Имомуддии Лоиқов 25 майи соли 1945 дар деҳаи Седи деҳшӯрои Техарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Бо анҷоми таҳсили мактаби миёна, соли 1962 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи давлатии миллӣ) дохил шуда, баъди хатми он аз соли 1967 ба ҳайси омӯзгор дар мактабҳои Дуршеру Бовуди ноҳияи Ванҷ фаъолияти меҳнатии хешро оғоз намуд. Дере нагузашта (соли 1968) директори хонаи пионерон таъин гардид.
Солҳом 1968 -1969 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ адои хизмат дошт. Фаъолияти меҳнатии минбаъдаи Имомуддин Лоиқов чунин ҷараён гирифтааст: 1969 -1971 – нозири Шӯъбаи кор бо ноболи- ғони назди Кумитаи иҷрояи ноҳия, 1971-1973-мудири Шуъбаи умумии Кумитаи иҷроя, 1973-1974-нозири Кумитаи ноҳияи Ва- нҷии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
Бо назардошти фаъолияти, ҷиддии касбӣ ва ташкилотчигиаш Имомуддин Лоиқов бо тавсияи кумитаи ноҳиявии ҳизб барои кор ба хадамоти амнияти давлатӣ пешбарӣ шуд. Дар ин ҷода раванди кору фаъолияташ чунин идома ёфт: солҳои 1974-1981-ваколатдор ва сарваколадори фаврии Шӯъбаи вилоятии (ВМКБ) КумиТаи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати амният) дар ноҳияи Дарвоз, 1981-1983-сарваколатдори фаврии Кумитаи бехатарӣ дар ноҳияи Ишкошим (ВМКБ), 1983-1992-сарваколатдори умури Ам- мияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, 1992-1993-сардори Шуьбаи амнияти умури Бехатарии ВМКБ дар ноҳияи Ванҷ, 1993-1995-сардори котиби раёсати амнияти ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯхда дошт. Солҳои 1995-1996-сардории Шуъбаи бехатарии ноҳияи Ванҷ ба зимааш гузошта шуда буд.
Хизмати тӯлонӣ, бенуқсон ва ҷасорату мардонагии Имомуддин Лоиқовро дар давраи ҳассоси даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги ҳамватанӣ барои ҳифзи манфиати давлату сохтори конститутсионӣ ба назар гирифта, соли 1996 роҳбарияти Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро барои идомаи хизмат ба вазифаи ҷонишинии сардори хизмати фаврӣ-таъҷилӣ ба марказ даъват намуд. Ин амали хеле ҷиддию масъулиятнокро то соли 2001 бар дӯш дошт. Аз соли 2001 инҷониб ба ҳайси сардори Шӯъбаи кадрҳои Мактаби олии Вазорати Амнияти Ҷумҳурии Тоҳикистон ба фаъолият машғул аст.
Имомуддин Лоиқов дар ҷараёни воқеаҳои Инқилобии Ҷумҳурии Афғонистон солҳои 1979-1980 бевосита ширкат дошта, шуҷоату мардонаӣй зоҳир намудааст. Барои ин фаъолияти намунавӣ ӯ бо чандин медалу ифтихорномаҳои роҳбарияти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Афғонистон мукофотонида шуда буд. Полковник Имомуддин Лоиқов барои хизмати тӯлониву намунавӣ бо ҳафт медалу даҳҳо ифтихорномаи сатҳи олии умумиитифоқию ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуда, соҳиби тӯҳфаҳои зиёди хотиравии қимматнок ва мукофотҳои пулӣ гашгааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед