Кори қобили сутудан

  Ба хотири пешгирӣ ва паҳн нашудани вабое, ки имрӯз ҷаҳонро фарогир гашта, онро дар илми тиб COVID-19 унвонгузории кардаанд, дар деҳоти ноҳия ба мардум аз ҷониби мақомоти марбута тавсияҳо дода мешавад. Дар ин амр, хусусан, кормандони соҳаи тиб фаъол буда, тавре ки мардуми диёр изҳор медоранд, онҳо вазифаи хешро дар ин рӯзҳои вазнин ба ваҷҳи хуб адо менамоянд.
  Бар зами ин ҷавонмардони деҳаи Гишхун бо ибтикори раиси деҳа, паҳлавон Меҳваршо Даравов дар даромадгоҳи деҳа, дар сари пули калон дастаи ризокоронро (волонтиёр) аз ҳисоби ҷавонони деҳа ташкил кардаанд, ки ҳар рӯз бо навбат аз соати 7:00-саҳар то вақти шом навбатдорӣ мекунанд.
  Навбатдорон монеи беҳудагардии мардум дар деҳа шуда, безарурат хориҷ шудани аҳли деҳро аз он ва безарурат ворид шудани мардуми ғайрро назорат мекунанд. Ба ҷуз коргарон аз дигарон бидуни зарурат ба маркази ноҳия рафтан ҷилавгирӣ мекунанд.
  Мардумеро, ки ба деҳа ворид мешаванд, бо маводи антисептикӣ дезинфексия мекунанд. Ба ғайр аз ин, ризокорон дигар аъмоли хайр ва барои ин рӯзҳо заруриро дар деҳа анҷом медиҳанд.
  Ин амали ҷавомардони гишхунӣ воқеан, қобили сутудан аст ва ин таҷрибаро бояд деҳоти дигар ба роҳ андозанд. Зеро дар ин шароит барои ҳифзи саломатии мардум амри зарурист.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.