Мусобиқаи ҷудо дар Бовуд
Имрӯз дар деҳаи Бовуд мусобиқаи ҷудо дар байни наврасон баргузор гардид. Мусобиқа ба хотири ёдбуди паҳлавони варзидаи диёр Зиёратшоҳ Музофиров ва бо сарпарастӣ ва имдоди молии фарзандони паҳлавони марҳум ташкил дода шуд. Дар муобиқа паҳлавонони ҷавон аз баъзе мактабҳои ноҳия дар вазнҳои аз 25 то 60 кг ширкат варзида, дар байни ҳам қувваозмоӣ карда, ғолибон бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Устоди варзиши шӯравӣ ва ҷумҳурӣ Зиёратшоҳ Музофиров яке аз паҳлавонони барҷаста, номбардори диёру кишвар буд. Ӯ маҳорати устодии хешро ба шогирдонаш ба мерос гузошт ва онҳо дар мусобиқоти расмию ғайрирасмӣ, дар дохилу хориҷи кишвар борҳо пирӯз шуданд. Иқдоми фарзандони паҳлавон, ки меросбари шуғли падарӣ буда, саъй ба тарғибу таҳкими варзиш дар миёни навҷавонон доранд, амали шоиста ва сутуданист. Ҷадвали ғолибони мусобиқа дар ин ҷо дарҷ шудааст. 04.08.2018. Гузориши Бахтиёр Шокарим.
Маросими ҷанозаи Раҳим Масов
Расми бахоксупории олими маъруф, ки дирӯз аз олам даргузашт, субҳи имрӯз, 22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Маросими ҷаноза дар масҷиди марказӣ барпо гашта, қабл аз он намояндаи рӯҳоният, баъдан, раисони Академияи илмҳо ва Шӯрои уламои дин дар бобати хидматҳои бузурги академик барои миллати тоҷик дар ҳузури ҷамъомадагон сухан гуфтанд. Барои видоъ бо олими бузург мардуми зиёде аз аҳли илму фарҳанги кишвар, шахсони расмӣ ва хешу ҳамдиёрон ва намояндагони васоити ахбор ҷамъ омада буданд. Пас аз адои маросими ҷаноза тобути олимро ба гӯристони Лучоб, ки аҳли илму зиёи фавтидаи кишвар дар он ҷо мадфун аст, бурда, дар қатори эшон ба хок супурданд. Раҳим Масов дар тӯли ҳафтодунӯҳ соли умр мероси гаронбаҳои оламшумули илмӣ ба мерос гузошта, номи хешро дар қатори абармардони илму фарҳанги миллат сабт намуд. Худованди мутаъол эшонро раҳмату мағфират кунад!. Гузориши тасвирӣ аз маросим дар ин ҷост.
Раҳим Масов аз олам даргузашт
Раҳим Масов олими бузург, доктори илми таърих, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарди номдори диёр, субҳи рӯзи 21 июн дар бемористон бистарӣ гардида, бар асари сактаи мағзӣ дар вақти пас аз зуҳри ин рӯз, дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Масов аз ҷумлаи уламои мӯътабар ва мунҳасир ба фарди замони нав буд, ки бузургтарин хидматеро барои миллати худ пас аз Бобоҷон Ғафуров ба анҷом расонида, намунаи фитрати асили тоҷикиро дар тӯли ҳаёт аз хеш зоҳир сохт. Ӯ барои насли замон намунаи ростқавлӣ, ҷасорат, ҳақгӯӣ, нотарсӣ ва рамзи номусу ғурурӣ миллӣ буда, зиндагӣ ва манофеи шахсии хешро нисори вазифа ва массъулият, ки хидмат ба миллат буд, намуд. Ҳамчунин, барои диёри хеш хизмати бузургу беҳамтоеро адо намудаанд ва мо таъзияти амиқи хешро ба аҳли диёру кишвар, ки фоҷеае барои он аст, изҳор медорем!.
Ду медали тиллои Ҳумоюн
Ҳумоюни Маҳмадназар хонандаи синфи даҳуми Литсейи президентии шаҳри Душанбе дар олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон иштирок намуда, бо ду медали тилло ба ватан баргашт. Ӯ дар фанни риёзӣ аз ҳамаи ҳамсололонаш аз мамолики дигар натоиҷи беҳтар нишон дода, мақоми баландтаринро ба даст овард, ки ин комёбияш шаъну шарафи толибилмони ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Волидайни Ҳумоюн зодагони деҳаи Ғуҷоваст буданд, ки ба амри тақдир дунёи фониро тарк кардаанд. Муваффақияти фарзанди хешро надиданд, вале комёбии фарзандашон боис гашт, ки ҳазорон кас аз эшон ёдоварӣ кардаву дар моҳи шарифи рамазон барояшон аз Худованд дархости раҳмату мағфират намуданд ва мо ба Ҳумоюн дар оянда бурдбориҳои бузург таманно дорем!.
Хилватшоҳ Маҳмуд ғолиби озмуни Созмони Миллал
Дар таърихи 4 майи соли ҷорӣ лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-и СММ озмуни “Замини зархез”-ро, ки барои намояндагони ВАО роҳандозӣ карда буд, ҷамъбаст кард. Ба озмун 8 матлаб пешниҳод шуд, ки 5 довари соҳибтаҷриба ва кордон онҳоро баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти овозҳо мақолаи хабарнигор Хилватшоҳ Маҳмуд (Хоҷаев) таҳти унвони “Озуқа ба хотири оянда — барои мардум ва фардои беҳтари онҳо”, ки дар нашрияи «Озодагон» чоп шуд, сазовори ҷои аввал гардид. Тибқи муқаррароти озмун ба ғолиб аксбардори ҳирфавӣ ва диплом тақдим шуд. Барои хондани матни комили хабар лутфан, ба ин ҷо руҷӯъ кунед.
Бозсозии роҳҳои Гишхун
Бозсозии роҳҳо бо ташаббуси мардум ва фарзандони деҳа, ки дар хориҷ қарор доранд, роҳандозӣ шудааст. Ин бозсозӣ васеъкунӣ, таъмири тамоми роҳҳои деҳа, ки бештар аз 7 километрро ташкил медиҳанд, ҳамчунин роҳи пайвандгари деҳа ва маркази ноҳияро, ки наздики 2 километр аст, дар бар мегирад. Дар ин кор ҳукумати ноҳия низ саҳмгузорӣ карда, аз ҷиҳати техника дастгирӣ кардааст. Ташаббускори асосӣ имоми масҷиди деҳа Мулломурод Бачонаев буд, мудирияти корҳоро ба зиммаи ӯ мебошад. Ин корҳо дар ду марҳила анҷом шуданд. Қисмате дар соли гузашта ва қисми дигари корҳои таъмиркунӣ ин баҳор идома дода шуданд. Роҳҳои деҳа баъди пошхӯрии шӯравӣ рӯ ба тахриб оварда буданд ва ин мардуми деҳаро водор сохт то даст ба таъмиру таҷдиди онҳо зананд.
Назари хешро иброз кунед