Азизбек Назрибеков

  Полковник  Азизбек Назрибеков соли 1945 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Аз соли 1967 хизмати касбии ӯ дар шӯъбаи корҳои дохилӣ оғоз ёфтааст. Соли 1975 баъди анҷоми таҳсил дар мактаби олии касбӣ – ВКД ИҶШС ба ҳайси сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон, сипас Ванҷ кору фаъолият намуд. Ҳамчунин дар вазифаи ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ленин адои хизмат дошт.  Полковник Азизбек Назрибеков дар ҳамаи ин вазифаҳои масъул худро ҳамчун шахси кордону шуҷоъ, ва хоксору ҳалим нишон додааст. Ӯ аз ноҳия яке аз аввалинҳое мебошад, ки дар Академияи ВКД ИҶШС таҳсил намудааст. Хизмати намунавиаш бо чандин медалу ифтихорномаҳои қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.