Қиссаи Мирсангин ва себи сурх

  Мардуми деҳа нақл мекунанд, ки замоне дар мавзеи Бафравни Мудехарв (ҳоло дар он ҷо Беназир Шеров хона сохтааст) шахсе бо номи Мирсангин мезистааст. Ӯ шахсе мӯътабару бадавлат буда, бо амалдорони диёр ҳамнишинӣ ва шояд масъулияте ҳам ба дӯш доштааст.
  Тибқи ривоёт боре мақомдору амалдорон (ба қавле миру атрофиёнаш) меҳмонаш мешаванд. Дар он замон дар мавзеи Роғаки деҳаи Старғ ҳам мардум зиндагӣ мекардаанд. Мирсангин писарашро барои овардани табақи изофӣ ба Роғак мефиристад. Писараш аз он ҷо дер бармегардад.
  Ба сабаби таъхири писар меҳмонони олиқадр маътал мемонанд ва ин Мирсангинро хашмгин месозад. Баробари пайдо шудан ғӯлакро кашида, ба фарқи писар тир мезанад, Тири сангин сарашро шикофта, ҳалок месозад.
  Писарашро дар он мавзеъи назди хона мегӯронад. Дар назди қабр себе мерӯяд, ки ҳам берун ва ҳам даруни меваи он сурх аст. Ба ривояти мардум ин дарахт аз хуни писари Мирсангин ранг гирифта, ба он сабаб сурх аст.
  Ба нақли мардум мевааи он дарахте, ки дар болои сари гӯр сабзида буд, мағзаш мисли пӯсташ сурх будааст ва он дарахтро ба сабаби пӯсиданаш буридаанд. Чанд қадаме дуртар аз он мавзеъ ин дарахт сабз аст ва бавли мардум аз он навъ буда, монанди дарахти пешин сурхӣ надорад.
  Сурхии мағзи ин себ баста ба моддаҳои рангдиҳандаи гиёҳӣ – антосионҳо мебошад, ки ба сабаби онҳо ранг гирифта, ин моддаҳо дорои хосияти зиддиоксидонтӣ дошта, барои саломатӣ ва бадан хеле муфиданд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.