Инсони бошараф

  Раванди зиндагии ҳама инсон дар ин ҷаҳон яксон аст, вале шеваи зисту атвори ӯ ба ҳар сон аст. Гузинаи шеваи зист бастаи ақлу иродаи инсон аст, иззату обрӯ самарае аз ҷиҳати сиҳати он аст, аммо мутеияти ақл бар нафс ба сабаби заъфи он аст. Ба кирдори афрод метавон баъд аз итмоми мӯҳлати буд дар ин олам қатъан баҳо гузошт.
  Устод Худойдод Пакаев инсоне гузаштанд, ки кирдори ҳаётии ӯро дар зиндагии дунё умум аъло арзёбӣ мекунад. Инсоне гузаштанд, ки фақат аз хулқу атвору афъолу аъмоли мусбати эшон ба ёд меоваранд. Дар ҳаёт намунаи олии инсонгариро таҷаллӣ карданд.
  Устод шахсе оқилу донишманд, аз омӯзгорони дар диёр барӯманд ва на танҳо муаллими хонандагони мактаб, балки бар устодон устод буданд. Дар диёр қадр доштанд ва ба соир машварат медоданд. Марди ҳалиме буданд, ки шогирдон аз ӯ ба муҳаббату аз меҳрубониҳояшон ёдоварӣ мекунанд. Дар ҳар ҷои зиставу коркардаашон ёди нек аз хеш боқӣ гузоштаанд.
  Устод Пакаев ҷуссаи хурд, вале ҳиммату ҷуръати бузург доштанд. Ҳамеша сар баланд доштаву номусро муқаддам мегузоштанд. Тамаллуқро намеписандиданд ва дар назди касе сар хам намекарданд. Дар хидмати ҷомеа бо тамоми қувва заҳмат мекашиданд ва бо дастранҷи ҳалоли хеш рӯз мебурданд.
  Устод Пакаев яке аз беҳтарин ва хидматгузоштатарин асотиди диёр буданд, агарчанде сазовори ҳама гуна мукофот буданд, унвонҳои баланди касбиро ба ӯ надоданд. Чунон ки аз таърих собит аст, ҳар давре буту бутони хешро дорад. Устодро ғурур монеи ситоиши онон шуд, варна дар сурати ғайр ба туфайли соҳибияту донишу фаросати дошта соҳиби ҳама гуна унвону ҳатто ҷоҳу вазифаҳои баланд мешуд.
  Ҳама чашми сар доранд, вале на ҳама басират доранд. Устод шахси воқеъбин буданд ва ҳақро аз ботил ташхис медоданд. Далерона ҳақро мегуфтанд ва ноадолатию сохтакориҳои замонро маҳкум мекарданд.
Устод аз аҳли илму фарҳанг буданд. Пайваста мутолиа мекарданд. То охири умр аз китоб канда набуданд. Пули ёфтаро китоб харида, ҷамъ меоварданд.
  Бархе дар замон соҳиби вазифаю ному нишону унвонҳои баланд буданд, вале пас аз сарашон дузду чоплусу ҳаққу ришватхор ва ғайра номида шудаву чунин ёд мешаванд. Аммо чун ёде аз Худойдод Пакаев шавад, гӯянд, ки марди бошарафе буд. Воқеан, чунин афрод намунае барои ибрати наслҳои имрӯзаю баъдина мебошанд. Худованд равони Устодро шод гардонад ва дар ҷое аз равзаҳои ҷаннат маъво диҳад!. Ашраф Акрам. 29.04.2019.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.