Идрис Нӯъмонов

  Идрис Нӯъмонов соли 1935 дар деҳаи Мудехарв (Дуршер) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Солҳои 1954 – 1958 дар факултаи забону адабиёти Донишкадаи шаҳри Душанбе ба номи Т.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев), таҳсил кардааст. Солҳои аввал баъди хатми он дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ғуҷовас ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд.
  Маҳорати баланди омӯзгорӣ ва ташкилотчигии И.Нӯмоновро ба назар гирифта, роҳбарият ӯро ба мудирии Шӯъбаи тағриботу ташвиқоти ҳизби комунистии ноҳияи Ванҷ тавсия намуд. Солҳои 80-ум роҳбари ташкилоти ҳизбии совхози Федченкоро ба ӯхда дошт. Охири солҳои ҳаштодум ӯ аз нав ба кори омӯзгорӣ баргашта, дар вазифаи директории мактаби №12 деҳаи Дуршер кору фаъолият намуд.
  Хизмати садоқатмандонаи ӯро ба назар гирифта хоҷагии деҳқонии деҳаи Ширговад, Дуршер ва Старғро ба унвони ӯ номгузорӣ намуданд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Устоди ҷасур

  Инсон ба юмни соҳибияти шаъну шарафи одамӣ ва дифоъ аз ҳайсияту арзиши инсонии хеш дар ҷомеа эътироф, эҳтиром ва эътибор касб менамояд. Ба хотири ирзои нафс зери по гузоштани иззати нафс инсон ин ҳамаро аз даст медиҳад, ба навкару бардае табдил мешавад, лаган бардошта, ҳар ду даст бар сина гузошта, сару гардан хам намуда, амр мепазирад, аз адои аъмол ба хости хоҷаву ризои ӯ ифтихор мекунад, вале дар назари умум номуси одамӣ ба бод дода ва мардум ба ӯ бо чашми нафрату ҳақорат менигаранд.
  Зодгоҳи мо, аслан, маскани мардумони бонангу номусу ғуруре буд, ки тоби кашидани бори хидмату навкариро наоварда, тарки роҳати зисти ҳамвориҷойҳои гарму обод намуда, кӯҳистони дуру сарди сарбастаи дастнорасро ватан карданд. Бо вуҷуди теъдоди андак ҳифзи истиқлол карда, алайҳи таҳоҷуми бузург (Аморати Бухоро ва Ҳукумати Шӯравӣ) ба мубориза бархостанд.
  Дар замони салтанати русҳо наслҳои баъдина таҳти ғояву тарбияти эшон бузург шуданд, аммо ҳувияту ҳайсият нигаҳ дошта, дар роҳи ҳифозату рушди адабу фарҳанги миллӣ хидматгузориҳо карданд. Дар масири талош баҳри тақозои ҳаққи милату дифоъ аз нигаҳдошти тиккаҳои сарзамини миллат ва бузургдошти фарҳангу ҳувият ҳамдиёрони мо мисли Раҳими Мас пешсаф буданд.
  Идриси Нӯъмон ходими давлатӣ ва муаллими маъруфи диёр намояндае аз он наслу мактаб буд. Ҳаёти пуразоби ятимиро дар солҳои сахту вазнини сию чиҳили асри XX дар хурдсолӣ паси сар карда, дар факултаи забону адабиёти Донишкадаи омӯзгории ҶШС Тоҷикистон ба номи Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) таҳсил карда (дар солҳои 1955-1958), пас аз хатми он ба диёр баргашта, ба омӯзгорӣ машғул мешавад.
  Дар замони таҳсил яке аз беҳтарин донишҷӯёни донишкада будаанд, ки шарикдарсонаш монанди уламои маъруфи кишвар Носирҷон Маъсумӣ, Маҳмадулло Лутфуллоев, Урун Кӯҳзод ва дигарон таассуфи ба қария рафтанашро мехӯрданд. Эътироф доштанд, ки ӯ донишмандтарини онҳо буд ва дар ин ҷода то ба қуллаҳои баланди илм мерасид. Устод ба зодгоҳ рафт ва пас аз муддате тадрис ҳамчун ходими давлатӣ солҳои тӯлонӣ ифои вазифа намуд.
