Водии Ванҷ аз аҳди қадим макони зисти мардум аз тавоифи мухталиф, аслан иронинажод будааст. Маъхаз ва ё навиштаи илмие дар мавриди таърихи гузаштаи водӣ дастрас нест. Ниёгони бошандагони форсизабони имрӯзаи водӣ, ағлабан, аз асрҳои XVI – XVII и милодӣ ба ин ҷониб дар он маскун гаштаанд ва таърихи гузаштаи он, ки ёдгориҳое гувоҳи онанд, ҳанӯз норавшан аст.
Номи мавзеъу масканҷойҳо, гӯристонҳои мутаъаддид, мақбараҳои ашхоси ривоӣ, қалъаҳои гуму тахрибшудаи деҳот аз осори гузашта буда, имрӯзиён дар таъбиру тафҳими маъонӣ, шинохти афрод ва дижу истеҳкомоти гузашта маълумот надоранд. Маълумоти зиддунақз дар ин маворид танҳо аз аҳли илму фарҳанги водӣ ба даст меояд, ки онҳо аз наслҳои бузургтар аз нақли аббу ҷад шунидаанд.
Деҳаи Мдехарв, ки унвонаш дар катибаҳои илмӣ ва асноди расмии асрҳои охир мазкур аст, ёдгориҳои зиёди таърихиро дар бар дорад. Номи маҳалу мавзеъҳои пасту кӯҳӣ, харобаҳои қадимӣ, қабристонҳои сершумор, асомии афроди номаълумшахс ва ғайра ҳокӣ аз вуҷуди тамаддуни дигар дар водӣ мебошанд.
Чун соири маскунгоҳҳо деҳа истеҳкоми дифоӣ доштааст ва он дар маҳаллаи Ду ба унвони “Қалъаи Ду” маъруф будааст. Ба қавли мардуми бузургсоли деҳа, ки бинои онро барҷой дидаанд, 40х60м андоза доштааст ва дар замони Ҳукумати Шӯравӣ тахриб шуда, сангу дигар масолеҳи сохтмонии онро дар сохтани биноҳои маъмурӣ истифода бурдаанд. Сангҳои боқимондаи онро мардум барои сохтани хонаҳо кашида, бурдаанд. Мутаассифона, нишону маълумоте аз тарҳу сохти он боқӣ намондааст.
Наим Иброҳимзода яке аз афроди бофарҳанги деҳаст, ки аз овони ҷавонӣ бо бузургсолони деҳа ҳамкориву ҳамнишастӣ дошта, аз мӯйсафедони гузашта дар бораи таърихи диёр нақлу ривоёти зиёд шунидааст. Ба донистани таъриху фарҳанги диёр иштиёқмандӣ доштааст ва аз солмандон дар ин маврид пурсуҷӯ мекардааст.
Амаки Наим нақл мекунад, ки мӯсафедони огаҳ ривоят мекарданд, ки ду бародар Ғозихон ва Маъталхон, ки низомиёни рутбадор дар ҳукумати Қошғар будаанд, пас аз суқути ҳукумати тоҷикон фирорӣ шуда, ба воситаи Кашолаях бо қисмате аз сарват ва ходимон ба ҳамли заҳмат ба водии Ванҷ меоянд.
Ба назди мири Ванҷ рафта, тақозои зистгоҳ мекунанд ва Ғозихон дар маҳаллаи Сагбисти деҳаи Ғӯмас ва Маъталхон дар маҳаллаи Сагбисти деҳаи Мдехарв, ки ҳар ду дар баландӣ ва рӯ ба рӯи ҳам ҷойгиранд, мавқиф мегиранд. Ғозихон дар Ғӯмаст ва Маъталхон дар Мдехарв даст ба сохтмони қалъа – истеҳкоми дифоӣ мезананд. Маъталхон дар қисмати ҳамвори поёнии деҳа мавзеи Ду ва Ғозихон дар деҳаи Ғӯмас дар рӯ ба рӯ он қалъа бунёд карданд.
Ба нақли Файзалӣ Бойзода, ки фарде фарҳангдӯсту огаҳ аст, қалъаи Ғӯмаст дар қисмати шимолии деҳа дар маҳаллаи Деволбаст воқеъ будааст ва ҳоло нишонаҳое аз осори он боқӣ мондаанд. Он дар миёни ду фермае, ки дар замони шӯравӣ фаъолият доштанд, мавҷуд будааст. Мардуми калонсол деворҳои харобгаштаи онро ба ёд доранд.
