Олим ва шахсияти комил

  Як сол мукқаддам дар ҳамин шабу рӯз олими шинохта ва донишманди зиндаёд Одил Нодиров моро тарк намуд. Нодир Одилов аз зумраи файласуфони соҳибмактабест, ки сабку услуб ва равиши хоси илмиву омӯзишии худро дошт.
  Дар солҳои 50–уми қарни гузашта, дар даврони ҳукмронии идеологияи коммунистӣ ба омӯзиши мерос ва афкори тасаввуфии гузаштаи халқи тоҷиқ ки аз мавзуоти мамнӯъ ва ғайри қобили қабул ҳисоб мешуданд, машғул шуда, новобаста аз мамониату душвориҳои зиёд, дастовардҳои ҷиддии илмиро ноил шуда буд.
  Дар риштаи худ таълифоти “Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Руми”, “Ислом дар оинаи ақл”, “Ихтилофи ақоид ва низои мазҳабӣ дар ислом”, “Идеализатсия дар ашори Рудакӣ” ва ғайраро ба анҷом расонида, дар муаррифии мероси фалсафӣ ва фарҳангии халқамон саҳми бисёр арзандаи худро гузоштааст. Ҳамзамон аз устодон ва мураббиёни барҷаста ба шумор рафта, дар тарбия ва парвариши садҳо олимону донишмандони ҷавон нақши муайян гузоштааст.
  Дар баробари кори илмӣ ва педагогияш инчунин, фаъолияти ҷамъиятӣ ва фархангияш низ ниҳоят муассир буд. Шахси бофарҳанг, муаддаб, ҷиддӣ, ватандӯст, масъулиятшинос ва дар муомила ба ҳама хурду калон хоксору хайрхоҳ буд.
  Яке аз шогирдонаш дар замони душвороиҳои ҷанги беамони шахрвандӣ дар бораи ӯ зикр карда навишта буд, ки устодро мебинам вазнин – вазнин гом мебардорад сӯи коргоҳ. Коргоҳи ӯ ин замон тамоми Тоҷикистон аст. Аксаран пиёда меравад, андешамандона ва вазнин – вазнин гом мебардорад бо қомати баланду танумандаш, бо қомати зебандааш, бо қомати тоҷиконааш, рабти ҳаракатро тағйир намедиҳад, меравад бо як маром ва ин ҳолатро умрест тулонӣ ва дуру дароз, қариб ним аср ин ҳолат идома дорад.
  Дар роҳ ҳама шиносу ношинос саломаш медиҳанд ва ҳамаро самимона пурсу пос мекунад. Ва роҳашро давом медиҳад, меравад сӯи донишгоҳу маҷлисгоҳ, меравад сӯи шабакаҳои телевизиониву родиёӣ ва ғайра ва тайёр аст ба мулоқоти мардум дар тамоми навоҳии ҷумҳурӣ. Дарс мегуяд, китобу маколаҳо нашр мекунад, сӯҳбату маслиҳат медиҳад, баромад мекунад ва аз ҳама муҳимтаринаш бо ҳама самимӣ ва бо меҳр аст. Ӯ ҳакимест, ки дониши олӣ, андарзи зиндагӣ, ҳикмати ҷовидона, маънавиёти воло ва ранҷу аламҳои халқи куҳанбунёдамро дар сина дорад. Мо бо Шумо фахр доштем, устоди зиндаёд – Нодир Одилов.
Ишқ бин, бо ошикон омехта,
Руҳ бин, бо хокдон омехта.
Ончунон шохе нигар, к – аз лутфи ӯ,
Хору гул дар гулистон омехта…..
  Ёдат ба хайр дар синаҳои ҳамватанон ва хонаи охиратат обод бошад, устоди гиромӣ ва марди шариф Нодир Одилов!. Ғаффор Мирзоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.