Эҳсон Мунавваров даргузашт

  Шумхабаре боз аҳли диёрро такон дод. Дар ин айёми шум алами азизе аз дилҳо нарафта, ки ҳузни дигаре бар қулуб зам мешавад. Марази бадро шеваи рафтор ин буда, ки афроди сараро гирифтор шудаву аз миён мебарад.
  Эҳсон Мунавваров родмарди барӯманди миллату фарҳангдӯст дар хориҷ аз кишвар буд. Ба ақлу идрок кору тиҷорат ба роҳ монда, тавассути он тарғиби меҳану фарҳанги миллӣ ва бо ширкат дар намоишгоҳу ҷамъомадҳо миллатро муаррифӣ мекард.
  Эҳсон родмарде дар адо ва ташкили аъмоли хайр пешрав буд. Дар корҳои хайр саҳми пештару бештарро мегузошт. Дармондаву корафтодагонро дар ғурбат имдод ва ошкору ниҳон хайру сахо мекард. Дасти мададаш то диёр дароз буд. Адои аъмоли солеҳу закоти мол мекард…
  Эҳсон Мунавваров ҳамчун фарди ғамхору дӯстдори фарҳанг ба он дилбастагӣ дошт. Ӯ барои бақо ва пешрафти торнамои Ванҷ имдоди молӣ ва қобили арзиши хешро дареғ надоштааст.
  Аммо, чун соири неку солеҳон умраш кӯтоҳу то ба имрӯз буда. Моро чорае ҷуз даст ба дуо бардоштан намонда: Худовандо, дар бадали аъмоли неки дуёяш аҷру подоши азиме дар охират эътояш намо!.
  Эҳсон Мунавваров рӯзи 28.05.2020 дар шаҳри Твери Русия аз олам даргузашт. Ҳолномаи Эҳсон Мунавваров дар ин ҷост.
  Пайнавишт: Рӯзҳои охири пеш аз бистарӣ шуданаш сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Аз мушкилоту пешрафту бурду бохти кораш сӯҳбат намуд. Баъдан,дар бораи фарҳанги диёр гуфтутугӯ карда, дар мавриди пажӯҳиш ва интишори он дар оянда муҳокимаву нақшакашиҳо доштем… Вале, афсӯс, ки умр барои амалӣ кардани нақшаву хостаҳо фурсаташ надод.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.