Қосимов Фаромуз Одилшоевич аз ҷумлаи ҷавонпаҳлавонони диёр буда, дар хориҷи кишвар зиста, ватанро намояндагӣ менамояд. Ӯ ҳамчун вазишкори моҳир дар риштаи размгарӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
Фаромуз Қосимов 27 сентябри соли 1997 дар деҳаи Удоби ноҳия Ванҷ ба дунё омада, аз синни хурдсолӣ машқу тамринро дар риштаи самбо, таҳти тарбия ва роҳнамоии паҳлавони маъруфи ҷумҳурӣ Ҷумъаев Худогӯ оғоз мекунад.
Фаромуз ба варзиш аз хурдсолӣ шавқу рағбати зиёд дошт, ба он ҷиддан шуғл варзид ва бо саъйю кӯшиш ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст. Дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба Русия ҳиҷрат карда, аз соли 2016 то имрӯз дар вилояти Твер таҳти сарпарастии Соҳиб Муродов тамрин мекунад.
Фаромуз дар тӯли фаъолияти варзишии худ се маротиба дар риштаи самбо қаҳрамони Твер мешавад. Ҳамчунин, дар риштаи панкратион қаҳрамони ин вилоят аст. Бар зами ин Фаромуз Қосимов размандаи мусобиқоти расмии ММА буда, дар ин ришта ҳам қаҳрамони Твер аст. Нишондодаш дар ин навъи варзиш 3-1 аст.
Назари хешро иброз кунед