  Мардум аз ҷиддияту қатъият, таъсиру сиёсат, назму сахтгирии ӯ дар замони фаолияти корӣ ёдоварӣ мекунанд. Дар охири солҳои ҳаштод (дар соли 1988) боз ба кори омӯзгорӣ баргашт ва вайро мудири мактаб таъйин карданд. Мо дар он ҳангом дар синфи шаш мехондем. Муаллими фаннҳои забон ва адабиёти мо шуд. Аз он пас низоми таълиму тарбия дар мактабу синф дигар гашт.
  Ба истифода аз маҳорати раҳбарӣ бо таҷрибаи ғанӣ низоми дурусти идоракуниро дар мактаб роҳандозӣ намуд. Ба ҷаҳду талош мактабро аз ҳаштсола ба миёна табдил дод. Бо ташаббусу кӯшишу заҳамоташ дар давоми мактаб биное бо шаш синфхона сохтанд. Боғу алафзори мактабро обод намуда, маҳсули онро барои хароҷоти мактаб истифода мебурданд. Робитаи пайвастаи мактаб бо оила барқарор гардид.
  Устод қомати паст, вале ҷасорати беандоза доштанд. Муаллимон, хонандагон ва умуман, аҳли деҳ дар нисбаташон эҳтиром дошта, ҷуръати ба ӯ мустақим нигаристан ва дар ҳолати асабонияташон сухан гуфтан надоштанд. Намояндагони шӯъбаи маориф, ки барои санҷишу тафтишҳо ба мактаб меомаданд, аз ӯ тарс доштанд ва шоҳиди сарзаниши онон аз ҷониби ӯ чанд бор будем. Намояндагоне, ки аҳёнан аз маркази вилоят меомаданд, бо ӯ эҳтиёткорона рафтор мекарданд.
  Дар олимпиадаи ноҳиявӣ дар мактаби марказ ҳамчун шогирди устод ширкат доштам ва ҷои аввалро ба дигаре ба хотири табъи шоирӣ доштанаш доданд. Устод аз паси корҳо рафта, дертар расиданд. Раисону аъзоёни озмуну устодони макотиб дар он ҷо ҷамъ буданд ва баҳогузории ноодилонаи онҳо ӯро оташин намуда буд. Онҳоро бо алфози тунд маломату сарзиниш мекард, вале ҳама мисле, ки хонандагон бошанд, сар хам намуда, касе ҷуръати посух додан надошт.
  Боре дигар ба деҳае ба олимпиадаи байнимактабӣ рафта будем. Яке аз ҳамраҳони навраси моро, ки бо ҳамсинони он деҳаш зид будааст, чандкаса зада, бинияшро хунсор карда буданд. Устод, ки бо соири муаллимон машғули тафтиши иншоҳо буданд, ба таъхир хориҷ шуда, ҳоли ӯро диданд ва бо баромадани бонги ӯ хурду бузурги аҳли он деҳ аз назарҳо ғоиб шуданд.
  Устод дар баёни андеша ҷасур буданд. Аз касеву чизе ибо надошт. Ҳатто аз афоде, ки дар китф силоҳи оташфишон гузошта, мегаштанд, бим надошт ва онҳоро сарзаниш низ мекард. Марди адолатпараст буда, сухани росту ҳақ ва айбу гуноҳи касонро на дар паноҳ, балки мустақиман мегуфт.
  Устод соҳиби ғуруру номусу шаҳомат буданд. Ҳамеша сару овози баланд ва бо хурду бузург, кабиру фақир яксон муомала доштанд. Дар дидору ҳузури касе сархам наменишастанд, баръакси ҳол, ҳатто садрнишинон ба ӯ эҳтирому муносибати эҳтиёткорона доштанд. Аз виҷдони поки хеш мефахриданд ва шогирдонро талқин ба доштани ин сифоти воло менамуданд.
