Шоев Карим

  Шоев Карим дар таърихи 15 декабри соли 1935 дар деҳаи Мудехарв таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби ба номи «Правда»-и деҳа (солҳои 1944-1950) солҳои 1951-1955 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғро бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ хатм намуда, бадъи он як сол дар мактаби деҳа муаллимӣ намудааст.
  Пас аз он дар соли 1956 ба шаҳри Кӯлоб рафта, ба Донишкадаи педагогии он дохил шуда, онро дар соли 1961 бо ихтисоси муаллими забону адабиёти тоҷик ва таърих тамом намудааст. Пас аз хатми донишкада ба деҳа баргашта, то охири умр ба таълиму тарбияи ҳамдиёрон шуғл варзидааст. Ӯ дар таърихи 6 июни соли 2004 аз олам даргузашт.

Устоди наҷиб

  Аз ибтидои барқароршавии ҳукумати шӯравӣ то солҳои панҷоҳум мардум азоби сахтиву қаҳтиҳоро паси сар намуданд. Дар шаҳрҳо макотиби олию омӯзишгоҳҳо кушода карданд, вале шароити бади зистию таълимӣ доштанд. Барои диёри кӯҳистони дурдасти сарбастаи мо машаққати он солҳо дучанд сангинтар буданд. Фарде, ки бо иродаи хондан азми шаҳрҳо мекард, ӯро таҳаммули азобу мушкилот кардан мебоист. Бо либосу кафши фарсуда, нимгурусна, ғолибан пиёда ба он маконҳо мерафтанд ва аксар ҳамл ва ҷуръати инро надоштанд. Аммо буданд афроди ҷасуре, ки рафтанд, таҳаммули машаққат намуданд ва соҳибмаълумот гашта, ба диёри хеш баргашта, ҳамдиёронро таълим додаву тарбия карданд.
  Шоев Карим аз устодони барӯманд ва ашхоси наҷиби деҳа буд, ки умри хешро сарфи таълиму тарбия намуд. Ӯ дар таърихи 15 декабри соли 1935 дар деҳаи Мудехарв таваллуд ёфта буд. Баъди хатми мактаби ба номи «Правда»-и деҳа (солҳои 1944-1950) таҳсилро дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ идома дода (солҳои 1951-1955), онро бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ хатм намуда, бадъи он, як сол, дар мактаби деҳа муаллимӣ кардааст. Баъдан, дар соли 1956 ба шаҳри Кӯлоб рафта, ба Донишкадаи омӯзгории он ҷо дохил шуда, онро дар соли 1961 бо ихтисоси муаллими забону адабиёти тоҷик ва таърих ба итмом расондааст. Пас аз хатми донишкада ба деҳа баргашта, то охири умр ба таълиму тарбияи ҳамдиёрон шуғл варзидааст.
  Шоев Карим аз зумраи муаллимони асили пеш буданд, ки насли баъдина тавони ивази ононро надошта, онҳо ҳаргиз бознишаста нагардиданд ва устод то рӯзи охирини ҳаёт ба шогирдон дарст мегуфт, то дар таърихи 6 июни соли 2004 дар синни 69 солагӣ аз олам даргузаштанд.
  Муаллими Карим дар тӯли фаолияти корӣ наслҳои зиёдро донишу парвариш дода, то имрӯз аз ҷониби умум чун муаллими хубу маҳбуб ёд мешавад. Устод инсони ҳалиму хоксор ва дар нисбати шогирдон хеле меҳрубон буд. Шогирдони хубу аълохонро дӯст медошт ва эшонро дар ҳама ҷо таърифу тавсиф ва бар волидайнашон таҳсин мехонд ва ба ин васила хонандагонро рӯҳбаланду падару модаронро баҳри таваҷҷӯҳ ба мактабу таълими фарзанд ҳавасманд мекард. Насиҳатҳои ӯ самимӣ ва дилсӯзона буданд ва устод усули мунҳасир ба фарди ба хониш ташвиқкунанда доштанд, ки тавассути он хонандагонро ба дарсхонӣ моилу дилгарм мекарданд. Заҳматҳои муаллимро бо ифтихорномаҳо қадр кардаанд.
  Устод овози баланду нутқи бурро дошта, дар наттоқӣ маҳорат доштанд, ки ин шогирдону шунавандагонро барои таваҷҷӯҳ муассиртар мекард. Дар ҷамъомаду маҷлисҳои мактабӣ ва ҳатто деҳотӣ маърӯзаҳоро дар миёни мардум ӯ мехонд. Ашъору матнҳои адабиро бо кайфияти вижа қират мекард.
  Фарзандони устод Илёс, Меҳрӣ, Давлатбахт, Қумрихон ва Гулфазо идомадиҳандагони пешаи падар гашта, хӯву хислатҳои падари бузургворро ба ирс бурдаанд. Ғиёс, Хизрхон, Муродбахт ва умуман, ҳама фарзандони муаллим афроди ҳалиму хоксор, хушодоб ва тарбиядида дар хонадони фарҳангӣ мебошанд. Ҳамсари устод Сурхова Заҳро шахси донову бофарҳанг буда, табъи шоирӣ доранд. Шеъри зиёд гуфта, аммо китобат накарда, ба фаромӯшӣ рафтаанд. Дар овони хурдӣ аз аҳли илму фаҳми пешин дониш андӯхта, зиёд мутолиа намудаанд. Сӯҳбат бо ин зани фазила рӯҳи каси фарҳангдӯстро сафо мебахшад.
  Устод ҳамчун шахси фарҳангдӯст дар хона китоби зиёде ҷамъ оварда буд, ки дар он миён кутуби қимату камёфт бисёр буд. Вале, мутаассифона, дар солҳои бесарусомонӣ бештарро мардуми деҳу диёр барои хондан бурда, бенишон карда, боқӣ ба коми оташу дегдон рафтанд. Устоди бузургвор дар дунё номи нек гузошта, дар тӯли умр адои кори савоб кардааст ва аз мо Худованди маннон илтиҷо дорем, ба устод дар охират макони обод эъто фармояд. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.