Ахбори қаблӣ

Пирӯзии ҷавонпаҳлавонони диёр

  MirzomahmadБа илҳом аз қаҳрамонии Хушқадам Хусравов ҷавонпаҳлавонони диёр дар дохилу хориҷи кишвар ноил ба комёбиву пирӯзиҳо гаштанд. Рӯзи 17.02.2019 паҳлавони шинохта, Мирзо Шукориев дар финоли Ҷоми ҷудои Аврупо миёни ҷавонон (дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия), ҳарифаш Ибрагимгазӣ Сулейманови доғистониро мағлуб намуда, Қаҳрамони Ҷоми ҷудои Аврупо миёни ҷавонон дар вазни то 81кг гардид. Дигар ҷавонпаҳлавони ҳамдиёр Маҳмадбек Маҳмадбеков дар ин мусобиқа дар вазни 73кг қаҳрамони Ҷоми ҷудои ҷавонони Аврупо гардид.Ӯ дар панҷ набард панҷ пирӯзии соф ба даст овард.
  Агарчанде онҳо Русияро намояндагӣ мекунанд, ҳамеша шаъну шарафи тоҷикро ҳимоят карда, исбот карданд, ки миллати мо низ мисли дигар миллатҳо тавон ба касби фатҳу пирӯзиҳо дорад. Ҳамчунин, ҷавонварзишгарони зиёди ҳаммиллати мо дар навъҳои мухталифи варзиш дар ин кишвар комёбиву пешравиҳо доранд.

Мушкилоти зимистони имсола

  RaipshixarvЗимистони имсола дар нисбати порсола камбарфтар омад, вале ба миқдори назаррас барф борид ва мушкилоте барои сокинони диёр пеш оварда, ҳатто хисорати ҷонӣ дар пай овард. Тавре ки пештар хабар додем, тармафарои сабаби марги ҷавонмарди диёр гардид. Дар байни деҳаҳои Старғу Мурғутгаи Ванҷи Боло тарма роҳ ва иртиботро бо деҳоти болотар баст, вале ҷавонмардон бо қувваи даст роҳро кушоданд. Дар мавзеи Сӯхтгиёи деҳаи Ширговад низ тарма роҳи мошингузарро банд намуд ва он бо техникаи идораи роҳсозии ноҳия тоза карда шуд. Бориши барф сокинони деҳаи Пшихарвро бо мушкилот мувоҷҷеҳ сохт ва онҳо маводи лозимаи рӯзгорро тавассути харҳо ба деҳа мекашиданд.
  Кормандони идораи роҳсозӣ нисбат ба солҳои гузашта имсол дар водӣ амалиёти сареътар доштанд ва барфи боридаро бо техникаи дошта зудтар рӯфта, роҳҳоро кушоданд, аммо ин корро дар тамоми ноҳия анҷом дода натавонистанд.

Ҷасади Ҳукмишоҳро пайдо карданд

  HukmishohsБориши зиёди барф дар навоҳии Бадахшон хисороти ҷонӣ дар пай овард. Тармафароӣ дар Ишкошиму Бартанг сабаби ҳалокати одамон гашт. Ноҳияи мо низ аз ин фалокат нараҳид. Ҳалокати ҷавонмарди диёр мардумро маҳзун кард. Се  ҷавонмард аз деҳаи Жамаг азми шикори кабк карданд ва ҳангоми фаромадани тарма ду кас ҷон ба саломат бурда, ҷавони 27-сола Ҳукмишоҳ Саидов дар зери тарма монд. Ҳодиса дар нисфирӯзи 15 январ ба вуқӯъ омада буд ва ҳамдеҳу ҳамдиёрон бо белу каланд дар тӯли ёздаҳ рӯз ҷасади ӯро ҷуста, имрӯз 26 январ пайдо карданд.
  Падари марҳум Амиршоҳ Саидов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт ва пас аз шунидани хабари шум оҷилан ба ватан баргашта, писарро дар зери барфтӯдаҳо ҷустуҷӯ намуд. Ҳукмишоҳ якуним сол қабл издивоҷ карда, писараш шашмоҳа мебошад. Худованд ба Амиршоҳ дар таҳаммули мусибати сангин сабр ато намояд ва манзали охирати марҳумро обод гардонад!.