  Устод худ як махзани илм буданд. Ҳатто муаллимонро барои ислоҳу такмили дониш таълим медоданд. Барои таълими хонандагон нерӯ ба харҷ медоданд ва шогирдони босаводро дӯст медоштанд. Бандаро шогирди вижа гирифта буданд ва бар замми дарсҳои синфӣ, бо ман машғулияти инфиродии омӯзиши сарфу наҳву машқи иншо мегузаронданд. Ба ҷиҳати шогирдӣ ва хешовандӣ дар нисбати банда хеле муҳаббат доштанд. Боре маро оби дарё бурда буд ва ҳамдеҳмарди ба тасодуф гузаранда наҷотам дода буд. Ниме аз рӯзу шабе беёд хобида будам. Чун ҳушбасар шуда, чашм кушодам, устодро дар сари болин дидам, ки ашк мерехт.
  Устодро мисли ҳазорон ҳазор афроди он замон аз тифлӣ ҳукумати шӯравӣ дар парваришгоҳҳои худ парварда, ғояву таълимоти хешро аз он овон дар зеҳнашон ҷо дода буд. Замоне фаро расид, ки пояҳои он ҳукумат пӯсидаю шикастанд ва ғояву ақоиди он ботил шуданд ва мардуми боидрок мисли устод инро дарк намуданд. Охирин боре, ки бо устодро дида будам, ҷомаи миллӣ пӯшида, миён баста, тоқӣ ба сар гузошта, ки хеле ба ӯ зебида буд, дар боғаш машғули кор буд. Ӯ дар он авқот намозхон шуда буд. Меҳнатдӯстӣ дигаре аз сифоти неки вай буд, ӯ тоқати бекор нишастанро надошта, доимо даст ба коре зада, ҷунбу ҳаракат дошт.
  Ҳар чӣ мо аз илми адаб адӯхтем, ба туфайли таълиму раҳнамоиҳои устоди бузургвор ба даст овардем. Устод намоди ғуруру номус, ҷасорату далерӣ, ростқавлӣ, озодандешию озодбаёнӣ, донишмандию меҳнатдӯстӣ буда, намунае барои ибрату тақлид аст, ки ин ҳама аз нишони хисоли ниёгон аст, ки устод аз эшон ба ирс бурда буду мо низ бояд аз ӯву афроди амсоли ӯ омӯхтаву дар зиндагии дунё ба кор барем.
  Идрис Нӯъмонов дар соли 1935 дар деҳаи Мудехарв таваллуд шуда буд. То соли 1988 ҳамчун ходими давлатӣ адои вазифа карда, дар ин сол мудири мактаби №12-и деҳа таъйин гардида, то соли 1994 дар ин вазифа кору фаолият намуд ва дар соли 1995 аз олам даргузаштанд. Имрӯз ба шарафи ӯ хоҷагии деҳқонӣ номгузорӣ шудааст. Ашраф Акрам.

Устоди сахтгир

  Дар ҳаёти мактабии мо ҳам ҳодисаи хуб рӯй дод. Ҳамон сол Нӯъмонов Идрис шодравон пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мактаби мо директор таъин гардида омад. Идрис аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш сабақ – дарс мебошад ва дар ҳақиқат Идрис дарс ва сабақ буд. Он кас ҷавони дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ ва нисбати кор ниҳоят сахтгир буданд ва аввалин маълумотдор дар ҳаёти мактаби мо ба ҳисоб мерафтанд.
  Нӯъмонов Идрис як шахсе буданд, ки худро ба тезӣ дар дили мардуми деҳа ҷой карда тавонистанд . Гумон мерафт, ки ӯро Худованд танҳо барои таълиму тарбияи насли наврас дониста ё мақсаднок офаридааст. Ӯ қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошт. Самараи заҳмати ӯро дар он мебинам, ки аз дастпарварони пеш касе соҳибмаълумот нагардида буд. Дар як муддати кӯтоҳ дастпарварони он кас Тоҳир, Дастам, Пайшамб, Муборак, Марҳамад, Ҳизатшо, Зиёратшо, Аҳтам, Чоршамб, Назриддин, Саравзо, Бегим, Назарбегим, Саодат ва бисёре маълумоти олӣ гирифтанд.
  Як зумраи дигар дар мактабҳои касбӣ таҳсил намуда, ихтисоси арзандаро соҳиб гардиданд ва дар соҳаҳои гуногун фаъолияти меҳнатӣ менамуданд. Роҳбарони ҳизбӣ инро пай бурда бо ҳар роҳ мехостанд Нӯъмоновро ба ноҳия ба вазифаи ҳизбӣ баранд.
