Ҳомид Хостихудоев

  Ҳомид Хостихудоев 18-уми январи соли 1963 дар деҳаи Лахши Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ зода шудааст.Таҳсилоти мутавасситаро дар мактаби ибтидоии №42 -и деҳааш ва мактаби миёнаи №6 -и ноҳия дар солҳои 1970-1980 гирифтааст. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи техникӣ супурда ноком шуд. Ҳамон сол ба хизмати Ватан рафта, баъди бозгашт соли 1982 донишҷӯи факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гашта, онро бо муваффақият хатм кард.
  Сипас дар идораи Геологияи Тоҷик дар соли 1987 ба кор шурӯъ намуд. Дар солҳои фаъолияти меҳнатӣ дар ин ҷо (1987-1992) дар чандин экпедитсияҳои геологӣ ба гушаҳои гуногуни Тоҷикистон сафарҳои хизматӣ намуда, касб, донишу маҳорати худро сайқал додааст.
  Дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ба зодгоҳ ноҳияи Ванҷ баргашта, дар ин ҷо низ аз пешаи худ моҳирона истифода бурда, ба заршӯӣ дар соҳили рӯдхонаи Панҷ ҳиммат намуд ва ба ин васила дар он замони душвор зиндагии хонаводагиро таъмин кард. Ин касбро ба чанде ҳамдиёрон низ омӯзонд.
  Баъдан ба пойтахт баргашта, дар идораи геологияи кишвар фаъолияташро давом дода, ҳамчунин бо ширкатҳои дигари давлатию хусусӣ дар кишвар ва ҳамсоядавлати Афғонистон, дар соҳаи геология, сохтмон, муҳосибот, энергетика ҳамкорӣ намудааст. Ин худ аз сатҳи баланди касбияти Ҳомид Хостихудоев дарак медиҳад.
  Имрӯзҳо низ бо иҷозатномаи Вазорати саноати ҷумҳурӣ барои заршӯӣ дар соҳили рӯдхонаҳо ба ин пеша машғул шуда, шогирдони зиёдеро ба омӯзиши ин ҳунар омода карда истодаанд. Мо дар ин кор ба геологи варзидаи диёр Ҳомид Хостихудоев муваффақият таманно мекунем. Давлатмир Давлатов.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.