Шодмон Назокатов

Шодмон Назокатов яке аз ҷавонварзишгарони комёби миллат аст, ки дар хориҷ аз кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат карда, борҳо парчами кишвари худро боло бардоштааст.
  Назокатов Шодмон Ховарович 27 майи соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз панҷсолагӣ ба машқи бокс машғул шуда, дар риштаи унвони Номзадии устоди варзишро ба даст овардааст.
  Баъдан дар муҳорибаҳои ММА ширкат карда, як маротиба унвони қаҳрамонии кишварро дар навъи варзишии ММА соҳиб шудааст. Ҳамчунин дар риштаи панкриатон комёбӣ ба даст овардааст. Ду маротиба қаҳрамонии панкратиони Тоҷикистон гардидааст. Дар риштаи панкратион низ номзад ба устоди варзиш аст.
  Баъд аз он ба кишвари Русия рафта, фаъолияти варзишияшро дар он ҷо идома медиҳад. Қаҳрамони самбои ҷумҳурии Мари Эл шуда, бо созмони варзишии “Наше Дело” шартнома мебандад. Ҳоло дар мусобиқаҳои ин созмон иштирок карда, бо лақаби “Солдат” ба майдон мебарояд. Имтиёзи касбияш 6-1 мебошад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.