  То омадани онҳо дар деҳаи мо тамоман одамони дорои маълумоти олӣ набуданд. Баробари ба кор омаданашон муаллимони мактаб Боев Мулло, Юсупов Ҳ, Иматшоев Ғайрат ба шӯъбаи ғоибонаи мактаби олӣ дохил шуда, сатҳи донишу малакаи худро баланд бардошта, коро бо сифати баланд оғоз бахшиданд.
  Нӯъмонов Идрис тадбире андешид, ки хонандагони бе тайёрӣ ба дарс омада пас аз дарс то аз худ кардани барнома нигоҳ дошта, муаллимон бо онҳо корҳои иловагӣ мебурданд. Масъулияти хонандагон ҳам баланд гардид ва мо аз он кас сахт метарсидем. Хонандагон медонистанд, ки агар бе тайёрӣ раванд дар охири дарс нигоҳ дошта мешаванду ин дар қишлоқ овоза мешавад.
  Ғайр аз ин, яке аз тадбирҳои беҳтарине, ки онҳо андешида буданд, навбатдории коллективи муаллимон дар қишлоқ буд. Муаллимони навбатдор бегоҳӣ ва шабона хона ба хона гашта, рафти дарстаёркунии шогирдонро месанҷиданд ва пагоҳӣ одамони ба корҳои беҳуда машғул бударо шарманда мекарданд. Махсусан, дар зери роҳбарии он кас махфилҳои фаннӣ, газетаи ҳаҷвӣ, ҷамъомади пагоҳирӯзӣ фаъолона кор мекардагӣ шуд.
  Аз ҳама тадбири таъсирбахш ва беҳтарине, ки он кас андешида буданд, маҷлисҳои чорякӣ буд, ки дар як бинои калони қишлоқ бо иштироки хонандагон ва падару модарон мегузашт. Дар маҷлис ҳама аҳли қишлоқ, роҳбарони колхоз ва пирони барнодил даъват мешуданд. Фаъолияти ҳар синф дар алоҳидагӣ таҳлили ҳаматарафа карда мешуд. Дар ин ҷо ҳам нанг, ҳам номус, ҳам шарму ҳаё, ҳам ифтихору ғурур авҷ мезад.
  Падару модарон пас аз ин маҷлис ба хона баргашта, муносибаташонро ба мактаб, таҳсил, давомот, сару либос ва муҳайё сохтани шароити дарстайёркунии фарзандонашон дигар мекарданд. Ман гумон мекунам, ки Нӯмонов Идрис аз манфиати шахсӣ дида манфиати ҷамъиятиро боло мегузошт. То кадом андоза онҳо ба кор содиқ буданд, шабу рӯзашон дар пай иҷрои супоришҳои ташкилотҳои болоӣ мегузашт. Падари серфарзанд буданд, аммо ҳамеша дур аз оила ва дар паи иҷрои супоришҳои ҳизбӣ буданд.
  Тамоми талошҳои пайгиронаи Нӯъмонов Идрис буд, ки аз ҳамин қишлоқи хурдакак 30-40 нафар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил гардида, мутахассисони варзида гардиданд, ки ин анъанаи хубро директорони минбаъда ҳам пайваста давом доданд.
  Як чиз аз хотирам намеравад, ки дар солҳои талабагии мо дар қишлоқ барқ набуд, дарсҳоямонро дар пеши шамъ тайёр мекардем. Падарам шамъро хомӯш карда, ба хоб кардан супориш медоданд ва ман бошам интизор мешудам, ки кай падарамро хобаш барад, оҳиста хеста шамъро даргиронда, хонданамро давом медодам. Дар чунин давраҳо мо хонда соҳиби маълумот гардидем ва афсӯс мехӯрам, ки ин шароити хубро надидем.
