Ахбори қаблӣ

Пазироии самимӣ аз Сомонпаҳлавон

Samanmahmad  Имрӯз Сомон Маҳмадбеков барандаи медали биринҷии Сабқати ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Загреби кишвари Хорватиё ба ватан баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе волидайн, ақрабо, ҳамдиёрон, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши зертобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаю гулдастаҳо истиқбол карданд. Сомонро нахуст намояндагони кумита таҳният гуфта, баъдан  хабарнигорон аз ӯ ва аз волидайнаш дар бораи ӯ пурсишҳо карданд.
  Сомон яке аз беҳтарин ҷавонпаҳлавонони кишвар буда, дастовардҳои бузургро касб намудааст. Ҳамин сол дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Африқо миёни наврасон дар моҳи апрел дар Тунис соҳиби медали тилло ва дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми Аврупо миёни ҷавонони 21 сола дар шаҳри Аради Руминиё дар моҳи июл соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардида буд. Сомон дар шаҳри Иркутски Русистон таҳти роҳбарии мураббиёнаш, паҳлавонони шинохтаи диёр Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Гузориши тасвирӣ аз пазироӣ дар ин ҷост.

Анӯшервон ду карат қаҳрамон шуд

Anushchemp  Анӯшервон Назарзода ҷавонпаҳлавони ҳамдиёри муқими кишвари Русистон дар мусобиқаи самбои наврасони ҷаҳон, ки дар шаҳри Нови Сади Сербистон баргузор гардид, дар вазни 56кг соҳиби ҷои аввал ва  қаҳрамони ҷаҳон шуд. Анушервон ду сол қабл дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Қибрис (Кипр) 6 декабри соли 2014 ба мақоми аввал шарафёб гашта, ба унвони нахустин қаҳрамони ҷаҳон дар торихи самбо дар вазни 46кг  (дар синни 15 солагӣ) номашро сабт карда буд ва бо ин ғалаба қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон шуд. Анӯшервон дар ҳоли ҳозир яке аз ҷавонварзишкорони муваффақи тоҷик дар ин кишвар мебошад ва ӯ то синни  15 солагӣ қаҳрамони Аврупо, се бор қаҳрамони Русия миёни наврасон дар риштаи самбо ва ноибқаҳрамони ин кишвар дар риштаи дзюдо гаштааст. 15.10.2017.

Нигоҳе ба 25 соли охири варзиш дар Ванҷ

  VanjpalvnАгар дар Доғистон шаҳраки Хасаюрт маркази куштии ин ҷумҳурӣ бошад ва дар Ирон шаҳри Ҷуйбори Мозандарон пойтахти куштии ин кишвар номбар шавад, дар Тоҷикистони Шӯравӣ маркази куштӣ ин ноҳияи Ванҷ буд. Дар байни тоҷикони дигар ванҷӣ ва гуштингир муродиф буданд. Ҳар як рустои Ванҷ паҳлавон ва чандин номзад ва устоди варзиши шуравӣ дошт. Ванҷиҳо дар туйҳо ва ҳама ҷашнвораҳо куштӣ ташкил мекарданд. Дар барфи зимистон, лойу чали баҳорӣ, гармии тобистон дар хирманҳои тирамоҳӣ, дар замини тоза ҷуфтшуда куштингири мекарданд. Пиру ҷавону кудак гуштигирӣ мегирифт.  Дар ҷашнҳо дар зери навои мусиқӣ хеле кам рақси духтаронро медидӣ. Мусиқӣ ва куштигирӣ бо ҳам сар мешуд Мусиқӣ менавохтанд, шеър мехонданд ва дар майдонҳо ванҷиён паҳлавонӣ мекарданд. Вақте кӯдаки ванҷиро аз гаҳвора мегирифтанд, як ду аликаш медохтанд ва бо ӯ бозии паҳлавонӣ мекарданд. Матни комил.

Ҳаводиси фоҷеабор дар диёр

  SadamotДар пайи чанд ҳодисаи вақтҳои охир дар диёр чанд нафар ҷон бохта ва бархе маҷрӯҳ гаштанд. Дар садамае, ки  бегоҳи 28 июл дар мавзеи Тагпашут зимни ба дарё чаппа шудани мошини сабукрав иттифоқ афтод, ду нафар ҷон дода, се нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳамаи онҳо сокинони Ҷамоати деҳоти Водхуд буданд. Рӯзи сеюми август ҳангоми убур аз Ванҷоб собиқ мудири Раёсати маорифи ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Рованд ва алъон мудири мактаби деҳаи Гармчашма Рустам Ёдгоршоев аз болои асп ба дарё афтода, ҷасадашро дар наздикии деҳаи Старғ пайдо намуданд.
Дар нимарӯзи 6 август дар байни деҳаҳои Андарбаг ва Жамаги Ҷамоати деҳоти Язгулом мошини сабукрав бо чаҳор мусофир ба дарёи Язгулом сарозер гаштааст, ки дар пайи ҳодиса ҳамаи онон ҳалок гаштаанд ва танҳо ҷасади яке аз эшон пайдо гаштааст. Фавтидагон Маҳбубшо Амоншоев, Назруллоҳ Ноибов, Имоммуҳаммад Имомов ва Толиббек Ғиёсов ҳама сокинони ҷамоати мазкур мебошанд. Барои фавтидагон аз Худованд талаби мағфират намуда, ба наздиконашон изҳори ҳамдардӣ менамоем! 07.08.2017.

Ҷоизаи беҳтарин устоди варзиш

  UmedjogharУстоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Умед Жоғараков, яке аз паҳлавонони шинохтаи диёр, ки ҳоло сокини кишвари Русия аст ва ба ҳайси мурраббӣ фаъолияти корӣ дорад, аз ҷониби ҳукумати вилояти Твери ин кишвар сазовори ифтихонома ҳамчун беҳтарин устоди ҷудои вилоят гардид. Хидматҳои сазовори ӯро дар роҳи рушду равнақи ин навъи варзиш дар рӯзи ҷашни ноҳияи Рамешкӣ қадрдонӣ намуда, ҷоизаро вазири фарҳангу варзиши вилоят ба ӯ тақдим намуд. Шогирдони Умед аксаран тоҷикони муқими он ҷо буда, дар мусобиқоти умумирусиявию берун аз ҳудуди он ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд.
  Умед Жоғараков яке аз паҳлавонони беҳтарини диёр дар замони худ буда, ҳунарнамоиҳои ӯ дар майдонҳои ноҳияву ҷумҳуриявӣ писанди мухлисон буд. Вале, мутаассифона, даврони ҳунарварии ӯ ба замони нооромиҳо баробар омада буд, ин ба ӯ имкони ҳунарнамоӣ дар мусобиқоти байналмиллалиро надод ва бо ҳунари волояш шояд соҳиби унвонҳои баланди варзишӣ мегардид.

Ҳайдаршо Пирумшо узви Академия илмҳо гадид

  PirmhaydarshoДоктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, мудири шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Донишкадаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаршо Пирумшоев узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ҳайдаршоҳ Пирумшоев муаллифи беш аз 30 рисолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, қариб 300 мақолаҳои илмӣ ва назариявии дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расида мебошад.
  Хизмати арзандаи устод барои диёр таълифи китоби “Таърихи Дарвоз” ва китоби “Ванҷ” ба муносибати ҷашни 80 солагии таърихи ноҳия мебошад. Устодро ба муносибати дарёфти унвони баланд таҳният мегӯем. Маълумотномаи муфассал дар бораи устод Ҳайдаршо Пирумшоев дар ин ҷо мавҷуд аст. 17.07,2017.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.