Модаркабк

  Агарчанде ки кабкҷӯҷаҳо баъди баромадани офтоб аз тухм берун баромада бошанд, то нисфи рӯз модаркабки пир имкон намеёфт, ки ҳаштто кабкҷӯҷаҳояшро аз лонааш ақалан чил-панҷоҳ метр дуртар барад. Чунки аз саҳар боз борон таҳти гулдурусзании раъду барқ ва абрҳои ғализи сиёҳ беист мебориду меборид. Фақат модаркабки пир дар як лаҳзаи кӯтоҳе, ки боду борон ба қадре сусттар гашта буд, имконе пайдо кард, ки аз боду борон тақрибан панҷ-шаш метр аз лонааш дуртар зери санги на онқадар калоне, ки як тарафаш ба поён каме хамида буд, бо ҷӯҷахояш паноҳ барад.
  Дили модаркабки пир хавотир буду ташвиши зиёде дар сараш, акнун, ки нисфирӯзӣ борон каме сусттар шуда буд, дар мобайни абрҳои ғализи осмон суроби офтоб андаке бошад ҳам, намоён гашта буд. Вале мутаасифона панҷ-шаш ғалвожаи тезчанголи гурусна дар ҳаво ба чапу рост парвоз доштанд. Ғалвожҳо парвозкунон дар ҳаво ба ҳар сӯ парида, муддате болу парашонро ларзонда, дар ҳаво истода гӯё ҳар як метри заминро ваҷаб ба ваҷаб наззора мекарда бошанд, ба чапу ба рост беист парвоз мекарданд.
  Кабкҷӯҷаҳои майда аз гушнагӣ зери болу пари модари пирашон бетоқатӣ карда, гоҳ-гоҳ садо бароварда, аз худ дарак медоданд. Модаркабки пир ҳамон замон бо садои ифодаи хатар ба онҳо ҳушдор медод, ки ин хушдори модаркабки пир ба кабҷӯҷаҳои аз гармӣ ва сардии зиндагӣ бехабар ҳеҷ асаре намекарда. Бетоқатии пай дар пайи хешро ҳамоно идома медоданд. Аз қисмати поёнии лӯлаи Паҳма суроби ду нафар шахсе, ки яке қомати дароз дошту дигаре кӯтоҳқадтаре буд, ҳар дуя дар дастҳояшон чӯбдастаҳои дароз доштанд, пайдо шуданд ва ҳуш аз сари модаркабки пир парид.
  Бераҳмтарин махлуқи дупое, ки модаркабки пир дар ёд дошт, аз насли ҳамин шахсони асобадаст буд, ки на ба ҷони кабкҷӯҷаҳо раҳм мекарданду на ба ҳоли зори модаркабки пир. Модаркабки пир ин турфа ҳаросафканони даҳшатангезе, ки дар бисёртари маворид то охирон кабкҷӯҷаро шикор карда мебаранд, бисёр хуб дар ёд дошт ва чандин маротиба ҳам шоҳиди бедодгариҳои ин турфа шахсони дахшатангези дупо ҳам буд.
  Ҳаросафканони дупо бо нӯгҳои чӯбдастаҳои дар дасташон буда, маҳз чойҳои сералафу сербуттаро палмосида-палмосида, торафт ба самти модакабки пир ва кабкҷӯҷаҳояш наздиктар мешуданд. Доира ҳамоно тангтар мешуд ва дили модаркабки пирро аз тарс ва хавфу хатари ба сари ӯ ва кабкҷӯҷаҳояш омада, хунобаи ғам фаро мегирифт ва ҳамоно бо ифодаи садои хавфу хатар бо овози пасту кӯтоҳ-кӯтоҳ кабкҷӯҷаҳои зери болу параш бударо ҳушдор дода, ба хапу хомӯш истодан водор мекард.
  Ҳаросафкани дупо ба лонаи қаблии модаркабк наздик омада, ба сафолпораҳое, ки дохилашон ҳанӯз хушк нашуда буданд, назараш афтоду ҳамон замон яке аз сафолпораҳоро бардошта, бо ангушти дасташ дохили сафолпораро палмосида, ба ҳамроҳи кӯтоҳқадаш ким чизе саросемавор гуфт ва онҳо ҷустуҷӯйро бодиққаттар дар гирду атрофи лонаи пештараи модаркабки пир идома доданд. Онҳо таги ҳар як буттаро дуру дароз муоина карда, торафт ба санге, ки модаркабки пир бо кабкҷӯҷаҳояш паноҳ бурда буд, наздиктар меомаданд.
  Дили модаркабги пир тез-тез мезад, нафас дар гулӯяш тангӣ мекард, мадор аз вуҷудаш рафта буд. Лаҳзае чашмони ҳаросафкани дупо, ки бисёр сарду хунуку беҷо ва дур аз раҳму шафқат буданд, ба чашмони тарсзадаи модаркабки пир бархурданду аломати тарсу ваҳм вуҷуди кӯчаки модаркабки пирро ба тамомӣ фаро гирифт ва ба ҷуз фарор кардан аз ҷои паноҳбурдааш чораи дигаре надошт. Модаркабки пир бо навҳаи ҷонхарош чанде аз кабкҷӯҷаҳояшро, ки имкон дошт, саросемавор зери болу параш гирифта, аз ҷои панаҳбурдааш лангон-лангон ва афтону хезон поёнтар дар як ҷои сербуттатар бурда, чошиду худашро чапғалт дода, болтар рафта, бо ифодаи садои хавфу хатар ба садову наво даромад. Ҳарчанде ки ҳаросафкани кӯтоҳқад ба тарафи ӯ сангпартоӣ мекард, модаркабки пир дар сӯзи ҳиҷрони фарзандонаш афтону хезон ба ҳар тараф давида, дуртар аз ҷои паноҳбурдаи кабкҷӯҷаҳояш намерафт.