  Соли 1965 ин мактабро мо бо маълумоти ҳаштсола хатм кардем ва ҳоло ҳам меҳру муҳаббати ин мактаб ва он устодонро дар қалбамон мепарварем. Ҳатто кадом вақте, ки гузорамон ба ин даргоҳ афтад ба ёди устодонам тавоқуф карда, дар ҳаққи рӯҳу арвоҳашон дуое мебахшам. Онҳо дар ҳақиқат сазовори як каф дуои мо шогирдонанд. Баъзан, аз ҳолу аҳволи аҳли байташон як сари қадам даромада пурсон мешавем, зеро ки қимату манзалати устодон дар ислом ҳам ниҳоят баланд мебошад. Беҳуда нест, ки Саноӣ фармудаанд:
Ҳақи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Гар падар тарбият кунад сад сол,
Нозу неъмат туро диҳад ба камол,
Наравӣ то ба хизмати устод,
Илму ирфон куҷо бигири ёд?
Ҳурмати устод ҳар ки надошт,
Алами илм дар ҷаҳон нафарошт.
  Мумкин дуои неки онҳо буд, ё ёрию мадади рӯҳу арвоҳашон, ки мо як гурӯҳ шогирдон дар зиндагӣ роҳи худро ёфтем ва ба ҳамин дараҷаи камолот расидем. Имрӯз ҳам фикр мекунам, ки мебоист онҳо моро аз будаш сахттар мегирифтанд, бештар танбеҳ медоданд, зеро ки мактаби педагогии аҷдодии мо ниҳоят баланд мебошад. Бояд дар тарбияи фарзанд мактаби Рӯдакӣ, Саъдӣ, Сино, Ҷомӣ, Балхиро сармашқи кору зиндагии худ намоем, он гаҳ ба чизе ноил гардидан мумкин мегардад. Бояд ҳама кор дар асоси майлу хоҳиши самимӣ ва аз рӯи садоқати бепоён бошад, ки шоир фармудааст:
Намозе к-аз сари сидқу сафо нест,
Агар дар каъба бигзорӣ раво нест.
  Ҳатто намоз, таҳсил, касбу ҳунар ва зиндагию рӯзгордорӣ бояд самимӣ ва садоқатмандона бошад, он гаҳ ба чизе ноил шудан мумкин аст. Ё дигар шоир бар ҳақ ва ба таври раднашаванда фармудааст:
Илм аст бараҳна рӯ таҳсил зар аст,
Тан хонаи анкабуд, дил болу пар аст.
Заҳр аст ҷафои илм, маънӣ шакар аст,
Ҳар пашша аз ӯ чашад, ӯ шерри нар аст.
  Дарёфти маърифати олам яке аз масъалаҳои мураккабтарин дар ҳаёти инсоният буда, ба касе муяссар нагардидааст, ки бе заҳмат ба он мушарраф шавад. Пашшаро танҳо илму дониш ба шерри ғурранда табдил медиҳад. Ё аз тарафи дигар шоир барҳақ мефармояд:
Доно ба ҳар диёр азизу муккарам аст,
Лаънат бар он диёр, ки нодон бувад азиз.
  Аз даргоҳи Худои бузург шабу рӯз талаб мекардам, ки диёри мо ҷои нодонону ҷоҳилон набошад. Зеро ки дар он ҷо марди доною ориф Бобои Мулло Одина хонадони абадӣ ёфтааст ва рӯҳу арвоҳи он кас илҳомбахши ҳамешагии мардуми ин мавзеъ хоҳад буд. Аз китоби “Тифлию домони модар”-и Дастам Маҳкамов.

Хотираҳо аз сӯҳбати Идрис Нӯъмонов бо Ширин Бунёд

  Тобистони соли 1975 дар таътили тобистона ба зодгоҳ омада будам ва падару модарам ин лаҳзаи қулайро истифода бурда, масъалаи оиладор кардани маро ба миён гузоштанд. Ин таклифро чандин маротиба карда буданд, лекин ман ҳар дафъа баҳонае ёфта, худамро аз ин масъала раҳо бахшида будам. Ин дафъа ягон баҳонаи пешовардаи маро қабул накарданд ва ба тӯй тарадудро сар карданд. Тамоми тадбирҳои заруриро анҷом бахшида, 15. 08.1975 маро бо духтари бародари Нӯъмонов Идрис хонадор карданд.