Нашри Девони Ҳофиз бар асоси дастхати Муллоёр

  DevhofmulyorБарои ҳаводорони фарҳангу адабиёти форсу тоҷик китоби нодир – дастхати Мулло Ёри Ванҷӣ таҳти унвони “Девони Ҳофизи Шерозӣ” (Бар асоси нусхаи дастхати Мулло Ёри Ванҷӣ) ба нашр расид. Тавре дар нусхаи асл ва китоби нашршуда ҳам омадааст:
“Таммат ҳозиҳи-н-нусха аш-шарифа мин яди-л-фақири-л-ҳақир Мулло Ёр ибни Додихудо дар мавзеи Рохарв санаи 1285”, яъне: “Ин нусхаи шариф ба дасти фақири ҳақир Мулло Ёр фарзанди Додихудо дар мавзеи Рохарв дар соли 1285 (ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1868 мелодӣ) ба поён расид”.
  Мураттиби китоб ва муаллифи сарсухан, шарқшиноси шинохта, файласуф ва корманди масъули Академияи улуми Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев буда, баргардони матни ғазалу дубайтиҳоро аз форсӣ ба хати сириллик Қурбоналӣ Идрисов анҷом додааст. Китоб бо сарпарастии молии соҳибкори тоҷик Абдулбаҳор Мирзоев ба дасти чоп расидааст. Муфассал.

Хушқадам қаҳрамони ҷаҳон шуд!

  XushchempҶавонпаҳлавони маъруфи диёр Хушқадам Хусравов Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шуд. Шоми 11 ба 12 ноябри соли 2018 дар шаҳри Бухарести Маҷористон тавонист парчами кишварро дар арсаи паҳлавонӣ парафшон кунад ва сари мухлисону ҳамватану ҳамдиёронро ба осмон расонад. Ӯ савумин Қаҳрамони ҷаҳони ҷумҳурӣ ва нахустини ноҳияву вилоят дар ин навъи варзиш аст.
  Хабари қаҳрамонии Хушқадам кишварро таконе дод ва аҳли онро шодмон гардонд. Дар маркази Ванҷ ба хотири пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон, нахустин қаҳрамони диёр бо ширкати масъулини ҳукумати ноҳия, фаолони ҷомеа ва собиқадору муҳассилини макотиби водӣ ҳамоиш сурат гирифт, ки дар он теъдоди зиёд ҷамъ омада, изҳори суруру шодмонӣ ва ташаккур аз паҳлавон карданд.

Хисороти иқтисодӣ бар асари барфборӣ

  BarfpoymazorБар асари боришҳо ва сардшавии ҳаво мардуми диёр зиёни иқтисодӣ диданд. Хусусан, бориши барфи шаби гузашта ва субҳи имрӯз дар деҳаҳои Ванвану Поймазор ба ҳосили дастранҷи яксолаи сокинон хисорот расонида, ба вазъи иҷтимоию иқтисодии хонаводаҳо таъсири манфӣ расонидааст. Ҳанӯз картошка ҷамъоварӣ нашуда, лӯбиё ва боқило дар замин аст. Боғҳои пур аз ҳосили себ низ зери барф мондаанд.
  Деҳаҳои ниҳоии Ванҷ Ванван ва Поймазор дар подомани лозурҳои (пиряхҳои) Федченко, Кашолаях ва Хирсон воқеъ буда, ҳамагӣ 11 км аз баландтарин қуллаи ИДМ – қуллаи Исмоили Сомонӣ (Коммунизми собиқ) фосила дошта, дар баландии 2811 метр аз сатҳи баҳр ҷо гирифтаанд. 09.10.2018. Гузориши Хилватшоҳи Маҳмуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.