  Ҳаросафканони дупо дар гармии кор аллакай ду-се кабкҷӯҷаро қапида буданду акнун дар пушти буттаи баландтаре паноҳ бурда, хапу хомӯшона интизори аз ҷои паноҳбурда баромадани кабкҷӯҷаҳо ва аз худ садои имдодталбона баланд кардани кабкҷӯҷаҳои гушнаву афгор хапу хомӯш ва беҳаракат истода буданд. Факат гоҳ-гоҳ ҳаросафкани миёнқад аз ҷояш бархоста, модаркабки пирро, ки ба чапу рост давида, ҷӯҷаҳояшро ҳушдор медод, сангпартобӣ карда, дуртар меронд.
  Мутаассифона, гуруснагӣ ва беҳолӣ ба кабкҷӯҷаҳо асар карда буд ва онҳо бо навҳаву фиғони модаркабки пир нигоҳ накарда, яке аз паси дигаре аз ҷои паноҳбурдаашон бо ифодаи садои шикваомез баромада, ба доми ҳаросафканони даҳшатангез меафтоданд, ки аз дидани ин манзараи даҳшатангез ҳуш аз сари модаркабки зорону нолон мепарид. Беист ба чапу рост давида, кӯшиш мекард, ки ҷӯҷаҳои аз чанги ҳаросафканони даҳшатангези бераҳм раҳидаро наҷот дихад, аммо мутаассифона ҳамаи кӯшишҳои ӯ бенатиҷа анҷом меёфт. Ҷӯҷаҳояш яке аз паси дигаре ба доми ҳаросафканон даҳшатангез меғалтиданд.
  Аз тарфи рост як нуҳ-даҳ метр аз ҷои паноҳбурдаи ҳаросафканон кабкҷӯҷае, ки садои баланд дошт, бо ҳушдор додани модари пираш нигоҳ накарда, ба садо даромаду аз ҷои паноҳ бурдааш баромада, садокунон ба тарафи боло ҳаракат карда, болои санге баромада, бо садои хаставу маҳзунаш ба ҳар тараф садо медод. Ҳаросафканон аз ҷояшон нимхез шуда, аз рӯи садову навои кабкҷӯҷа ҷояшро муайян кардан мехостанд. Акнун кабкҷӯҷаро дида, омодаи ба тарафаш давидан буданд, ки дар ин ҳол ғалвожае мисли бало аз осмон хам шуда, кабкҷӯҷаро бо чанголҳои тезаш рабуда, бо сурати тез ба тарафи шахпораҳои тарафи муқобил парвоз карда рафт. То аз назар паноҳ шудани ғалвожа садои имдодталабонаи кабкҷӯҷа ба гуши модари пираш, ки аз ғаму ғусса дигар мадори ҳаракат кардан надошт, дилаш хун мегирист, аз ноумедӣ фақат дар ҷояш чарх мезаду халос.
  Акнун вақти говгум фаро расида буд, ҳаросафканон аз ҷояшон бархоста, оҳиста-оҳиста ба поён ҳаракат карда, аз мадди назари модаркабки пир торафт дур мегаштанд ва фақат садои маҳзуну имдодталабонаи кабкҷӯҷаҳои зери бағали онҳо ба гуш мерасид, ки аз модаркабки пиро садо дода, имдод мехостанд, ё ки дар ин лаҳзаи зиндаҷудоӣ бо сад ҳасрату ғам видоъ мекарданд. Модаркабки пир бе ҳолу бемадор болои санге баромада, ду-се бор садои кӯтоҳе кард, ки аз мобайни буттаҳо аввал яке ва аз пай кабкҷӯҷаи дигаре афтону хезон баромада, ба ҷониби модаркабки пир давиданд. Ҳарчанде ки модаркабки пир такрор ба такрор, кӯтоҳ-кӯтоҳ садо медод, дигар садои ягон ҷигарбандашро намешунид.
  Аз ҳаштто кабкҷӯҷа фақат дуто кабкҷӯҷаи ӯ ҷон ба саломат бурда буду халос. Чун шоми тира оҳиста-оҳиста ҳамаи ҷоро фаро мегирифт, модаркабки синабирён акнун дар тараддуди пайдо кардани ҷои хоби амну бехавфтаре мегаш. Модаркабки пир гарчанде бо тамоми қувват кабкҷӯҷаҳои гушна ва ташнаи худро зери пару болаш ба хотири гарм кардани бадани сусту афгорашон пахш мекарда, ҷӯҷаҳо дар зери пару болаш бо садо ва ифодаи “хунук хӯрдем”, “ташна шудем”, “гушна мондем” шикоят мекарданд. Баданаш дар ҳасрати ҷӯҷаҳои ноком ва зиндаҷудоияш сарду карахт гашта буд, эҳсос намекард. Манзараи мудҳиши рабурдани ғалвож кабкҷӯҷаашро такрор ба такрор аз пеши назараш гузашта, садои имдодталабонаи кабкҷӯҷаҳои рабурдааш асло аз хаёлаш намерафт…

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.