  Охири моҳи август пас аз тӯю тамошо таътили тобистонаи ман ба охир расид ва ба сафари шаҳри Душанбе баромадам. То маркази ноҳия мошин ёфта рафтам, аммо барои ба шаҳр рафтан мошин наёфтам ва қарор додам, ки рафта шабро дар хонаи устод, Нӯъмонов Идрис, ки дар вазифаи ҳизбии ноҳия кор мекард мегузаронам ва пагоҳ барвақт ба сафар мебароям. Устодро чанд вақт боз надида будам ва мехостам аз дидораш сер ва аз суҳбату насиҳатҳояш манфиат бардошта ба шаҳр равам.
  Баробари вориди хонаашон гаштанам зану фарзандонаш маро хеле хуб истиқбол карданд. Муаллим дар куҷоянд? Танашон сиҳату бедард ҳастанд? Ба Худо шукур, ки сиҳату саломат дар меҳмонхона бо Ширин Бунёд нишастаанд. Биёед ба меҳмонхона ба наздашон дароед, муаллим хурсанд мешаванд. Ман пойафзоламро кашида, дастҳоямро об гирифта вориди меҳмонхона шудам.
  Устод ба Ширин Бунёд рӯ оварда гуфт, ин кас шогирди беҳтарин ва фарзанди хонадони мо мебошад. Баъди оғушу вохӯрӣ маро ба сари дасторхон даъват намуд ва баҳсу таҳлили фаъолияти эҷодии Абдураҳмони Ҷомиро ба Ширин Бунёд давом доданд. Нӯъмонов ба Бунёд рӯ оварда гуфт: «Абдураҳмони Ҷомӣ шахси барҷастаи замони хеш ва устоди ахлоқи писандидаи башарият шинохта шудааст, ки ин яке аз нишонаҳои бузургии ин шахсияти таърихӣ мебошад». Шумо худатон бинед, Ҷомӣ дар пайравии намояндагони пешгузаштаи адабиёти форсу тоҷик наслҳоро ба накукорӣ, меҳнатдӯстӣ, адлу инсоф, сулҳу сафо, илму фарҳанг, дӯстиву бародарӣ, иттифоқу иттиҳод, сидқу вафо ва дигар амалҳои неки инсонӣ даъват менамуд. Ҷомӣ дар рафтор ва амали одамон аз ҳама бештар сифатҳои саховатмандӣ, эҳсону карам, шарму ҳаё, фурӯтанӣ, хоксорӣ, пурсабрӣ, ҷасуриву нотарсӣ ва сиру асрори инсонҳоро паноҳ нигоҳ доштанро меписандид.
  Ширин Бунёд илова намуд: «Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми фаъолияти илмӣ-адабии хеш ба ахлоқи разила ба сифати маҳкумкунанда ва фошкунанда баромад менамуд. ӯ зулму ҷабр, нифоқу низо, хиёнату ҷиноят, мансабпарастӣ, молпарастӣ, пастию сифлагӣ, шаҳвату айш, кибру ғурур, худписандию мағрурӣ, мардумозорӣ ва дигар рафторҳои разилонаю ноҷавонмардонаро ниҳоят бад медид».
  Нӯъмонов Идрис ба Бунёд рӯ оварда гуфт: «Дар ин кори наҷиб ӯ давомдиҳандаи анъанаҳои инсондӯстонаи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхӣ маҳсуб меёбад». Шумо агар хонда бошед дар асараш «Сабҳат-ул-аброр» Ҷоми ҳикояе овардааст, ки дар он бо меҳнати ҳақу ҳалоли худ тӯъмаи ночизе ба даст оварда, рӯз гузаронидан ва дар айни замон озод будану аз касе миннат накашиданро аз хизмати шоҳро иҷро намудану дар зери нангу ор мондан боло гузоштааст, ки мисоли равшани он ин аст:
Ҷомӣ ба мулку мол чу ҳар сифла дил мабанд,
Кунҷи фароғу ганҷи каноат туро бас аст.
Ё:
Ҷомӣ зи хони ризқ чу ноне кифоя аст,
Озори бори миннати дунон чаро кашам?
