Мдехарв

  Мдехарв яке аз деҳоти зебоманзари минтақаи Ванҷи Боло буда, шомили Ҷамоати деҳоти Рованд аст. Ин деҳа калонтарин ва сернуфузтарин деҳоти ин ҷамоат буда, дар канори чапи Ванҷоб воқеъ гаштааст. Дар замони шӯравӣ ин деҳаро бо номи як маҳалааш Дуршер тағйири ном намуда, баъди фурӯпошии он номи аслияш барқарор гардид.
  Ин деҳа монанди соири деҳоти Ванҷ, хусусан деҳаҳои минтақаи Ванҷи Боло табиати зебое дошта, аз анвои дарахту буттаву ҷангалзорҳо ғанӣ аст. Аз ҷониби деҳаи Ширговад мавзеъҳои зебоманзари Ғавеҷ, Пама, Боғи Лангар, Ғӯлак, Қармандӣ, Майғаза, Шаҳтӣ, Шкнда, Заг воқеанд, ки бо боғҳои себу каёну тангу олучазору ҷангалҳои гулхору ангету зелолу жуж дар атрофи заминҳои кишт диққати касро ба худ ҷалб менамоянд. Пас аз убури маҳалоти деҳа ба ҷаноби деҳаи Старғ чунин манозири ҷолиб дар мавзеъҳои Тагпалаву Чшмайнаку Сфедсангу Пештоқаку Шти Шову Сеғго такрор мешаванд.
  Мдехарв асосан аз ду қисмати мустақил: Мдехарви Ибар (ё Ибари Даргов) ва Мдехарви Убар (Убари Даргов) иборат буда, ҳар кадоме раиси хешро дорад. Мдехарви Ибар тахминан 45-50 хоҷагӣ дошта, маҳалоташ Сагбист, Дуршер (Дуршери Тор ва Дуршери Таг), Рав ва Шитан мебошанд. Дар ин қисмати деҳа нуқтаи хизмати тиббӣ, масҷиди ҷомеъ, китобхона, ду мағозаи фурӯши мол, дорухона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, стансияи пахши телевизонӣ, стансияи пахши амвоҷи телефонии “Tcell” мавҷуданд. Инчунин, дар қисмати поёнии он пули калони мошингард, ки онро бо деҳаи Шхарвак мепайвандад, воқеъ аст.
  Ибари Дарговро аз Убари Даргов мавзеи сели Мдехарв, ки дар он қабристони деҳа ҷойгир аст, бо даргови дар фасли тобистон қариб хушк ва дар фасли баҳор хеле пурҷӯшу хурӯшу ҷангалҳои ангету санҷиду жуж ҷудо месозад.
  Маҳалоти Мдехарви Убар Скосм, Таргеда, Харидоо, Перва, Аргинго ва Ду буда, ин қисмат тахминан 100 хоҷагӣ дорад. Дар ин қисмати деҳа мактаби рақами 12, шӯъбаи алоқа, идораи хоҷагии деҳқонӣ, чор мағозаи фурӯши мол, стансияи пахши амвоҷи телефонии “Babilon”, коргаи оҳангарӣ мавҷуданд.

Расмҳо:

Ибрози назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.