Мусобиқаи куштигирӣ дар вилоят

  Бахшида ба ҷанши байналмилалии Наврӯз дар таърихи 24 марти соли 2022 дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ мусобиқаи куштигирӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа паҳлавонон аз гӯшаву канори вилоят, аз ҷумла паҳлавонони диёри Ванҷзамин иштирок доштанд.
  Дар мусобиқа паҳлавонон дар вазнҳои шаст, ҳафтод, ҳаштод ва навад киллограм ба майдон баромада, бо ҳамдигар сабқат намуданд. Паҳлавонон бо намоиши ҳунари паҳлавонӣ таваҷҷӯҳи тамошобинонро ба худ ҷалб карда, ғолибон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.
  Паҳлавонони диёр дар ин мусобиқаҳо хуб ҳунарнамоӣ карда,соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд:
Азорабеков Шаҳриёр – дар вазни 60кг мақоми сеюм;
Бачабеков Ҷамил – дар вазни 70кг мақоми сеюм;
Шайхов Сайёд – дар вазни 80кг мақоми сеюм;
Раҳматуллоев Баҳман – дар вазни 90кг мақоми сеюм;
Содиров Акрам – дар вазни 90кг мақоми дуюм;
Бердиев Мақсад – дар вазни 90кг мақоми якум.
  Бузургҷоизаи мусобиқаро дар ҳаҷми 6000 сомонӣ Содиров Акрам ба даст овард.

1 Назар

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.