  Офарин, дӯстам Нӯъмонов. Ширин Бунёд аз Ҷомӣ ёдовар шуда гуфт: «Ҷомӣ ҳикоят мекунад, ки – менависад Шиблии Нӯъмонӣ,- пире ҳезум мешикаст ва Худоро муттасил шукр мекард, ки вайро азизу гиромӣ доштааст. Шахсе, ки дар он ҷо ҳузур дошт, ба пир эрод гирифта, гуфт: Ин чӣ иззатест, ки Худо ба ту додааст? Пир дар ҷавоб гуфт: Кадом иззат болотар аз ин мешавад, ки ман мулозим ва хизматгори касе нестам». Тасаввур кунед, дар андешаи Ҷомӣ озод будан ва аз касею чизе вобастагӣ надоштан чӣ қадар арзанда ифода ёфтааст.
  Нӯъмонов Идрис ба сухан даромада қайд кард: «Барои ман аз ҳама шавқовар омӯзиши ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ дар даврони феодализм барои ҳимояи бечорагону бенавоён ба сардорони давлат мактубҳо менавишт. Аз маҳбасу камбағалӣ раҳо додани онҳоро дархост менамуд, ки инро ҷуръат мегӯянд ва ҳар ки онро надошт. Ӯ ғаму ранҷи халқро дарк карда, ба онҳо дасти ёрию мадад дароз карданро яке аз бузургтарин саодати инсонӣ меҳисобид.
  Ширин Бунёд илова намуданд, ки панду ҳикматҳои Ҷомӣ танҳо ба омма не, балки ба подшоҳон низ дахл доштанд, ки ин тавре шумо гуфтед ҷуръат аст:
Эй, ки дар тоҷу нигин дорӣ рӯй,
То ба кай тоҷу нигин хоҳад монд?!
Мулки ҳастӣ ҳама тай хоҳад шуд,
На замону на замин хоҳад монд.
То тавонӣ, ба ҷаҳон некӣ кун,
К-аз ҷаҳон бо ту ҳамин хоҳад монд!
  Нӯъмонов дуру дароз интизор нашуда, илова намуд, новобаста аз гуманизми хеш, Ҷомӣ нисбати золимон раво донистани зулмро дастгирӣ менамуд, ки ин аз мавқеи фаъолро дар адабиёт ишғол намудани ӯ дарак медиҳад ва барои тасдиқи фикраш илова намуд:
Ба аҳли ҷафо вафо раво нест,
Подоши ҷафо ба ҷуз ҷафо нест.
Ё
Турушрӯ бош бо бадхӯ, на ширинлаб, ки сафроӣ,
Беҳ аз себи сифоҳонӣ бувад норинҷи Гелонаш.
  Бояд дар хотир дошт, ки Ҷомӣ, дар асори безаволи хеш «Баҳористон» тани сиҳат, хотири ҷамъ, ризқи фарох, дӯсти меҳрубон ва фароғатро омили зиндагии хуш ишора намудааст. Ин ҳақ аст, ки фармудаанд: «Панҷ чиз аст, ки ба ҳар кас доданд ва касеро аз он маҳрум насохтаанд ва зимоми зиндагонии хуш дар дасти ӯ ниҳоданд: аввал- сиҳатии бадан, дуюм – эминӣ, сеюм – вусъати ризқ, чаҳорум – рафиқи шафиқ, панҷум – фароғат. Ҳар киро аз ин маҳрум карданд, дари зиндагонии хуш бар рӯи ӯ бастанд».
  Дуруст мегӯед дӯстам Нӯъмонов, гуфт Ширин Бунёд ва илова намуд, баробари талқини сифатҳои неки инсонӣ, Ҷоми аз ҷаҳл, ҳасад, хашму кина, таъмаъ, ҳирс, риё, ғурур, мардумозорӣ, худписандӣ, пурхӯрию серхобӣ ва ғафлат дур буданро ба одамон тағриб мекард, ки беҳтарин андеша мебошад.
  Панду насиҳатҳои Абдураҳмони Ҷомиро аз рӯи мақсаду мароми таълиф шуданашон метавон ба се қисм ҷудо намуд, гуфт Нӯъмонов ва онҳоро устокорона чунин баён намуд:
1. Панду андарзҳое, ки Ҷомӣ баҳри тарбияи подшоҳону сарварон гуфтааст;
2. Насиҳатҳои шоир ба писараш Зиёуддин Юсуф;
3. Андарзҳои ӯ баҳри тарбияи умумибашарӣ.
