ дар Тоҷикистон ва хатароти экологиву авоқиби он рабт доранд. Зимнан, хабарнигорони дигар Ёқуб Ҳалимов ва Мавзуна Абдуллоева бо ҷоизаи “Мубориза бо ришваситонӣ дар бахши маориф”, инчунин Мижгона Ҳалимова бо ҷоизаи “Ҳуқуқи занон ва кӯдакон” қадрдонӣ шуданд. Мудири минтақавии IWPR Абахон Султонназаров дар маросими бахшида ба ҷамъбасти тарҳи “Тавонмандсозии ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”, ки дар тарабхонаи мавсум ба “Панорама”-и Душанбе сурат пазируфт, гуфт: – “Тайи се соли идомаи ин барнома даҳҳо тадқиқоти журналистӣ таҳия ва нашр гардида, мо пажӯҳишҳои хуберо аз журналистон қабул кардем. Зимнан, як чунин тарҳҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт ва беҳбуду рушди журналистика дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор мегирад”.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.