Туйғун Гулов

  Туйғун Гулов соли 1950 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқони миёнаҳол ба дунё омадааст. Соли 1973 Шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1973-1975 дар шаҳри Руставии Гурҷистон ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ хизмат намуд. Аз соли 1975 то 1976 муҳаррири сарредаксияи Садои (радио) тоҷик барои мамолики хориҷӣ ва аз сентябри 1976 то сентябри 1994 дар Вазорати бехатарии ҶТ кор ва хизмат мекунад.
  Солҳои 1995-1996 корманди калони илмии Маркази тадқиқотӣ-стратегй дар назди Президент, 1996-2001 хизматчии оперативии полиси андози Комитети андози назди Ҳукумати ҶТ ва аз феврали соли 2001 инҷониб сармуҳаррир, мудири шӯъбаи кадрҳо ва мудири шӯъбаи коргузории телевизиони ғайридавлатии “Сомониён” шуда машғули фаъолият мебошад.  
  Т.Гулов дар соли 1976 баъд аз хатм кардани мактаби такмили ҳайати оперативии органҳои амният дар ш.Москва ба вазифаи кормамди калони оперативӣ дар ноҳияи Шаҳритус таъин мегардад. Июли 1979 дар ҳайати гурӯҳи махсуси “Зенит”-и кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) ИҶШС ба Афғонистон фиристода шуд. Баъд аз иштирок дар амалиёти 27 декабри соли 1979, ки дар натиҷааш Бабрак Кармал ба мансаби Президентии Ҷумҳурии демократии Афғонистон соҳиб гашт, бо Фармони Раиси Шӯрои Олии ИҶШС аз 28 апрели 1980 Т.Гулов (Громов) бо ордени “Ситораи Сурх” мукофотонида шуд. Дар тӯли 9 соли иҷрои вазифа дар ҳайати гурӯҳҳои махсуси КБД ИҶШС “Зенит”, “Каскад”, “Вимпел”, “Омега” ва мушовир будан (1984-1988) дар ҶДА Т.Гулов бо 2 орден ва 7 мсдш! ва Грамотаи қувваҳои ҳавой мукофо-тонида шудааст. Ӯ дар давоми 11 соли хизмат дар органҳои бехатарӣ (1976-1987) аз рутбаи лейтенантӣ то полковники КБД расид ва дар синни 44-солагӣ ба истеъфо рафт (1994).  
  Т.Гулов курсҳои махсуси истихборотӣ-диверсионӣ (1975), мактаби олии КБД ИҶШС (разведка, 1984)-ро дар ш.Москва ва мактаби олии КБД ИҶШС-ро оид ба ихтисоси контрразведка дар ш.Минск (1977) хатм кардааст. Муддати дар Афғонистон будан соҳаи кор ва фаъолияти Т.Гулов асосан дар вилоятҳои Кобул, Парвон, Мазори Шариф сурат гирифтааст.  
  Т.Гулов аз давраи мактабхонӣ (1967) инҷониб бо шеъру шоирӣ низ сарукор дорад. Аввалин шеъру рубоиёт, дубайтиҳо ва қитъаҳояшро дар рӯзномаҳои “Ватан” (Ванҷ) ва “Бадахшони Советӣ”, баъдтар дар рӯзномаҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон “Ба қуллаҳои дониш” чоп намудааст. Аз соли 1969 бо ҳидояти Ширин Бунёд ва маслиҳати Басир Расо эҷодиёти назмии ӯ ва тарҷумаҳояш аз шоирони араб ва ИҶШС дар рӯзномаҳои марказии “Маориф ва маданият”, “Тоҷикистони Советй”, “Комсомоли Тоҷикистон” ва ғайра нашр шуданд.
  Соли 1973 манзумаҳояш, аз ҷумла достони “Суруди ҳаёт” (оид ба барқарор шудани Ҳокимияти шӯроҳо дар Бадахшон) ва назму насри тарҷумаҳояш аз дигар забонҳо ба шакли китоб тартиб дода шуда, ба нашриёт супурда шуд, вале аз сабаби ба хизмати ҳарбӣ ва аз он ҷо ба сафари дарозмуддати хориҷӣ рафтанаш ва беэътиноии кормандони нашриёт ба шакли чопӣ ҳамчун китоби алоҳида дастрас нагардиданд. Ҳоло ӯ аъзои ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони подразделенияи таъиноти махсуси органҳои бехатарии давлатии “Вимпел”-и ш.Москва мебошад.
  Ӯ ватандӯсти воқеист, ки дар ин дубайтиаш эҳсос мешавад. То ба рагҳои бадан хун ҷорист, То маро қудрати ҳарфу сухан аст, Баҳри ман буду бувад, ҳамчу шиор, Зиндагӣ хулласи ҳубби Ватан аст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.