  Ширин Бунёд ба Нуъмонов рӯ оварда гуфт, Ҷомӣ аз ҳама бештар душмани ашаддии одамони насабпараст ва фахркунанда аз аслу насли худ буд. Ман тамоми умр ин мисраҳоро дӯст медорам ва дар хотир нигоҳ медорам, ки Ҷомӣ фармудааст:
Зад харе лоф бар харони дигар,
Ки маро рахши Рустам аст падар.
Дод аз онҳо яке ҷавобаш боз,
Ки гувоҳи ту бас ду гӯши дароз.
 Ширинҷон! Агар аз хотират набаромада бошаду фаромӯш накарда бошӣ, Зайниддини Восифӣ дар асараш «Бадоеъ-ул- вақоеъ» нақлеро меорад, ки мувофиқи он вазири Султон Ҳусейни Бойқаро Низомулмулуки Ҳавофӣ шаҷарае (насабнома) тартиб дода, худро аз Аббосиён ва амакзодаи пайғамбар муаррифӣ намуда буд. Нӯъмонов албатта дар ёдам ҳаст, ки рӯҳониёни зиёде ин даъворо тасдиқ намуда, мӯҳру имзо гузошта буданд. Ин шаҷараи авлодиро вазир назди Ҷомӣ ҳам барои имзо фиристода буд, вале Ҷомӣ ба ҷои имзо гузоштан, аз рӯи зарофат чунин рубоиро дар болои шаҷараи вазир навишта буд:
Онро, ки бувад нури набӣ дар башара,
Ҳоҷат набувад ба тӯлу арзи шаҷара.
В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,
Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.
  Ширинҷон, бовар кунед, солиён ман вазифаи сарварии мактабро ба дӯш доштам, дар кори таълиму тарбия ба педагогони машҳур тақлид ва пайравӣ менамудем, аммо аз андешаҳои педагогии классикони адабиёти тоҷику форс чандон ҷиддӣ истифода наменамудем. Худатон қазоват кунед, Абдураҳмони Ҷомӣ дар масъалаи тарбия ва таъсири он ба инсон гӯё ба ихтилофи фикр роҳ дода бошад. Аммо ман инро ихтилофи фикр не, балки сад андар сад дуруст мешуморам. Ҷомӣ дар баъзе асарҳояш бефойда будани тарбияи одамони бадниҳод, аслу насаби паст, сифларо, ки аксар онҳоро ноқобил, нокас, ноаҳл мебошанд бефойда меномид ва мефармояд:
Ҳеҷ суде накунад тарбияи ноқобил,
Гарчи бартар ниҳӣ аз халқи ҷаҳон миқдораш.
Сабзу хуррам нашавад аз нами борон ҳаргиз,
Хори хушке, ки нишонӣ ба сари девораш.
  Ин нишаст, он баҳсу андешаҳое, ки аз он нишаст бардоштам як умр аз хотирам намебарояд. Дар ин шаби наҷиби меҳмонӣ, худамро дар атрофи дастархон чунин ҳис мекардам, ки гӯё базми адабӣ бошаду дар гирди дасторхон тамоми намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс бо ҳам нишаста, суҳбат ороста бошанд.
Дар ин меҳмонӣ ва нишаст, аз ҳама ҷолиб бархӯрди ин ду шахси маърифатӣ дар атрофи Саъдӣ,   Ҷалолиддини Балхӣ, Бедил, Ҷомӣ ва Носири Хусрав буд, ки то имрӯз дар назди чашмонам пайдо мегардад. Шеърро чунон зебо баён ва бо кашишу овазашон рангу бор медоданд, ки ҳаваси шунаванда меомад. Ҳар суханашонро бо далел мегуфтанд ва бо адабиёту сарчашмаҳо такя мекарданд.
  Дар чунин муҳити фарҳангӣ шабро чӣ тавр гузаштанашро нафаҳмида, худро дар саҳар дарёфтам ва ҳудоҳофизӣ карда ба сафар баромадам. Ин дидор ва нишасти охиринам бо устод буд. Аз китоби “Тифлию домони модар”-и Дастам Маҳкамов.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.