Нодир Одилов яке аз олимони мӯътабари кишвар, файласуф, исломшинос соли 1932 дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст.
Пас аз хатми мактаби маркази ноҳия Нодир Одилов дар солҳои 1951– 1956 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил карда, солҳои 1949–1951 дар мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгельси ноҳияи Ванҷ ҳамчун муаллими фанни забони русӣ кор кардааст. Солҳои 1956–1959 аспиранти Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1959–1970 муаллими калон, 1967–1970 мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буд.
Солҳои 1970–1972 дар вазифаи мудири Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1972 – 1982 дотсент, 1976–1982 мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 1982–1991 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи
забонҳои Тоҷикистонро ба дӯш дошт.
Солҳои 1995–2002 ба сифати профессори кафедраи фалсафа ва маданиятшиносии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2003 инҷониб раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд ва ҳамчунин вазифаи мудири Шӯъбаи дини Институти фалсафаи АИ Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Муаллифи зиёда аз шаш асару 150 мақолаҳои илмӣ буда, “Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ” ( Душанбе,1964), “Таърих ва назарияи дин” (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ, Душанбе, 1970), “Ислом дар оинаи ақл”, “Ихтилофи ақоид ва низоъҳои мазҳабӣ дар ислом”, “Ислом ва сотсиализм” асарҳои калони илмии олим мебошанд.
Нодир Одилов дар шаби 21 сентябри соли 2019 дар синни 87 солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.
Назари хешро иброз кунед