Ба ҷуз қалъа Маъталхон масҷид (ҳоло Змини Мачит, ки дар истифодаи Иғбол Султонов) ва дарсхона (дар мавзеи Боғои Пойун, ҳоло олуболузори Маҳмадёр Ҷураев) бунёд мекунад. Мардуми кӯҳансоли даргузашта харобаҳои масҷид ва дарсхонаро дидаанд, ки баъдҳо сангҳояшонро истифода бурда, ҷояшонро замини корам кардаанд.
Ҳар ду қалъа манораҳои махсуси баланде дар муқобили ҳам доштаанд, ки аз ин ҷониб ба он ҷониб мухотиба карда, ба ҳам хабару пайғом мерасонидаанд. Аз ин сӯ овоз дода, ахбори оҷилро ба он сӯ мерасондаанд.
Ду ходими онҳо бо номҳои Ҳасанчокӣ ва Ҳасанпокӣ маъруф будаанд, ки бисёре ҳам имрӯз аз онҳо шунидаанд. Мутобиқ ба алқоб Ҳасанчокӣ дарздӯз, дӯзандагӣ ва Ҳасанпокӣ сартарошӣ мекардааст.
Замони зисти ин ашхос мушаххас нест, ба ақволе қабл аз мардуми пешиниванҷӣ, ки тоифае мисли язгуломию шуғниву вахонию ғайра будаанд, зистаанд, вале ин назар қобили бовар нест. Зеро аз он аҳд иттилоъе ҳамчун он мардум дар мавриди эшон мавҷуд намебуд.
Ба қавле пас аз суқути ҳукумати тоҷикон дар Қошғар аз он ҷо фирор кардаанд. Дар Қошғар аз тавоифи иронинажод кушониён дар аҳди қадим ҳукумат рондаанд. Баъдан, дар тӯли қарнҳо ин минтақа таҳти фармонфармоии қабоили турку муғулу чиниҳо қарор доштааст. Дар ин ҷо танҳо Яъқуббек, ки тоҷик буд, аз соли 1964 то соли 1877 ҳукумат доштааст ва пас аз қатлаш императории Чин ин минтақаро тасарруф ва ақрабову бастагону атрофиёнашро фирорӣ кард.
Агар ин ашхос аз ин аҳд мебуданд, ҳамчун ашхоси мушаххаси таърихӣ дар катибаҳо набошад ҳам, дар дидаву азҳони шоҳидон боқӣ мемонданд. Бархе имрӯз насаби хешро ба хотири изҳори наҷобати насаб ба ин афрод нисбат медиҳанд, аммо далели мӯътамад ба ин надоранд, зеро бидуни исбот мавҷуд ин ашхос ривоӣ боқӣ мемонанд.
Фарзан, ин ашхос дар авохири асри XVI ва ё қарни XVII зистаанд. Аз ҷиҳате сохтмони қалъаҳоро ба онҳо нисбат медиҳанд, афроди сипоҳӣ ва дар ин амр таҷрибадор будаанд. Дар он замонҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ғоратгари қирғиз ва ҳатто миригариҳои ҳамҷавор аз ҷониби болои водӣ таҳдиду тохт сурат мегирифт, қалъаҳо барои дифоъ зарур буданд. Ҳамлаи мири Балҷувон ба Ванҷ аз тарафи боло ба вуқӯъ омадааст, сипоҳ тавассути дараи старғӣ фаромадаст.
Баландтарин қалъаи водӣ дар деҳаи Поймазор воқеъ будааст. Баъди он қалъаи дигар дар деҳаи Гармчашма дар ҷой ва фосилаи ба он намоён мавҷуд будааст. Ҳангоми мушоҳидаи таҳдиду хатар дар қалъаи Поймазор оташ дармегирондаанд ва тавассути гулхан ба қалъаи Гармчашма хабар медодаанд, дар навбати хеш қалъаи Гармчашма ба ҳамин тариқ ба қалъаи Мдехарв ва он ба қалъаи навбатӣ, ки ба қавли баъзе дар намоёнҷои деҳаи Баравн воқеъ будааст, огаҳӣ медодааст, ба ҳамин минвол хабари хатар ба қалъаи Рохарв – бошишгоҳи мир мерасидааст…
Назари хешро иброз кунед